ФИЛМҲОИ МУЛТИПЛИКАТСИОНӢ БОЯД БЕШТАР ОФАРИДА ШАВАНД

28 октябр Рӯзи байналмилалии аниматсия мебошад.

 Соли 1892 рассом ва ихтироъгари фаронсавӣ Эмил Рейно қабл аз пайдоиши синамо барои сокинони Париж дар экран суратҳои ҳаракаткунандаро намоиш додааст. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ дар саросари дунё ҳамон рӯз ба ҳайси Рӯзи байналмилалии аниматсия  ид карда мешавад.
Ба ҳамин муносибат Агентии миллии “Ӯзбеккино” конфронси байналмилалӣ баргузор намуд. Дар он   масъалаи “Омилҳое, ки барои ривоҷи аниматсия дар Ӯзбекистон монеъ шудаанд ва роҳҳои ҳалли онҳо”  мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар конфронс мутахассисон, коршиносон ва намояндагони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карданд.
– Чунин конфронс дар кишварамон бори нахуст баргузор мегардад. Мо бояд муайян кунем, ки соҳаи офариниши филмҳои мултипликатсионӣ аз чӣ бурду бохтҳо бархурдор мебошад. Ҳамчунин, моро лозим аст, ки барои ривоҷи ин соҳа иҷрои кадом вазифаҳои муҳимро аввал кори худ қарор диҳем, – гуфт дар конфронс директори генералии Агентии миллии “Ӯзбеккино”   Фирдавс Абдухолиқов.
 Гуфта шуд, ки  офаридани филмҳои мултипликатсионӣ бояд ба дараҷаи собиқааш барқарор карда шавад. Ин кор метавонад бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин тартиб додани «харитаи роҳ» амалӣ гардад.
 Дар конфронс тақозо гардид, ки зимни баёни  маърӯза, музокира ва муҳокимаҳо танҳо аз равзанаи ошкорбаёнӣ ва ҳарфҳои кушоду рӯшан кор гирифта шавад, зеро ин соҳа бояд рушд кунад.
– Ӯзбекистон солҳои салтанати шӯравӣ аз рӯйи офаридани филмҳои мултипликатсионӣ дар мамлакат ҷойи сеюмро ишғол мекард ва филмҳои мултипликатсионии мо аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа хеле қавӣ эътироф мешуданд. Аммо солҳои навадум ба далели набудани маблағи кофӣ аксарияти мутахассисонамон пароканда шуданд. “Студияи филмҳои мултипликатсионӣ” дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифт. Ривоҷи аниматсия фазои суботи иқтисодӣ ва иҷтимоиро мехоҳад. Аммо ҳамин фазо чанд муддат моро тарк карда буд, – ёдовар шуд директори ин студия Дмитрий Власов.
Ба гуфтаи ӯ  технологияҳо иваз шуданд ва ин ивазшавиҳо, то замоне ки сару калоба дубора ёфт шуд, аксариятро дасту по гум кунонд. Зеро рассомон наметавонистанд ба истифодаи техникаи нав одат кунанд. Гузашта аз ин, тайёр кардани кадрҳои соҳаи аниматсия  ба таври бояду шояд набуд. 
Тавре ки гуфта шуд, дар миёни донишгоҳҳо ва студияҳои аниматсионии давлативу хусусӣ ҳамоҳангӣ мавҷуд нест. Зеро санъати мултипликатсия ҷараёнест, ки танҳо бо додани маълумоти назариявӣ кор дар он ба анҷом намерасад. Кадрҳои оянда бояд дар студияҳои аниматсионӣ амалиёт гузаронанд. Дар ин росто ба ҷалби мутахассисони хориҷӣ низ эҳтиёҷи калон эҳсос мешавад.
Мултипликатсия барои тарбияи маънавии наслҳои наврас нақши муассир дорад. Онро метавон ба як аслиҳаи нерӯманд ташбеҳ дод, ки аз мадди назар дур мондааст. 
Магистранти Донишгоҳи давлатии санъат ва маданияти Тошканд Камола Саъдуллоева гуфт, ки дар ин донишгоҳ кадрҳои омӯзгории аниматсионӣ намерасанд. Ба таъкиди ӯ лоақал дар шабакаи телевизионии “Болаҷон” мултфилмҳои худӣ ба намоиш гузошта намешаванд. 
Ба ҳақи қалами сенариянависҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Бо вуҷуди он ки муаллифон  барои он меҳнати зиёд сарф мекунанд, онро касе истифода кардан намехоҳад.      
– Дар Қазоқистон студияҳои зиёд фаъолият мекунанд ва теъдоди продюсерҳои ин соҳа низ зиёданд. Аммо ҳама кор аз маблағ вобаста мебошад. Мо низ мисли шумо дар бобати бо маблағ таъмин кардани ин студияҳо ва продюсерон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастем, – гуфт роҳбари Иттиҳодияи аниматорҳои Қазоқистон Галӣ Мирзашев.   
10 нафар мултипликатор, таҳиягар ва кормандони фаннии “Студияи филмҳои мултипликатсионӣ” бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Дар се номинатсия озмуни “Беҳтарин мултипликатор” баргузор мегардад, ки маблағи умумии он 50 миллион сӯмро ташкил медиҳад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: