Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Қува барои тарғиб намудани мутолиаи китоб ва ҷалби бештари ҷавонони маҳаллӣ ба ин раванд фестивали китоб баргузор гардид.
Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Қува барои тарғиб намудани мутолиаи китоб ва ҷалби бештари ҷавонони маҳаллӣ ба ин раванд фестивали китоб баргузор гардид. Ин фестивал дар маҷмуаи Аҳмад Фарғонӣ ба вуқӯъ пайваст.
– Ҷашнвораи китоб дар доираи панҷ ташаббуси сарвари мамлакат Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардид. Яке аз ҳадафҳои асосӣ аз баргузор намудани чорабинии мазкур ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаи мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, муассисаҳои таълими томактабӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ бо роҳи ташкил намудани аксияҳо мебошад. Дар байни мардуми мо шахсони саховатманд ва дӯстдорони китоб зиёданд. Онҳо қаблан низ ба як қатор китобхонаҳо даста-даста китобҳои бадеиву оммавӣ-ахлоқӣ ҳадя кардаанд, ки дар нашриётҳои гуногуни кишварамон ба табъ расидаанд. Ин анъанаи нек имрӯз низ идома дорад, – гуфт ноиби ҳокими вилоят Файзулло Қосимов.
Вай афзуд, ки то ин замон дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз ҳазор маскани зиё арзи вуҷуд намудааст. Дар ин масканҳо дӯконҳои китобфурӯшӣ низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки барои афзоиш ёфтани сафи китобхонон мусоидат менамоянд.
Дар фестивали китоб маросими муаррифии китобҳои нодир, викторинаҳои гуногун, савдои китоб, “Корвони китоб” ва амсоли он ташкил гардид. Аз ҷумла, корвони китоб деҳаҳои дурдасти ноҳияи Қуваро давр зада баромад ва барои тарғибу ташвиқи маърифат саҳми арзанда гузошт.
Гуфта шуд, ки баргузор намудани намоиши китобҳо низ барои бештар шукӯҳ пайдо кардани фестивали китоб ва дар савияи баланд ташкил кардани он нақши муҳим бозид. Садҳо нафар ҷавонон дар доираи ин фестивал барои дастҷамъона тарғиб намудани китобу китобхонӣ бо ҳамдигар тавофуқ карданд.
Дар доираи ҷашнвора ярмаркаҳои китоб ташкил карда шуд ва бо маблағи 100 миллион сӯмина китобҳо харидорӣ шуда, ба муассисаҳову корхонаҳо тақдим гардид.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.