ФИКРУ АНДЕШАИ АҲЛИ ҶОМЕА МУҲИМ АСТ

Дар Ӯзбекистон, тавассути дигаргуниҳои демократӣ, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи таълим, пай афкандани пойдевори давраи эҳёи нав — Эҳёи сеюм ба мақсади асосӣ табдил ёфтааст.

Дар Ӯзбекистон, тавассути дигаргуниҳои демократӣ, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи таълим, пай афкандани пойдевори давраи эҳёи нав — Эҳёи сеюм ба мақсади асосӣ табдил ёфтааст. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд ҳам давлат ва ҳам ҷамъият дастгиру мададгори омӯзгорон бошад.
Мо, қабл аз ҳама, бояд мазмуну моҳияти Эҳёро амиқ дарк намоем. Хоссатан, омӯзгор — педагогҳои мо бояд ҳис кунанд, ки барои ворид намудани насли наврас бо давраи тараққиёти нав, дар назди онҳо кадом вазифаҳо истодаанд.
Лоиҳаи фармони Президент доир ба рушди соҳаи таълиму тарбия ва илму фан омода аст, ҳоло онро аҳли ҷомеа мавриди муҳокима қарор додаанд.
Муболиға намешавад агар бигӯем, ки Президент, бори дигар бобати рӯшоду ошкоро, бино ба салоҳдиди халқ, қабул кардани қарор ба ҳамаи мо намунаи ибрат мегардад. Дар ин қарор ба назари эътибор гирифтани фикру андешаҳои устодони фидоӣ, падару модарон ва депутатҳо ба афзун гардидани аҳамияти иҷтимоии ҳуҷҷат мусоидат менамояд.
Ҳоло дар иҷлосияи шӯроҳои маҳаллии маҳалҳо низ доир ба ин масъала ҷараёни қабули пешниҳодҳо оғоз ёфтааст. Инро бояд, дар роҳи ба рӯйи об баровардани орзуҳои чандасраи омӯзгорон, ба сифати як имконият қабул кард.
Дар лоиҳаи фармон як қатор масъалаҳои муҳим дар назар дошта шудаанд. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки мактабҳои коэффитсенти навбатдориашон пасти шаҳрҳои Тошканду Нуқус ва маркази вилоятҳо, ба тариқи таҷрибаю озмоиш, ба муддати 5 сол ба вакилони сектори хусусӣ дода мешавад, ба педагогҳое, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннӣ ғолибиятро (медали тилло, нуқра, биринҷӣ гирифтаанд) ба даст даровардаанд, бевосита тоифаи малакаи олӣ дода хоҳад шуд, пардохти ҳаққи меҳнат барои роҳбарии синф (гурӯҳ) ба омӯзгорони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ шурӯъ аз 1 ноябри соли 2020 1,5 баробар зиёд карда мешавад, аз 1 апрели соли 2021 миқдори музди меҳнати методистони шуъбаҳои таълими  халқи ҳудудӣ бо миқдори  ставкаи тарифи пойгоҳии омӯзгорони тоифаи олӣ баробар карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки нишондиҳандаи миёнаи баҳоҳои 6 моҳи охири таълими маҷбурии 11-сола ба шаҳодатнома (замимаи диплом)-и хатмкунандагони коллеҷу литсейҳо дароварда мешаванд ва ин нишондиҳанда дар имтиҳонҳои дохилшавии МТО (муассисаҳои таълими олӣ) ба назар гирифта хоҳад шуд, шурӯъ аз 1 январи соли 2021 директорони мактаб бино ба салоҳдиди Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия (шаҳр)-и дахлдор ба вазифа таъин карда мешаванд, нисбати онҳо ҷазои интизомӣ дода мешавад ва бо назардошти ташаббуси корфармо аз вазифа озод карда хоҳанд шуд.
Дар лоиҳаи фармон навгонӣ ва тағйироте, ки ба баланд бардоштани эҳтироми омӯзгорон ва фидоиёни илму фан дар ҷамъият иртибот доранд, пешбинӣ шудааст.
Бино ба таҷрибае, ки дар соҳаҳои гуногуни таълим андӯхтаам, чанд таклифамро ба лоиҳаи фармон пешниҳод намудам. Фикр мекунам, бо назардошти имкониятҳо пешниҳодҳоям пазируфта мешаванд.
Устодони муҳтарам, падару модарони азиз, мо фарзандони устодони соҳибтаҷриба ҳастем. Хоҳиш мекунам: таклифу мулоҳизаҳоятонро ба лоиҳаи ҳуҷҷате, ки дар муайян намудани ояндаи ҷамъият нақши муҳим дорад, пешниҳод намоед.

Шоиста ТУРҒУНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: