ФИЛМ ДАР БОРАИ ХАЛҚИ ӮЗБЕК

Чанде қабл тавассути шабакаи телевизионии Полша – TVP Info филми мустанади «Полша ва Ӯзбекистон: таърихи умумӣ» намоиш дода шуд.

Сужети асосии асар иборат аз саҳифаҳои таъсирбахши таърихи муштаракеянд, ки ба қаробати Ӯзбекистону Полша мусоидат менамоянд. Филм ба хотираи генерали лашкари Полша – Владислав Андерс, ки бо 60 ҳазор нафар сарбоз ва оилаи онҳо солҳои 1942–1943 дар шаҳрҳои Ӯзбекистон (вилояти Қашқадарё) истиқомат кардаанд, бахшида шудааст. Имрӯз дар 17 ноҳияи Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Қаршӣ, Шаҳрисабз, Китоб, Бешкент, Чироқчӣ, Ғузор ва Галабулоқ беш аз се ҳазор полякҳо ба хоби абадӣ рафтаанд.
Филм аз ҷониби  сармутахассиси  бахши барномаҳои фарҳангии TVP Полша А. Левинский ба навор гирифта шудааст, ки таърихи барқароршавии лашкари Андерс, ба Ӯзбекистон, сипас ба Эрону Италия интиқол додани онро дар бар мегирад.
Дар филм ба ӯзбекистониён, ки дар солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ даҳҳо ҳазор нафар сарбози лашкари генерал Андерсро гарм пазируфтаанд ва аз он ки қабри марҳумони поляк дар мадди назару этибор аст, арзи сипос карда мешавад. Ҳамчунин  барои он ки хотираи сарбозони поляк пос дошта мешавад, ба роҳбарияти кишвар миннатдории махсус баён гардидааст.
Муколамаи сокинони вилояти Қашқадарё– шоҳидони он рӯзҳо ба ҷолибияти филм афзудааст. Бино ба суханони онҳо ӯзбекону полякҳоро як мақсад – мубориза алайҳи фашизм муттаҳид сохтааст.
Дар шарҳи худ муаллифи филм қайд менамояд, ки полякҳо низ, сарфи назар аз қисмати лашкари генерал Андерс, ба Ӯзбекистону халқи он самимият доранд. Таърих гувоҳ аст, ки даҳҳо ҳазор нафар  ӯзбекон дар майдонҳои ҷанг барои озод кардани  шаҳрҳои Полша ҳалок гардидаанд. Дар Полша низ ба қабри ҷанговарони ӯзбек эҳтиром зоҳир карда мешавад.
Ҳеҷ чиз ва ҳеч кас фаромӯш нашудааст. Тавре ки мебинем, ин постулат, ки мероси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад, имрӯз низ нерӯву аҳамияти худро гум накардааст.

ОИ «Дунё»,
ВАРШАВА.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: