ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ НАВОБОД

Бо номи «Бӯстонлиқ хонаи умумии мо» дар деҳаи Навобод ҳокимияти ноҳияи Бӯстонлиқ ва шуъбаи маданияти он фестивале ташкил намуданд, ки он ба урфу одат, таому либоси милливу ҳунари мардуми тоҷики ин минтақа бахшида шуд.

Мардуми тоҷик дар ин маконҳо аз қадим истиқомат мекунад ва бинобар ин бо мурури асрҳо дар ҳунармандиву таомпазиву урфу одат хусусиятҳои хоси худро пайдо кардааст.
Дар фестивали дӯстӣ маҳз ҳамин ҷиҳатҳои ҳаёти маишиву иҷтимоии тоҷикони болооби ноҳияи Бӯстонлиқ ба намоиш гузошта шуд. Мисле ки дар чунин анҷуманҳо анъана гаштааст, меҳмонон аз ҷумлаи ҳамсояқишлоқҳои дигари тоҷикнишин меҳмони навободиҳо гардиданд ва ин ҷашн ба иди ҳақиқии ҳамаи онҳо табдил ёфт.

Шоира АКБАРОВА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: