Дар мамлакатамон ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо «Фестивали дӯстӣ» гузаронида мешавад.
Дар вилояти Намангон низ мувофиқи нақша дар сарҳадҳои ноҳияҳои Поп, Чуст, Косонсой, Янгиқӯрғон, Чортоқ, Уйчи ва Учқӯрғон чорабиниҳо баргузор мегардад.
Рӯзи аввалин дар китобхонаи вилоятии ба номи Нодирабегим бо иштироки мухбирони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд.
Дар анҷуман роҳбарон ва мутасаддиёни марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷик, қирғиз, корейс ва рус иштирок карда, дар бораи пурмазмун гузаронидани фестивал пешниҳодҳо гуфтанд.
Ҷонишини роҳбари туризми вилоят Отабек Расулов дар мавзӯи «Дар мустаҳкамкунии дӯстии халқҳо роли дипломатияи халқӣ» маъруза кард.
Аз рӯйи маърӯза роҳбари маркази миллӣ-мадании қирғиз Нодира Мирзааҳмедова, ҷонишини роҳбари агентии ахбори оммавии вилоят Шоира Тӯхтабоева, имом-хатиби шаҳри Намангон Абдуллохон Саматов фикрҳои худро баён карданд.
Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша дар сарҳадҳо мобайни миллатҳои гуногун чорабиниҳо гузаронида, намоишҳои миллӣ ва барномаҳои маданиву маънавӣ ташкил карда мешавад.
Аз тарафи иштироккунандагон таклиф шуд, ки дар вилоят аҳолие, ки ба миллатҳои бошқирд ва мадзаг мансубанд, зиндагӣ мекунанд, ба ин чорабиниҳо ҷалб карда шаванду онҳо низ дар ин тадбирҳо бо анъана ва урфу одатҳои миллиашон иштирок кунанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон