ФИРДАВСӢ – ИФТИХОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

Мардуми тоҷик “дар ҳар вақту дар ҳар он” сарбаланд ва ифтихорманд бояд бошад, ки дар таърихи тамаддуни башарият бо алломаву нобиға ва шахсиятҳои нотакрори худ мавқеи сазовор дорад.

Агар халқи немис мисли Фирдавсӣ шоиру мисли «Шоҳнома» асари безавол медошт, баробари вазни хурду аз тилло ҳайкал рост мекард.
Манфред ЛОРЕНС,
забоншиноси немис.

Дар олам ягон халқ мисли тоҷикон чунин ҳамоса надорад, ки тамоми таърихи ин халқро дар бар гирифта бошад.
Гелмут РЕЙТЕР,
шарқшиноси немис.

Мардуми тоҷик “дар ҳар вақту дар ҳар он” сарбаланд ва ифтихорманд бояд бошад, ки дар таърихи тамаддуни башарият бо алломаву нобиға ва шахсиятҳои нотакрори худ  мавқеи сазовор дорад. Фирдавсӣ, Анварӣ, Румӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Ҷомиро Лоиқи зиндаёд ба Ҳафтдодарон (ситораҳо) ташбеҳ додааст:
Он ҳафт марди шоир чун Ҳафтдодаронанд,
З-онҳо чу осмони ҳафтошёна ҳастем.
Фирдавсӣ дар эҷоди достонҳои таърихию қаҳрамонӣ, Анварӣ дар навиштани қасида ва Саъдӣ дар иншои ғазалиёти рангин паямбар шинохта шуданашон низ боиси фахри мардуми мост:
Дар назм се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки “ло набию баъдӣ”
Авсофу қасидаю ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Дар ин рӯзҳои бузургдошти достонсарои яктои Аҷам Абулқосими Фирдавсӣ хостем чанд сатри парешро рӯи қоғаз оварем. Медонем, ки соли 1994 бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси дунё ҳазорсолагии шоир ҷашн гирифта шуд ва дар аксари анҷуманҳо адабиётшиносон ва муҳаққиқони номӣ Фирдавсиро ба шоир ва достонсарои Юнони қадим, муаллифи асарҳои машҳури “Илиада” ва “Одиссея” Гомер дар як поя донистаанд, ки оё аз ин волотар мақом ҳаст?
Абулқосими Фирдавсӣ зодаи деҳаи Божи ноҳияи Табарони шаҳри Тӯс аст. Падари заминдораш, ки барои фароғату хонондани фарзандон шароити кофӣ дошт, Фирдавсӣ нағз хӯрду нағз пӯшиду нағз хонд. Бар замми омӯзиши дониши амиқ аз ҳунарҳои волои хоси ҷавонмардон низ мукаммал бархурдор гашт. Дар муҳити оила бо рӯҳияи қиссаву анъанаҳои қадимаи аҷдодӣ тарбия ёфта, аллакай дар ҷавонӣ ба ҷамъоварии ин қабил қиссаҳо пардохт. Ва нахуст дар натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои худу ёварии ҳамешагии падар, хоҳиши шоҳони Сомонию маслиҳати дӯсташ Абумансур ибни Муҳаммад ба эҷоди “Шоҳнома” пардохт, ки он вақт шоир 41-сола буд. Чунон ки худи Фирдавсӣ гуфтааст, вай барои навиштани “Шоҳнома” 30 сол заҳмат кашида, тӯли ин солҳо аз амири Сомонӣ Нӯҳ бинни Мансур некиҳои зиёде дидааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам, бад-ин порсӣ.
Вақте ки Фирдавсӣ ба байтҳои охирини асари безаволаш нуқта мегузошт, синнаш ба 71 расида буд.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Кӣ аз боду борон наёбад газанд.
Дар ин байт он дороиҳое, ки аз падар вогузор шуда буд, тӯли 30 соли эҷод масраф гашта, акнун ягона умеди шоир аз “Шоҳнома” буд:
Бипайвастам ин номаи бостон,
Писандида аз дафтари ростон.
Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,
Бузургиву динору афсар диҳад.
Аммо бо тақозои тақдир сулолаи Сомониён парокандаву Султон Маҳмуд сари қудрат омад. Вай туфайли маслиҳатҳои ғаразноки вазирону надимони нотавонбинаш қадри Фирдавсию “Шоҳнома”-ро ба замин зад, ки ин боиси ранҷиши шоир ва эҷоди ҳаҷвияе гашт. Султон Маҳмуд фармон дод, ки Фирдавсиро ба зери пойи фил партоянд ва санаи муҳоҷирати шоир оғоз ёфт. 
Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки баъди мурури вақт Султон Маҳмуд аз карда пушаймон шуда, ба шоир зару зевари зиёде ирсол медорад. Вақте ки надимони шоҳ вориди Тӯс мегарданд, аз дарвозаи дигари шаҳр тобути Фирдавсиро мебароварданд. Бо маслиҳат надимон тӯҳфаро ба духтари шоир Манижабону мебаранд, аммо ӯ  қабул намекунад. Одамони шоҳ ноилоҷ ба он маблағ ҷойи дамгирие месозонанд, ки аз рӯйи нақли адабиётшиносон он кӯшки зеборо шоири тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ бо чашмони худ дидааст.
Дар хотима мо шодию нишотамонро пинҳон дошта наметавонем, чаро ки оиди як бузургмарди таърих, достонсарои яктои Аҷам, шоири кабиру хирадманд, ҳикматомӯз, ватанпарвар, инсондӯсту офаридгори “Шоҳнома”-и бемаргу безавол Абулқосими Фирдавсӣ маводе иншо месозем. Ва ҳини варақгардон намудани “Шоҳнома”-и 10 ҷилдаю достонҳои ба наср гардонидаи Сотим Улуғзода баръало ҳис намудем, ки бо таъбире “то кунун ҳеҷ шоире чунин достони оламгир ва он ҳам бо чунин суханварию балоғату фасоҳат нанигоштааст. Зеро асар ба он бузургӣ ва пур аз достонҳои дилангез, шаст ҳазор дурру гавҳари сухан далели раднопазири қудрати суханофариниши шоири шаҳир аст”. 
Ва номи мубораки Абулқосими Фирдавсӣ як умр барҳаёту тухми сухане, ки ӯ коштааст, ҷовидонист:
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Фирдавс ТОҶИДДИНОВ,
Вафодор РАҲБАРИДДИНОВ,
омӯзгорони забон ва адабиёти 
тоҷики мактаби 
рақами 7-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: