Алҳол номи шифокорон ҳамчун фидоиёни касби худ бо эҳтиром ба забон гирифта мешавад.
Алҳол номи шифокорон ҳамчун фидоиёни касби худ бо эҳтиром ба забон гирифта мешавад. Дар рӯзҳои пандемияи коронавирус, шифокорон ба савганди худ содиқ монда, барои ҳифзи тандурустии мардум заҳмат мекашанд.
Яке аз чунин шифокорони варзидаи Чуст духтури бачагон Маҳмудҷон Мадраҳимов аст, ки ӯро ҳама нағз мешиносанд ва номашро бо фахр ба забон мегиранд. Вай ба чунин эътибор ва эҳтироми умум бо меҳнати шоёнаш сазовор гаштааст.
Умр чун оби равон мегузарад, мегӯянд дар урфият. Ин ҳақ асту рост. Маҳмудҷон баъди хатми мактаби миёна солҳои 1978-1984 дар Донишкадаи педиатрии Осиёи Миёна таҳсил мегирад, соли 1984 баъди ҳатми донишкада фаъолияти меҳнатиашро дар поликлиникаи бачагонаи рақами 3-юми шаҳри Намангон оғоз мекунад. Баъди ду сол ба зодгоҳаш меояд ва дар поликлиникаи бачагонаи шаҳри Чуст ба сифати духтури бачагон фаъолияташро идома медиҳад. Аз устодонаш Сайфуллохон Болтаев ва Бойиш Мирзобеков асрори касбро беҳтар меомӯзад ва барои муолиҷаи бачаҳо истифода мебарад.
Аз соли 1992 то соли 2017 Маҳмудҷон Мадраҳимов дар поликлиникаи бачагонаи ноҳия аз вазифаи духтури оддӣ то ба дараҷаи мудири поликлиника мерасад.
– Духтурӣ касби басо бошараф ва масъулиятнок буда, ҳаёти инсон ба донишу маҳорати соҳибони ин касб вобаста аст. Як воқеа ҳеҷ аз ёдам намеравад. Дар поликлиникаи бачагонаи шаҳри Чуст кор мекардам. Ба шуъба тифли шамолхӯрдаи 8-моҳаро оварданд. Аз шуъбаи реаниматсия низ шифокорони соҳибихтисос даъват шуданд. Дили кӯдак аз тапиш монда буд, ҳамаи духтурон ноумед шуданд. Солҳои таҳсил дар донишкада устодонамон таъкид мекарданд, ки «Дили бачагон монанди тӯп аст, агар лаҳзае аз задан монад, беэътибор намонед». Машғулотҳои назариро дар амал ба кор андохтам. Нафаси сунъӣ дода, барои ба ҳаёт баргаштани кӯдак ҳамаи чораҳоро ба кор бурдам. Ниҳоят тифл ба ҳаёт баргашт. Ҳоло ӯ 30-сола аст. Ашки шодии аз чашмони модари кӯдак ҷоришударо дида, меҳрам ба касби худ боз ҳам дучанд шуд, – мегӯяд Маҳмудҷон Мадраҳимов.
Оре, чунин фидоӣ ба касби худ Маҳмудҷонро дар куҷо ва дар кадом вазифа кор накунад, ҳаргиз тарк накардааст. Вай нафақат духтури бачагон аст, балки дар ноҳия ягона кардиоревматологи соҳибихтисоси бачагон ба шумор меравад.
Ҳоло Мақсудҷон Маҳмудов, Зуннунҷон Муҳиддинов, Фозилҷон Тоҷиаҳмедов, Фахриддин Мансуров, Умеда Шораҳимова, Ойсулув Курмантоева барин даҳҳо духтурони бачагон Маҳмудҷонро устоди худ мешуморанд ва эҳтиром мекунанд.
Имрӯзҳо Маҳмудҷон Мадраҳимов вазифаи ҷонишини сардори иттиҳодияи тиббии ноҳияро дар ӯҳда дорад. Бо ташаббуси ӯ ва бо иштироки мутахассисони академияҳои тиббии Тошканд ва Андиҷон дар байни педиаторони ноҳия машғулиятҳои мактаби маҳорат баргузор гардид. Аз ин машғулот духтурони ҷавон таҷриба омӯхтанд, ки дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиашон кор хоҳад дод.
Соли 2016 бо дастгирии Маҳмудҷон Мадраҳимов дар ноҳия Маркази перенатали скрининг ба фаъолият шурӯъ кард. Вай дар ин рӯзҳои карантин бино бар пандемияи коронавирус ҳамчун узви ситоди мубориза бар зидди коронавирус барои пешгирии ин беморӣ корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро ба роҳ мондааст.
Маҳмудҷон нафақат фидоии касби худ, инчунин сарвари оилаи аҳлу тифоқ ба шумор меравад. Бо ҳамсари ҳамширааш Кароматхон Мадраҳимова 2 писар ва 2 духтарро тарбия карда ба воя мерасонанд.
Духтури соҳибихтисоси бачагон Маҳмудҷон Мадраҳимов, ки барои ҳифзи тандурустии аҳолӣ меҳнат мекунад, ба синни 60 расид, яъне ӯ ба даврони камолот ворид шуд.
Саида НАСИМХОНОВА,
вилояти Намангон.