Фестивали мақом дар Бухоро

Маълум аст, ки Бухоро ватани дурдонаи маънавии Шарқ «Шашмақом» мебошад.

Маълум аст, ки Бухоро ватани дурдонаи маънавии Шарқ «Шашмақом» мебошад. Ҳарчанд, ки пайдоиши мақом таърихи бисёрасрина дорад, вай дар нимаи якуми асри ХVIII дар аморати Бухоро ҳамчун «Шашмақом» ташаккул ёфта, он бо услуби анъанавии «устоду шогирд» то замони мо омада расидааст. 
«Шашмақом» соли 2003 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии мадании умумиинсонӣ ба қайд гирифта шуда, солҳои охир бо шарофати сарвари давлат баҳри рушдёбӣ ва дастраси мардум гардондани он дар ҷумҳурии мо низ чорабиниҳои пай дар пай ба амал меоянд.
Бо ташаббуси ҳокими вилоят дар Бухоро оғоз ёфтани фестивали мақом таҳти унвони «Гавҳари Бухоро» низ бобати дар вилоят тарғибёбӣ ва оммавӣ гардондани ин санъати бебаҳои аҷдодӣ хидмат мекунад.10 феврали соли ҷорӣ дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 1-уми шаҳри Бухоро сардори садорати маданияти вилоят Й. Генҷаев ба ин тадбир ибтидо гузошт. Дар рӯзи аввали фестивал ҷамоаҳои худфаъоли назди шуъбаҳои маданияти шаҳри Бухоро ва ноҳияи Пешкӯ ҳунарнамоӣ карданд. Ба баромади онҳо ва иштироккунандагони минбаъда – ҷамоаҳои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби ҳайати доварон, ки намояндагони фарҳангу устодони санъат мебошанд, баҳо гузошта мешавад. Тадбир нишон медиҳад, ки ҷамоаҳо ба фестивал тайёрии пухта дидаанд ва он, бешубҳа, баҳри пайдо кардани соҳибистеъдодҳои нави вилоят низ аҳамияти ҷудогона дорад. Дар поёни фестивал ғолибон бо туҳфаҳои муносиби ҳокими вилоят сарфароз гардонда мешаванд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: