ФИДОИЕ БУД АЗ ЭҲТИРОМ

Рости гап, дар даврони мо бонувоне низ ҳастанд, ки аз мардон кам нестанд.

Дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт паҳлу ба паҳлуи мардон истода кору фаъолият доранд. Аз ҳама муҳимаш, ин турфа бонувон маҳз бо самимият, хислатҳои ҳамида, одаму одамгариашон аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд. Хушбахтона, кору фаъолият, ташаббускорӣ ва меҳнатдӯстии ин гуна бонувон аз тарафи ҳукумат низ қадр гардонида мешавад, ки воқеан ҳам арзанда мебошанд. 
Раҳима Кенҷақулова. Ин бонуи дидадарову корчаллон ва ташаббускорро дар маҳаллаи Эҳтиром ва Боғи ободи ноҳияи Сариосиё ба хубӣ мешинохтанд. Номбурда дорои одобу ахлоқи беназир буда, аз он рӯзе, ки ба маҳаллаи Эҳтиром арӯс шуда омада буд, аз хислатҳои неку самимияш дигар бонувони маҳалла низ ибрат мегирифтанд. 
Аслан Раҳима зодаи деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун мебошад. Вай дар оилаи нонвой Эшонқул Кенҷақулов ва Тӯхтамомо ба дунё омадааст. Азбаски дар оилаи эшон, хусусан бародаронаш Ҷумъақул, Иброҳим, Абдулло ва Абдумаҷид аз паҳлавонони номдор буданду дар тамоми воҳаи Сурхон ва ҳатто берун аз он соҳиби обрӯ гашта буданд, Раҳима низ аз хурдсолӣ ба соҳаи варзиш, махсусан, ба гӯштингирӣ завқи беандоза дошт. Ниҳоят, баҳри расидан ба орзуи худ Раҳима пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Тирмиз месупорад ва худи ҳамон сол сазовори номи пуршарафи донишҷӯ мегардад. 
Ҳини донишҷӯиаш бо Ботир Розиқов ошно мегардад ва дере нагузашта хонадор мешаванд. Аз ин оилаи хушбахт ягонадухтарашон Ҷамила ва ду писар яке бо номи Бобур ва дигаре бо номи Санҷар ба дунё меоянд. Вале аз қазо писарашон Бобур дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ин дунёро падруд гуфт, ки ғаму андӯҳи фарзанд барои модар хеле гарон афтода буд.
Дарвоқеъ, Раҳима пас аз хатми донишкада фаъолияти кориашро аз мактаби рақами 7-уми ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ оғоз намуда буд. Чандин сол ба шогирдон асрори соҳаи варзиширо меомӯхт. Борҳо шогирдони ин муаллимаи меҳнатдӯст дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намунавиро ишғол намудаанд. Аз соли 2004 роҳбарии боғчаи навбунёди «Садбарг»-ро ба зиммаи худ гирифта, то вопасин дамҳояш баҳри ободиву бунёдкориҳои ин боғча хидмат намуд. Аниқтараш, заҳмат кашид, баҳри беҳтар намудани шароити наврасон. Баъдан дар озмуни ҷумҳуриявии «Боғчаи аз ҳама обод ва намунавӣ» сазовори ҷойи аввал гардид, ки ин ифтихори баланде ҳисобида мешавад. 
Дарвоқеъ, ин омӯзгор, тарбиятгари ҷонфидо арзи солҳои фаъолияташ ба унвонҳои «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон», нишони «Истиқлолият» ва чанд ифтихорномаи ҳокимияти ноҳия ва вилоят сазовор гардидааст. Бо орзуҳои нек ва ғайрати дучанд ба корҳои ободонӣ ва тармими боғча камар баст. Бо ташаббуси ӯ боғчае, ки раҳбарӣ менамуд, соли 2021 барои тармими ҳамаҷониба ба барномаи давлатӣ дароварда шуд. Вале умр вафо накард, ки ин бунёдкориро то ба охир расонад.            
Дар хотимаи ин навиштаҳо гуфтанием, ки кори неку ташаббускории ҳар як инсон ҳамеша ҷовидону барҳаёт хоҳад монд. Ин мисраъҳо маҳз барои чунин инсонҳои ҷасуру бебок ва умуман, онҳое гуфта шудааст, ки аз худ кори неку номи нек боқӣ гузоштаанд:
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

С.МУҲАММАДҶОН. 
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: