ФЕСТИВАЛИ «ШАШМАҚОМ»-И ҶАВОНОН

Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои ташкил кардан ва гузаронидани фестивали ҷумҳуриявии иҷрокунандагони ҷавони «Шашмақом» дар вилояти Бухоро қабул гардида буд.

 Бинобар ин қарор аз соли ҷорӣ сар карда дар ҳар ду сол моҳи май дар Бухоро ин тадбир баргузор мешавад.
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро маросими кушодашавии ин чорабинӣ ба амал омад. Ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба сухан баромада, аҳамияти ин тадбирро бобати тарғиб ва оммавӣ гардондани шоҳасари классикии мусиқавиамон алоҳида таъкид намуд. Сардиректори Маркази мақоми миллии Ӯзбекистон Соҳибҷон Бегматов оиди мақсад ва вазифаҳои фестивал изҳори ақида кард.
Дар толор танин андохтани силсилаи сурудҳо аз мақом аз қабили «Мустаҳзод», «Мустаҳзоди қашқарчаи наво», «Ушшоқи Самарқанд», «Ироқи Тошканд», «Ушшоқи қадим», «Эшбой», «Уфари Муҳайяр» дар иҷрои Қаҳрамони Ӯзбекистон Муноҷот Йӯлчиева, Артисти халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева, Артисти шоистаи Ӯзбекистон Гулбаҳор Эрқулова, сарояндагон Бобур Кенҷаев, Абдураҳмон Раҳмонов, Ниҳола Асадова, Фирӯз Авезов, Санавбар Файзуллоева инчунин омӯзгорону шогирдони мактаб-интернати ихтисосонидашудаи мақоми Бухоро ба номи А.Фитрат шукӯҳи тадбирро афзуд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: