ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОН САР ШУД

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он ба масъалаи гузаронидани фестивали ҷавонон эътибор нигаронида шуд.

Ба ҷамъомад ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев сарварӣ кард. Дар он, роҷеъ ба чорабиниҳои фестивали ҷавонон, ки 10-29 уми июн дар вилоят зери шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» баргузор мегардад, маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки барои дар савияи баланд гузарондани ин фестивал, чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ дар миқёси секторҳо, вохӯрӣ бо соҳибкорони ҷавоне, ки бомуваффақият фаъолият пеш мебаранд, бозиҳои зеҳнӣ, лоиҳаҳои ҳарбӣ-­ватанпарварӣ, гала-консерт бо иштироки санъаткорони маъруф, саёҳати фарзандони оилаҳои камбизоат, ярмаркаи меҳнат барои ҷавонон ва ғайра гузаронда мешаванд.
— Фестивали имсола аз рӯйи самара аз пешинаҳо бояд фарқ кунад, — гуфт Ҳ. Тӯхтаев. — Пеш аз ҳама, ба чорабиниҳо ҷавононеро бештар бояд даъват кард, ки то ҳол аз эътибор дар канор мондаанд. Дар доираи фестивал бо мақсади зиёд намудани шавқи ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва тарғиби китобхонӣ лоиҳаҳоро, аз қабили «Фарзандони ибратнок», «Мутолиа», «Устод» бояд ташкил кард. Инчунин, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои вилоят ташкил намудани вохӯриҳо бо варзишгарон, сиёсатмадорон, олимон, шоир ва нависандагон мувофиқи мақсад аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: