Фестивали пенчак-силат

Дар Тошканд фестивали байналхалқӣ бахшида ба намуди варзишии пенчак-силат баргузор гардид, ки дар доираи он анҷумани сеюми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ба амал омад.

Пенчак-силат яке аз намудҳои варзише мебошад, ки дар солҳои охир дар ҷумҳуриҳои минтақа низ оммавӣ мегардад.
Тавре ки роҳбари Федератсияи пенчак-силати Ӯзбекистон Азиз Ҷӯрабоев мегӯяд, ҳоло дар Ӯзбекистон беш аз чор ҳазор нафар бо ин намуди варзиш машғул аст. Ва бинобар гуфтаҳои ӯ, дар даҳ вилоят шуъбаҳои пенчак-силат фаъолият дорад.
Моҳи июли соли ҷорӣ дар яке аз мамлакатҳои бунёдгузори Ассотсиатсияи байналхалқии пенчак-силат – Малайзия чемпионати ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар он иштироки намояндагони беш аз 70 мамлакати ҷаҳон дар назар дошта шудааст.
Дар минтақаи мо ҳоло се бор чемпионат аз рӯи пенчак-силат баргузор шудааст. Дар ҷумҳуриҳои минтақа ба андозаҳои гуногун он оммавӣ мегардад.
– Дар ҷумҳурии мо низ пенчак-силат чанд сол аст, ки оммавият пайдо менамояд, – мегӯяд намояндаи федератсияи пенчак-силати шаҳри Душанбе Матлуба Каримова. – Дар ҷумҳурии мо хусусан ба намудҳои варзиши якҳарбаи сабук, ки ба танаи инсон зарбаи сахт намерасонад, эътибор зиёд аст.
Тавре ки ноиб-президенти федератсияи пенчак-силати Малайзия Мегат Зулқарнайн мегӯяд, бунёдгузорони Федератсияи байналхалқии ин намуди варзиш Малайзия, Индонезия, Бруней ва Сингапур мебошанд. Ҳоло барои боз ҳам оммавӣ намудани ин намуди варзиш дар ҷаҳон корҳои зиёд пеш бурда мешавад.
Дар фестивали Тошканд меҳмонон ғайр аз минтақаи Осиёи Марказӣ – Русия, Малайзия, Туркия, Индонезия низ ширкат намуданд. 

Т.МИРҲАЁЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: