Филми коргардони тоҷик соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардони ҷавон Манзаралӣ Шералӣ дар Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии «Листопад» соҳиби Диплом гардид.

Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии «Листопад» аз 1 то 8 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар озмуни асосии филмҳои ҳунарӣ иштирок ва рақобат намуд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ин филм дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» аввалин ҷоизаи миллӣ- «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро сазовор гардид.

Коргардони филм Манзаралӣ Шералӣ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки «аввалин ҷоизаи миллӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои байналмилалӣ роҳ кушод. Баъди ба даст овардани аввалин ҷоиза дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филми мо акнун соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Ин ҷоизаро барои рушди бештари синамои миллӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшем!».

Филми «Дар талоши ҳақиқат» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, ба ҳаёти рӯзноманигор бахшида шудааст.

Нахустнамоиши он 26 январи соли равон дар кинотолори «Кохи Наврӯз» доир гардида буд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: