ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲУНАРМАНДОН

Он дар савияи баланд баргузор хоҳад шуд

Ӯзбекистон дар миқёси байналхалқӣ аз кишварҳое муаррифӣ шудааст, ки дар он ба ривоҷи ҳунармандӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Аз ин лиҳоз сол аз сол чеҳраҳои нав ба нави ҳунармандон кашф гардида, маҳсулоти онҳо дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Қарори Президент «Дар бораи ташкил намудани ҷашнвораи байналхалқии санъати халқиву амалӣ» аз 1 ноябри соли 2018 маҳз ба манзури ривоҷи ҳамин соҳа нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят дар ҷамъомади ташкилие, ки таҳти раёсати ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев дар шаҳри Қӯқанд ба вуқӯъ пайваст, маҳз диққату эътибор ба иҷрои ҳамин қарори сарвари давлат нигаронда шуд.  
– Боиси сарфарозист, ки ин фестивал маҳз дар шаҳри Қӯқанди бостонӣ  баргузор мегардад. Мо бояд онро дар сатҳи баланд гузаронем. Ногуфта намонад, ки дар доираи фестивал 10-15 сентябри соли 2019 дар мавзӯи «Истиқболи ривоҷ додани ҳунармандӣ ва санъати амалии мардумӣ» конфронси илмӣ-амалӣ низ баргузор мегардад, – гуфт ҳоким.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят интизор меравад, ки дар фестивали байналхалқии ҳунармандон аз яксаду панҷоҳ мамлакат беш аз панҷ ҳазор меҳмон ба ҳайси вакил ширкат хоҳанд кард. Ҳокими вилоят дар ин робита таъкид кардааст, ки барои ҳамин мувофиқи меъёрҳои шаҳрсозӣ  пиёда намудани корҳои ободонӣ дар хонаҳо, кӯчаҳову хиёбонҳо мувофиқи мақсад мебошад. Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин ба чароғҳои равшанкунандаи кӯчаву хиёбонҳо, рекламаҳо, дӯконҳои тиҷоратӣ, масканҳои хӯрокхӯрӣ, инфрасохтори  шаҳр низ бояд эътибори хос сурат гирад.
Дар ҷамъомад доир ба  сарфи маблағе, ки аз буҷаи маҳаллӣ ва манбаъҳои дигар барои таъмири роҳҳо, меҳмонхона, хонаву ҷой, театр, дӯконҳо ихтисос дода мешаванд, фикру ақидаҳо баён гардидаанд. Таъкид шудааст, ки дар маҷмӯъ, шаҳри Қӯқанд аз ҳар нигоҳ барои қабули меҳмонони зиёди хориҷӣ  ва тарзи хизматрасонӣ ба онҳо бояд комилан омода бошад.  
Гуфта мешавад, дар доираи тайёрӣ ба фестивали байналхалқӣ иҷрои корҳои муназзам сохтани ҳолати панҷ ноҳияи атрофи шаҳри Қӯқанд низ барномарезӣ шудаанд. Тибқи тасмими иштирокчиёни ҷамъомад даҳ ситоди корӣ таъсис ёфта, дар баргузор намудани фестивали байналхалқии Қӯқанд мақомоти соири вилоятҳои ҷумҳурӣ низ саҳми худро мегузоранд.
Рафти омодагириҳо ба фестивали санъати халқиву амалӣ моҳи июни соли 2019 натиҷагирӣ хоҳад шуд.

М. АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: