ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ ШӮҲРАТИ ҚӮҚАНДРО БАЛАНД БАРДОШТ

Шаҳри Қӯқанд масъулияти мизбонии Фестивали байналмилалии ҳунармандиро бар ӯҳда дорад.

Ҷашнвора тибқи қарори Президенти мамлакатамон “Дар бораи баргузории фестивали байналмилалии ҳунармандӣ” аз 1 ноябри соли 2018 роҳандозӣ шудааст. Он минбаъд дар ду сол як маротиба дар шаҳри Қӯқанд баргузор мегардад.
Дар доираи ин фестивал маросими мӯди «Kokand fashion» ифтитоҳ гардид, ки як ҳафта давом кард. Дар он маҷмӯаи либосҳои дизайнерҳо ва ҳунармандони дохиливу хориҷӣ намоиш дода шуданд. Ин маросимро дастаи санъаткорон бо сурудҳои худ боз ҷаззобу дилпазир гардонданд.
Баъд роҳпаймоиҳои оммавӣ оғоз гардид. Дар хиёбони назди Ӯрдаи шаҳри Қӯқанд ин роҳпаймоиҳо дар шакли хеле мутантану доманфарох баргузор гардид. Дар роҳпаймоиҳо ҳамроҳи ҳазорҳо сокини ин шаҳри бостонӣ меҳмонони фестивал иштирок карданд.
– Ин фестивал нуфуз ва эътибори шаҳри Қӯқанд, дар баробари он шаъну шуҳрати вилоят ва ҷумҳурии азизамонро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ баланд хоҳад кард. Мо ҳар як меҳмони дохиливу хориҷиро бо камоли майл истиқбол гирифтем ва барояшон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардем, – мегӯяд ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев.
Баъд дар мавзӯи «Истиқболи рушди ҳунармандӣ ва санъати амалӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. 
– Фестивал ба таври гармоникӣ анъанаҳо, ҳунар ва санъати Шарқ ва Ғарб, навовариҳои ҷавонон ва таҷрибаи касбиро дар худ комилан муҷассам менамояд. Ҳамчунин, роҳандозии намоиши ашё ва маҳсулоти ҳунармандони номии ватанӣ ва хориҷӣ, тренингҳо, мулоқотҳо мусоидат мекунанд, ки пойгоҳи илмии сифатан боло бурдани маҳсули дасти ҳунармандон нашъунамо ёбад, – гуфт дар конфронси илмию амалӣ ҷонишини Сарвазир Азиз Абдуҳақимов.
Дар рӯзҳои фестивал майдони фароху барҳаво ва сабзу хуррами Ӯрдаи Худоёрхон намуди идонаро касб намуд. Аҳли ҳунари соири вилоятҳои кишварамон ва ҳунармандони хориҷӣ дар он маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Мардуми зиёд дар баробари тамошои маҳсулоти ҳунармандӣ чизҳои дилхоҳашонро харидорӣ мекарданд. Рӯзмарра санъаткорони номии кишвар, дастаҳои ҳунарӣ ва мардумӣ-фолклорӣ тамошобинонро бо таронаву рақсҳои ҷолиб хушнуд гардонданд. 
Дар се ҷои майдони Ӯрда дорбозон барои мардум ҳунарнамоӣ карданд. Сайлҳои мардумӣ беш аз пеш доман фарох менамуд, теъдоди тамошобинон аз чаҳор тараф лаҳза ба лаҳза меафзуд ва онҳо ба растаҳо даромада, маҳсулоти ҳунармандонро тамошову харид мекарданд. Шавқу рағбати мардум аз баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ҳадду канор надошт.
– Ба далели баргузории ин фестивал шаҳри мо хеле ободу зебо гашт. Дар муддати кӯтоҳ иншоотҳои зиёде  сохта шуданд, ки ба намои шаҳрамон ҳусни тоза зам намуданд. Гузашта аз ин, боиси ифтихор аст, ки шаҳрамон ба феҳрасти «Шаҳрҳои ҳунармандии ҷаҳон» шомил гардид. Магар ин ҳодисаи оламшумул нест? Акнун дар ҳар ду сол як маротиба Қӯқанд меҳмононро ба канор мепазирад, – мегӯяд бо хурсандии том сокини ин шаҳр Юлчибек Сангинов.
Яке аз хусусиятҳои хоси фестивали байналмилалии Қӯқанд дар он буд, ки дарсҳои маҳорату истеъдод ва тренингҳо роҳандозӣ шуданд.
– Ин дарсҳои маҳорат ва тренингҳо аз ҷониби намояндагони мактабҳои кулолгарии Риштон, Ғиждувон, Ургут, Тошканд, Каттабоғ, Мадир, Самарқанд, Андиҷон, Ғурумсарой, Шаҳрисабз хеле ба таври хос гузашт. Намоиши маҳорати созандагони асбобҳои гуногуни мусиқӣ, кандакорӣ ва дар чӯб нақшоварии ҳунармандони Бухорову Самарқанд, Қӯқанду Фарғона ва Марғелон ва амсоли он бошад, аз чорабиниҳое маҳсуб ёфтанд, ки барои ман хеле писанд омаданд, – мегӯяд меҳмони амрикоӣ Лопес Керолайн Робертсон.
– Маҳорати ин ҳунармандонро тамошо карда, ба чунин хулоса омадам, ки мизони ҳунармандӣ дар Ӯзбекистони шумо хеле боло рафтааст. Бубинед, ки танҳо аз гилу чӯби холӣ чӣ чизҳои мухталифу зебо ва ҷаззоб сохтаанд. Маҷмӯаи либосҳо бошад, ақлу ҳушамонро рабудааст. Ба маҳорату истеъдоди ҳунармандони шумо қоил нашудан имконнопазир аст. Ман низ ҳунарманд ҳастам ва аз Қувайт ба шаҳри Қӯқанд омадаам. Ин ҷо шумо либосҳои гуногуни моро мебинед, ки ба фестивал дастовез овардаем. Он аз матоъҳои гуногун ва тарзи хоси арабӣ дӯхта шудаанд. Тамошои маҳсулоти ҳунармандони ӯзбекистонӣ моро  ҳайрон кард, – изҳор дошт бо ҳаяҷони хос Иброҳим Абдулқодир.
– Ман аз он хушҳолам, ки дар ин фестивал ширкат мекунам. Вақте ки маҳсули дастони Устои халқии Ӯзбекистон Қодирҷон Ҳайдаровро тамошо кардам, ба ҳайрат афтодам. Чӯбкориҳои ӯ боиси ситоишу таҳсин буданд. Беҳуда набудааст, ки номи ин устои машҳур дар кишварҳои хориҷӣ низ вирди забонҳо гаштааст, – мегӯяд шеф-муҳаррири маҷаллаи «Восток»-и Олмон Брита Мариа Волленбер.
– Бори аввал аст, ки ба кишвари шумо омадаам. Ширкат дар фестивали байналмилалии ҳунармандон ва тамошои намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ маро ба давраҳои таърихӣ ва дури кишваратон раҳнамун сохтанд. Аён аст, ки ин ҳунару истеъдоде, ки маҳсулашро дар фестивал мебинем, давраҳои зиёди таърихиро паси сар намудаанд ва ҳамчун мерос боқӣ мондаанд, вале бо рангубори тоза ва навовариҳои замонавӣ сохта шудаанд, – мегӯяд зимни суҳбат меҳмон аз Индонезия Зитта Либриани.
– Мо, як гурӯҳ ҳунармандони суғдӣ дар баробари намоиш додани маҳсулоти худ, бо маҳсули дастони аҳли ҳунари соири вилоятҳои Ӯзбекистон, ҳамчунин, ҳунармандони кишварҳои дуру наздик, ки дар фестивал мушорикат доранд,  аз наздик ошно шудем, бо ҳам табодули таҷриба кардем. Ин фестивал, бидуни иштибоҳ, такони бузурге дар тавсеаи фаъолиятҳои ҳунармандони суғдӣ низ хоҳад шуд, – мегӯяд раиси Иттиҳодияи ҳунармандони вилояти Суғди Тоҷикистон Салимабону Каримова. 
Меҳмонони фестивал аз ҷойҳои таърихии шаҳри Қӯқанд чун Боғи ҷавонон, Театри мусиқӣ-драмавӣ, Осорхонаи алломаҳои бузург, мадрасаи Норбӯтабек, масҷиди ҷомеъ, масканҳои фароғатӣ-тафреҳӣ, хиёбонҳои он боздид карданд.
Кумитаи тадорукоти фестивали байналмилалии Қӯқанд дар ширкати коршиносони маъруфи дохилӣ ва хориҷӣ номи ғолибони фестивалро муайян кард ва ба онҳо сертификат, савғоҳои пулӣ ва молӣ ҳадя намуд.  
Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд  бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси «Овози тоҷик».

ҚӮҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: