Воҳаи Сурхондарё бо меваҳои гуногуну хуштамъи худ машҳур мебошад. Махсусан, анори Шеробод на фақат дар ватанамон, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ харидори худро дорад.
Ба қарибӣ дар ин ноҳия, ки анорпарварӣ рушд намудааст, «Фестивали анор» баргузор гардид. Барои иштирок дар фестивали мазкур боғбонҳои воҳа дар майдони марказии ноҳия ҷамъ омаданд. Дар он навъҳои гуногуни анор ба намоиш гузошта шуданд. Баромади санъаткорон ва ҷамоаҳои фолклорӣ ба иштирокчиёни фестивал кайфияти идона бахшид.
Дар поёни чорабинӣ ғолибони номинатсияҳои «Бомазатарин шарбати анори 2024», «Беҳтарин навъи анор», «Калонтарин анори соли 2024», «Усули беҳтарини тозакунии анор» муайян гардида, аз ҷониби ташкилотҳо бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Суратгир: Ҷ. ҚӮзимуродов (ӮзА).