ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – МАЙДОНИ ВАСЕИ МУСОБИҚАҲО

Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Тошканд нахустин Фестивали байналмилалии таомҳои миллиро таҳти унвони “Хуш омадед, ба Бӯстонлиқ!” баргузор намуд.

Ин фестивал дар фароғатгоҳи дараи Амирсой сурат гирифт, ки дар солҳои охир ному шӯҳрати он ба чаҳор тараф паҳн шудааст ва табиати хубу гуворояш таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. 
Мизбонон меҳмонони фестивалро бо карнаю сурнай ва дафу доира бо шукӯҳи хос истиқбол гирифтанд. Интизор мерафт, ки ҳар як меҳмон баъди он, ки мазаи таомро чашида бинад, дар ниҳоят фикру назари худро ба аъзои ҳакам иброз хоҳад намуд.
Дар дегҳои хурду бузург намуди гуногуни таомҳои миллӣ пухтаву ба иштирокчиёни фестивал тақдим мегардид. Яке аз дигаре хушрангу бомаза менамуд.
– Ба ҷашнвора баробари вакилони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Тошканд, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин Русияву Белорус ва давлатҳои дигари муштаракулманофеъ ба ин ҷо даъват шуданд. Теъдоди умумии меҳмонон ҳудуди ҳазор нафар ва теъдоди умумии иштирокчиёни он аз шаш ҳазор нафар бештарро ташкил мекунад,– гуфт ноиби ҳокими вилояти Тошканд Ҷамшед Бобоҷонов, – Бархе аз ошпазҳое, ки ба ҳайси вакил аз номи ҳокимияти шаҳру ноҳияҳои худ ширкат доранд, аз зумраи ошпазҳои номии тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Онҳо борҳо дар озмунҳои қаблии гастрономӣ малакаву маҳораташонро намоиш додаанд. 
Дар ҳар ҷои майдони весеъ мизу курсиҳоро дар шакли давра гузошта буданд. Ҳар як шаҳру ноҳия рӯи мизи худро бо санбӯсаву гӯштҳои яхнӣ, анвоъи ширинӣ, меваи тару тоза ва шарбати гуногун ороста буд. 
Дар чаҳорчӯби фестивал чанд нафар ошпази варзида ба ошпазҳои ҷавон ва хоҳишмандон дарси маҳорату малака гузаштанд. 
– Ҳарчанд қариб панҷ соли умрам дар ошхонаи таомҳои миллии маркази маъмурии вилоят сипарӣ шудааст, аз ин дарси маҳорату малака хеле баҳраманд шудам. Маълум шуд, ки ин ошпазҳо зимни тайёр кардани ягон таоми миллӣ аз хӯришҳо ё худ ингридиентҳо истифода намекунанд. Истифодаи маҳсулоти табиӣ, ки дар кишвари мо намудҳои зиёди он мавҷуд аст, ҳар гуна таомро хушлаззату хушбӯй мекунад, – гуфт иштирокчии ҷавони фестивал Шерзод Муҳаммадиев.
Якчанд маркази миллӣ-фарҳангӣ суфраҳои идонаи худро ороставу намунаи либосҳои гуногуни миллиашонро барои иштирокчиён намоиш медоданд. Чунин ба назар мерасид, ки вакилони миллати қазоқ дар ин кор бештар муваффақанд. Онҳо бо бунёди хаймаи бошукӯҳ ва пешкаш намудани таомҳои миллӣ, инчунин либосҳои хушрангу хушнамуд, рақсу таронаҳои ҷаззобу дилнишин таваҷҷуҳи меҳмонони зиёдро ба худ ҷалб менамуданд.
– Дар гурӯҳи мо аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ширкат дар фестивал ҳанӯз ду моҳ қабл моро огоҳ карда буданд ва ба он хеле хуб омодагӣ гирифтем. Ҳоло дастаи фолклорӣ-этнографии мо барномаи хосеро таҳия намудааст, ки баъди мукофотонидани ғолибони озмун онро пешкаши меҳмонон хоҳем кард,– мегӯяд раҳбари дастаи қазоқӣ Ҷарқиной Ӯрмонова.
Пеширӯи саҳнаи намоиши барномаҳои консертӣ ҳамеша аз одам пур буд. Дастаҳои гуногуни ҳунарӣ сурудҳои шӯху дилписандро ба онҳо тақдим мекарданд ва рақсу бозӣ ба ҳам омехта, манзараи хубу гувороро эҷод менамуд. 
Вақте ки навбат ба натиҷагирии озмуни маҳорати ошпазҳо ва сарфароз гардонидани онҳо расид, ҳама ба атрофи ин саҳна ҷамъ шуданд. Вакилони Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ ва ҳокимияти вилояти Тошканд эълон карданд, ки гурӯҳи ҳакамон маҳорати ошпазҳоро муайян намуданд ва дар ин кор саҳми меҳмонони фестивал низ хеле калон мебошад.
Баъд аз рӯи номинатсияҳои гуногун тақдимоти мукофотҳо баргузор гардид. Намояндаи ҳар як ҳокимият рӯи саҳна баромада, зери кафкӯбиҳо соҳиби мукофот мешуд. Бо қарори ҳакамон ҳокимияти ноҳияи Бӯстонлиқ – мизбони асосӣ мукофоти асосии озмунро аз рӯи номинатсияи “Таоми беҳтарин” ба даст даровард. Инчунин, вакилони чанд ҳокимияти дигар аз рӯи як қатор номинатсияҳо ба гирифтани мукофотҳои рағбатноксозӣ сарфароз гардиданд.  
Ходимони вазоратҳои дифоъ, корҳои дохилӣ ва тандурустӣ дар ташкили фестивал, таъмини фазои амну субот ва бидуни ягон ҳодисаи ғайритабиӣ гузаштани он аз наздик саҳми худро гузоштанд. 
Дарвоқеъ, ғайр аз он ки ровидухтаре як маротиба ба забони тоҷикӣ доир ба баргузории ин фестивал чанд сухан радду бадал намуд ва дар қатори суруду таронаҳои дигар чанд суруди тоҷикӣ тақдим гардид, дар фестивал суфраи таомҳои хоси тоҷикӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба назар нанамуд.    

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: