ФИДОИИ ХӮҶАДИЯК БУД

Беҳуда, зиндагиро оғоз ҳаст, анҷом нест, намегӯянд.

Беҳуда, зиндагиро оғоз ҳаст, анҷом нест, намегӯянд.
Як шаби ялдойи дай риштаи умри устод Эшқобил Норқобилов ногаҳон канда шуд. Тасодуфҳои тақдирро бинед, ки ӯ дар моҳи декабр ба дунё омада, дар ҳамин моҳ ин дунёро падруд гуфт. 
Ҷудоии ногаҳонӣ аз устод маро банди хаёлҳои парешон кард. Хотираҳои хешро дар бораи ин марди некном намедонистам чӣ сон рӯйи коғаз оварам...
Ёд дорам, бори нахуст чун қаҳрамони қиссаи “Киштии сафед”-и нависандаи номии қирғиз Чингиз Айтматов бо як ҳаяҷону хурсандӣ дар пушт сумкаи пур аз анҷомҳои дарсӣ сӯйи дабистон қадам ниҳодам. Дар нимараҳ устод Эшқобил Норқобиловро ҳамроҳи як гурӯҳ шогирдон дидам. Чун чашми устод ба ман афтид, бо як меҳру самимият “Баҳодурҷон, аллакай мактабхон шудӣ? Муборак бошад», — гӯён меҳрубонӣ кард.
Азбаски падарам дар таълимгоҳи деҳа роҳбар буданд, гоҳу ногоҳ устод ба назди он кас омада, дар бораи мушкилоти мактаб гуфтугӯ мекарданд, ман устодро аз ҳамин боис мешинохтам. Моро чанд нафар устодони таълимгоҳ дар дами даромадгоҳ пешвоз гирифта, ба синфхонае роҳбалад шуданд. Дар байни онҳо Эшқобил Норқобилов низ буд. Аз се нафар омӯзгороне, ки дар рӯ ба рӯйи мо менишастанд, марди болобаланде аз ҷо бархоста, ба муносибати аввалин бор ба даргоҳи таълим қадам ниҳоданамон табрик гуфт ва изҳор намуд, ки минбаъд муаллим Эшқобил Норқобилов ба шумо сабақ медиҳад. 
Дар синфхонаи тангу тор устод ба мо – булбулакони боғи дониш бо як ҳиссиёти томе дарс медод. Мо сабақҳои ӯро нуқта ба нуқта, ҳарф ба ҳарф азбар мекардем, ки баъдтар онҳо моро дар  чорсӯи зиндагӣ ба кор омаданд. Ҳоло ҳар гоҳе, ки ба ин синфхона ворид гардам, ҳамон давраи аввалини ба ин маърифатгоҳ омадан ва сабақҳои аввалини устод пеши назарам меоянд. 
Устод Эшқобил Норқобилов зодаи деҳаи хушбоду ҳавои Хӯҷадияк буда, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Айёми наврасӣ ва ҷавониҳои ӯ дар ҳамин деҳа гузаштааст. Аҳли оилаи онҳо мисли дигар сокинон ҳар баҳорон аз пайи ризқу рӯзӣ замин ронда, кишт мекарданд. Чун дар киштаҳо хӯшаҳо сархам мешуданд, хурсандии аҳли деҳ ҳадду канор надошт. Дар айёми дарав  ҳамроҳи мӯйсафедон дарав мекард, хирман мекӯфт. Баъзан зери лаб суруди “Майда-ё”-ро мехонд. 
Ангуштшумор буданд он замон омӯзгорони дорои маълумоти олӣ дар деҳа. Бештарин устодони  таълимгоҳ аз деҳаи Дарбанд буданд. Шогирдон пас аз хатми синфи ҳаштум аксарият ба мактаб-интернати деҳаи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқардарё рафта, таҳсилро идома медоданд. Эшқобил Норқобилов пас аз хатми мактаб-интернати деҳаи номбурда бо як гурӯҳ ҳамсабақон ба шаҳри Душанбе рафта, ба шуъбаи таълими ибтидоии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе дохил мешавад. Онро соли 1971 хатм карда, ба деҳа баргашта, зиёда аз 50-сол умри хешро ба кори таълиму тарбияи фарзандони мардуми азизи зодгоҳаш бахшидааст. Дар тӯли ин давр меҳнати садоқатмандона, меҳру муҳаббати бепоён нисбати касбу кори хеш обрӯву нуфузи ӯро дар байни аҳли ҷамоаи омӯзгорон ва шогирдон афзуданд. Шояд дар ҳаққи чунин инсонҳои фидоӣ гуфтаанд:
Кӯш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биороӣ.
Ӯ дар давраи фаъолияти омӯзгориаш баробари кори таълим барои ободии деҳа низ ташаббускориҳое зоҳир кард, ки онро сокинон то ҳанӯз фаромӯш накардаанд.
То соли 1986 дар Хӯҷадияк чароғи барқӣ набуд. Бо саъю ҳаракати Эшқобил Норқобилов ба деҳа қувваи барқ омад. Замоне бинои мактаб корношоям гашта буд. Соли 1991 бо такудавҳои ин марди фидоӣ бинои таълимгоҳ аз нав сохта шуд. Дар замони Шӯро деҳаи Хӯҷадияк ва заминҳои лалмии гирду атрофи он дар тасарруфи хоҷагии Гагарини ноҳияи Қумқӯрғон буд. Мардум барои як маълумотнома садҳо километр роҳро тай карда рӯзҳои дароз овораву сарсон мешуданд. Устодро лозим омад, ки чандин бор ба шаҳри Тошканд рафта, ба идораҳои болоӣ дар ин бобат арз кунад. Саъю ҳаракат ва кӯшишҳояш бесамар намонданд.
Бо сарварии устод 10 километр роҳи деҳаи Хӯҷадияк то дараи Дарбанд сангфарш гашт. Ғайр аз ин ду сол қабл бо ибтикори ӯ трансформатори барқтақсимкунии деҳаро иваз намуданд. Солҳои охир устод Эшқобил Норқобилов ният дошт, ки сокинони деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд. Баҳри амалӣ шудани ин кори хайр ба ҳамаи идораҳои зарурӣ сар халонд. Ниҳоят муваффақ гашт. Ин кори хайр ба нақшаи соли 2022-юм дохил гардид. Мо умед дорем, ки ин орзуи устод ҷомаи амал мепӯшад.
Оилаи омӯзгори моҳир Эшқобил Норқобилов дар деҳаи Хӯҷадияк ҳамчун хонаводаи намунавӣ маълуму машҳур аст. Писари калонии оила Қурбонназар Норқобилов директори таълимгоҳи рақами 14-ум, Бойназар Норқобилов бошад, омӯзгори фанни ҷуғрофия, духтаронаш соҳиби хонаву дар ва оилаҳои орому осоишта мебошанд.
Воқеан устод ба корафтода коромӯзу ба дилсӯхта дилсӯз буд. Саъдии бузург дар бораи чунин инсонҳои шариф фармудааст: 
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист, 
К-аз ақибаш зикри хайр зинда 
кунад номро.
То дар ин манзилу макон нафаре кору зиндагӣ мекунад, номи неки ин мард фаромӯш нахоҳад шуд.

Баҳодур ҲУСАНОВ, 
омӯзгори тоифаи олии таълимгоҳи рақами 14-уми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: