ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРҒУН ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

Ба қарибӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таъсиси филиали он дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон доир гардид.

Зимни чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати  Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ тибқи шартномаи тарафайн бо ҳокимияти ноҳияи Сариосиё  аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиё таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз  Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд. Фаъолияти филиал дар шаҳраки Шарғун соли 1998 қатъ гардидааст. 
Айни ҳол, бо ташаббусҳои созандаи президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибати дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст. 
Дар рафти ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо розигии худро ҷиҳати таъсиси филиали донишгоҳ иброз доштанд. 
Бояд гуфт, ки таъсиси филиали донишгоҳ дар Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти мамлакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд. Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад. 

Бахтовар
 САФАРОВ,
Ҷумҳурии 
ТОҶИКИСТОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: