«ФИЛМРО БОЯД АВВАЛ БАРОИ ХУД ВА АТРОФИЁН ОФАРИД»

Дар чаҳорчӯби Фестивали XIII байналмилалии синамои Тошканд бо иштироки чеҳраҳои саршиноси кинематографияи кишварҳои иштирокчии он суҳбату мулоқотҳо сурат гирифтанд.

Дар чаҳорчӯби Фестивали XIII байналмилалии синамои Тошканд бо иштироки чеҳраҳои саршиноси кинематографияи кишварҳои иштирокчии он суҳбату мулоқотҳо сурат гирифтанд. Дар яке аз чунин мулоқотҳо коргардони машҳури синамои  Русия Никита Михалков ширкат намуд ва ба саволҳои зиёд посух дод. Дар ин мулоқот хабарнигори “Овози тоҷик” низ ҳузур дошт ва ин гузоришро таҳия намуд.
Никита Михалков қабл аз ҳама ба ин нукта ишора намуд, ки ба таърихи синамои Ӯзбекистон бетафовут нест ва ба он бо назари нек менигарад. 
Ба гуфтаи ӯ дар айни ҳол ҳамаи мардум ғуломи ҳалқабаргӯши дастгоҳҳое шудаанд, ки барои сабук ва беҳтар намудани ҳаёти инсон лозиманд.
– Ин ба ҳамон маъност, ки шахс фикру зикри худро сарҷамъ намекунад. Бубинед, ҳатто ба ҷойи мо телефону айфон барин воситаҳо ҳарфҳоро мечинанд ва намегузоранд, ки худи мо он ҷумларо такмил ё тамом кунем. Масалан, вақте ки мо вожаи “салом”-ро навиштанӣ мешавем, баъди навиштани ду-се ҳарфи аввали он аллакай вожаи салом пайдо мешавад ва мо водор мешавем, ки ангуштамонро  болои он пахш кунем ва ба ҳамон тарз навиштанро идома диҳем,– мегӯяд Никита Михалков.
Ба таъкиди ин кинематографи рус ҷиҳати гирифтани иттилоъ мушкиле эҷод намешавад, вале мо аз ин иттилоъҳо ягон нерӯи тоза намегирем. Ин хеле бад аст. 
–Ман ҷонибдори он ҳастам, ки фарзандону набераҳои мо ба ин дастгоҳҳои замонавӣ чандон наздик нашаванд ва мисли мо хонанду донанд, ба ҳаёту зиндагӣ ба таври реал назар афкананд, – гуфт Никита Михалков.
– Агар аз шумо пурсам, ки синамои имрӯзи Ӯзбекистонро чӣ гуна баррасӣ мекунед, посухи шумо чӣ гуна хоҳад буд? – пурсидам аз ӯ.
– Дар Ӯзбекистон филмҳои хеле зиёд офарида мешуданд. Дар ин минтақа аввал синамо дар Ӯзбекистон пайдо шуд ва баъд ба кишварҳои дигар пахшу паҳн гардид. Аммо имрӯз намедонам, ки синамогарони Ӯзбекистон чиҳо меофаранд. Инро кушоду равшан мегӯям. Филмҳои замонавии Ӯзбекистон дар фестивалҳои мо ширкат намекунанд ва намедонам, ки чӣ рангу бӯе доранд, – гуфт Никита Михалков.
Вай боз идома дод, ки бо вуҷуди он синамо ин саноат аст ва он бояд ривоҷу равнақ ёбад. Дар акси ҳол муваффақият пайдо намекунад. Русия ва ИМА филми зиёд офаридаанд. Аммо танҳо чаҳор ё панҷтои он  шоҳкорӣ маҳсуб меёбанду бас. Филмҳои амрикоӣ беҳтар буданд, зеро тавассути техникаву дастгоҳҳои замонавӣ офарида мешуданд. 
– Ин ҷо дар бораи фестивал назари худро мегӯям. Бале, баргузории фестивал хеле хуб аст. Аммо ҳар гуна фестивал бозори филмҳост. Агар ин бозор набошад, мо дар он танҳо метавонем вақтамонро ба хушӣ гузаронем. Мо бояд талош кунем, ки он ба саноати ҳақиқӣ табдил ёбад ва маҳсулоти он харидорони худро пайдо кунад, – мегӯяд Никита Михалков.
– Оё шумо актёрони ӯзбекистониро барои иҷрои нақшҳои филми худ даъват кардаед?
– Дар филмҳое, ки ман офаридаам, чунин нақш мавҷуд набуд. Албатта, агар чунин персонаж ё қаҳрамонро ба навор бардоштанӣ шавам, ҳатман актёри ӯзбекро барои офаридани ин нақш даъват мекунам. Он гоҳ маро лозим намеояд, ки аз як гӯшаи Русия, Тюмен ё ҷойи дигар нафареро пайдо карда тавассути  грим ба ӯзбек баргардонам, – гуфт бо чеҳраи ҷиддӣ Никита Михалков.
Дар ин суҳбат вай ба ҷавононе, ки мехоҳанд дар ҷодаи кинематография кор кунанд, машварат дод, ки аввал барои худ, хонаводаи худ ва дӯстони худ филм офаранд. Агар ин филм ба онҳо писанд ояд, ҳатман тамошобинони дигар низ ин филмро бо ихлоси том мепазиранд.
Вай таъкид варзид, ки дар ҳама ҷо бояд муҳити созгори корӣ офарида шавад, дар акси ҳол кас ба муроди худ намерасад. Зеро маҳз ба фазову муҳит тамоми меҳнат ва натиҷаи кори шахс вобаста мебошад. 
Никита Михалков дар робита ба он ки оё ҳифзи муҳити зист кори умум аст ё на, чунин посух дод:
– Тоза нигоҳ доштани экология кори муҳими ҳамагон мебошад. Мутаассифона, имрӯз ба ҷойи мубориза бо он, экология ба тиҷорату пулёбӣ табдил ёфтааст. Алҳол сиёсатмадорони калон дар талоши он ҳастанд, ки корхонаҳои бузург бунёд кунанд ва бо тамғаҳои дигар мошину таҷҳизоти дигар истеҳсол намоянд. Дар чунин ҳол кас намедонад, ки чӣ гуна вокуниш нишон диҳад.
Ба наздикӣ Додгоҳи олии Ӯзбекистон бархе аз босмачиёнро сафед кард. Аз Никита Михалков пурсида шуд, ки вай дар ин робита чӣ назар дорад.
– Дарвоқеъ, ин яке аз мавзӯъҳои хеле шавқовар аст. Аҷиб аст, ки агар якеро қаҳрамон барориву дуввумиро наҳ занӣ ва душман ҳисобӣ.  Яъне ин мисли он аст, ки намедонӣ сафедҳо хубанд ё сурхҳо  ва ё баръакс. Ба ин мавзӯъ бояд тавре бархӯрд кард, ки тамоми нозукиҳои он мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шаванд. Чунин вазъият дар замони худ борҳо такрор шудааст ва онро аз рӯйи банду баст бояд тарзе ба тамошобин пешниҳод намуд, ки ба суоли изофӣ ҷой намонад, – ибрози ақида намуд Никита Михалков.
Ба суҳбати мазкур коргардони маъруфи Ӯзбекистон ва муаллифи филмҳои ҳунарии зиёд Алӣ Ҳамроев пайваст.
– Ману Никита Сергеевичро солҳои зиёд боз риштаҳои дӯстӣ мепайвандад. Давраҳоеро сипарӣ кардем, ки филмҳои ба навор бардоштаамон чанд муддат дар як гӯша мехобид. Боз замона дигар мегашту ин ё он филм ба тамошобинон манзур мегардид,– гуфт ин коргардон.
Ба гуфтаи Алӣ Ҳамроев боре шодравон Шароф Рашидов ӯро ба наздаш хонд. Маълум шуд, ки Рашидов ҳар як хатмкунандаи Институти кинематографияи умумиттифоқиро ба наздаш хонда суҳбат мекунад. Шароф Рашидов тақозо намудааст, ки Алӣ Ҳамроев ягон филми мазҳакавӣ офарад.  
– Гуфтам, ки ин кор аз дастам намеояд, зеро мавзӯъҳои ман куллан дигаранд. Аммо хоҳиши нафари аввали ҷумҳуриро ду кардан намешавад. Ҳамин тавр, филми “Ёр-ёр” ё “Зулфия, ту куҷоӣ?” пайдо шуд, – мегӯяд Алӣ Ҳамроев.
Тавре ки вай боз тавзеҳ дод, номи генерал Собир Раҳимов дубора зинда гардид, аммо номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки маҳз ифротгарони замонааш куштаанд, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. 
– Филм-сериали “Роҳҳои оташин”, ки ҳамеша аз тарафи муштариёни зиёд хеле хуб пазироӣ мегардид, ҳоло бо сабабҳои номаълум намоиш дода намешавад, — гуфт Алӣ Ҳамроев.
Аз таҳаввулоте, ки дар чаҳорчӯби фестивали синамо баргузор гардид, имзои Меморандум дар бораи ҳамкории  Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва “Тоҷикфилм”  мебошад. Бар асоси он дар бораи А.Ҷомӣ ва А.Навоӣ филми таърихӣ-бадеӣ  офарида мешавад.
Ҳодисаи дигар вохӯрӣ бо намояндагони синамои Ҳиндустон, ситораҳои дурахшони Болливуд – Митҳун Чакрабортӣ, Бомани Иранӣ, Кунал Капур, Навоб Шоҳ, Рандҳир Капур ва дигарон мебошад. Рандҳир Капур – фарзандбузурги Раҷ Капур нимпайкараи падарашро барои туҳфа ба Тошканд овардааст. Гуфта шуд, ки ин нимпайкара ба нишони ҳурмати сулолаи Капурҳо нисбати мардуми Ӯзбекистон мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: