Солҳои охир дар мамлакатамон мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳолатҳое, ки ба қонуншиканиҳо алоқаманданд, самара мебахшад.
Солҳои охир дар мамлакатамон мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳолатҳое, ки ба қонуншиканиҳо алоқаманданд, самара мебахшад. Дар баробари ҳамин барои васеъ намудани доираи тафаккур ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ чораҳо андешида мешаванд. Вале чунин ба назар мерасад яке аз навъҳои паҳншудаи ҷиноят – фиребгарӣ, ба доми қаллобон афтодани шахсони соддаву зудбовар ҳамон ба назар расида, миқдори ҳолатҳои номатлуб ба ҷойи кам шудан меафзояд.
Ба ҳар яки мо аз хурдсолӣ тарбия додаанд, ки дурӯғ гуфтан ва фиреб додан – гуноҳ. Набояд ба хотири ба даст овардани пули бедардимиён одамонро фиребид, ки оқибати ин хуб нест. Бори каҷ ҳеҷ вақт ба манзил намерасад...
Аммо имрӯз зиёд мушоҳида мекунем, натанҳо шахсҳои ҷудогонаи мафкураашон вайрон, ҳатто ҷавононе, ки дар оила, мактаб ва маҳалла тарбияи хуб гирифта, ба хотири дарёби ризқ кӯча баромадаанд, аз дурӯғ гуфтан, одамонро фиреб додан ҳазар намекунанд.
Масалан, дар бозорҳо, дар назди дӯконҳое, ки ашёи сохтмон савдо мекунанд, «ман – усто», гӯён домани мизоҷҳоеро, ки манзил сохтанӣ, бо чормағзи пуч пур мекунанд. Ба ном корро сар карда, пешакӣ пул мепурсанд. Пулро мегиранд ва ғайб мезананд.
Соҳиби хонадон маҷбур аст ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.
Фиребгарон фаромӯш месозанд, ки рақами телефонашон ба соҳибхона маълум. Бо иваз кардани «симкарта» ё рақами телефон гурехта халос шудан мумкин нест. Яке аз рафиқони мо, ки мехост манзилашро таъмир кунад, ба ин гуна фиребгарон дучор омад ва ҳамроҳ ба идораи даркорӣ рафтем. Масъул рақами телефони яке аз фиребгарҳоро чид ва баъди гуфтугӯйи кӯтоҳ амр намуд: пагоҳ соати фалон расида о! Ду «усто», ки аз ду вилояти дурдаст будаанд, дар вақти таъиншуда расида омадаанд. Раҳми кас меомад ба аҳволи ин ду рангпарида...
Аз дасти баъзе «устоҳои кӯча» кор ояд ҳам ҳалол нестанд. Маводи сохтмонро пинҳонӣ аз чашми соҳибхона мефурӯшанд. «Кӣ мефаҳмад», шояд хаёл мекунанд онҳо. Иллати дигар боз он ки вақти ҳисобу китоб, яъне пардохти ҳақи меҳнат «боз ҳамин қадари дигар диҳед», гӯён талаб мекунанд кирояҳо.
Ҳайрон мешавед ва мегӯед, дар қарордод ҳамин миқдор муайян шуда буд-ку?
«Кор бештар шуд, боз ин қадар илова кунед», чун гадо мисле бахшиш мепурсанд бе рӯю риё.
Дар баробари таксиҳое, ки дар кӯчаҳои шаҳр ҳоҷати мардум мебароранд, автомобилҳои шахсӣ кирокашӣ менамоянд, ки на бар ҳамаашон боварӣ ҳаст. Баъзе кирокашҳо – ронандаҳои ҳаваскор. Ба хотири пул касеро, ки дучор омад савор мекунанд, вале чун мошин ба ҳаракат даромад, маълум мешавад, ки ронанда кӯчаҳои шаҳрро нағз намедонад. Роҳро шумо донед ва ба ронанда фаҳмонда истед-ку, хубе. Вагарна сарсонӣ ва вақтгумкуниҳо дар пеш. Дигар, мисли баъзе устоҳое, ки гуфтем, баъди ба манзил расидан «боз андак илова кунед»-гӯйиҳо ногувор ба гӯш мерасанд. Ин низ як навъ фиребгарӣ нест?
Ба сехҳои истеҳсолӣ дар ё тиреза фармоиш дода, пешакӣ пули муайяншударо медиҳед. Вале фармоиш дар вақташ тайёр намешавад. Аз занг задан ба ҷое мерасед, аммо кашолкорӣ бо баҳонаҳои гуногун давом мекунад. Мефаҳмед, ки найранг мекунанд. Ба танг омада ва чӣ кор кардани худро намедонед.
Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзмарраамон ба чашм расидани мардумфиребӣ, албатта, доғи ҷамъият. Тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ дар ин бобат гуфтугӯҳо ба миён меоянд. Ба даст афтодани қаллобҳо ва ба ҷазо кашида шудани онҳо эълон мегардад. Вале фиребгарон амалҳои номатлуби худро давом медиҳанд. Соддагӣ ва дилсофии одамони корафтода – мавриди сӯиистеъмол. Зимнан, аз рӯйдодҳои вобаста ба фиребгарӣ, ки пайваста ба омма маълум карда мешавад, корафтодаҳо, айни замон, хулосаи дуруст намебароранд. Се-чаҳор соли охир корҳои ҷиноии вобаста ба фаъолияти агентии хусусии «Ҳуман» ва «Парвандаи Аҳмадбой» мавриди муҳокимаҳои ҷиддӣ қарор гирифтанд. Кирдукори ношоистаи найрангбозҳо, ки дар ҶММ «Stavs House», «Auto Rental» ва ғайраҳо мардумфиребӣ доштанд, фош гардид. Яке аз ширкатҳои машҳур дар Қашқадарё бо саҳмияҳои сохта ба чашми наздик 2 ҳазор шаҳрванд хок пошид. Гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ наздик 9 миллион долларро ба яғмо бурд...
Ҳолатҳое низ рӯй медиҳанд, ки ба соддалавҳии шахсони ҷудогона чандон вобаста не, яъне ҳама ҳам ба ин гуна доми фиреб афтоданаш мумкин.
Назар ба хабарҳои интернет, нафаре ба яке аз бонкҳои тиҷоратӣ наздик сад ҳазор доллари худро амонат гузошт. Баъди чанд муддат вақте ба бонк рафт, гуфтанд, ки шумо пули худро пурра баргардонда гирифтаед. Мизоҷ ҳайрон: чӣ тавр?
Баъди муроҷиатҳо ба мақомоти ҳуқуқу тартибот маълум гашт собиқ ходимони бонк аз номи мизоҷ имзо гузоштаю ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр карда, амонатро ҳамчун «амонатгузошта» аз касса гирифта, ғайб задаанд.
Навъҳои нави фиребгарӣ ва азхудсозии маблағ пайдо мешаванд. Тараққиёти технологияи иттилоотию рақамӣ ба ин мусоидат месозад. Ба фиребгар ҳаваси шайтон меояд, – гуфта мешавад дар гӯяи мардумӣ. Ё худ: «Заргар агар фиребгар аст, тилло занг мебандад».
Ба мардуми ночор, хусусан беморҳои вазнин, ки сиҳат шуданашон ба маблағ вобаста, саховатмандон дасти кӯмак дароз карда, ба картаҳои пластикашон пул мегузаронанд.
Айни замон нобакорон бо фиребу найранг боварии бемору наздикони ӯро ба даст оварда ва маълумотҳои даркориро дониста, маблағро аз картаҳо медузданд.
Аз дасти ҳар кас ҳам намеояд ин кор. Танҳо нафароне, ки аз асрори технологияи иттилоотӣ – электронӣ хуб воқифанд, ин кори ба назари бисёриҳо мушкилро ӯҳда карданашон мумкин. Назар ба нақли ходими масъули Департаменти тафтишотии ВКД, капитан А. Абдуллоев, ҷиҳатҳои объективӣ ва субъективӣ дорад ин кор. Ҷабрдида бо хоҳиши худаш ва бо «ду дасти адаб» ба фиребгар медиҳад маблағи худро. Фиребгар бошад, дар ҳаракати айби худро тан нагирифтан: гӯё кӯмак кардан мехост... Мисле фаромӯш кардааст, ки ба ҷабрдидаи соддалавҳ мегуфт: «Дар ҳокимият ё вазорат одам дорам». Ба хориҷ баҳри кор мефиристам, хондан медарорам, замин ё хона гирифта медиҳам, барин ҳазору як ваъдаҳои дурӯғ. Мақсад – пулситонӣ.
Дар моддаи 168-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд шудааст, аз боварии каси дигар бо найранг истифода карда, ҳуқуқи ба мулк доштаи ӯро азхуд намудан фиребгарӣ ҳисобида мешавад. Модда аз 5 қисм иборат буда, чаҳор қисм ҷазоро вазнинкунанда ва охирин ҷазоро сабуккунанда аст. Мувофиқи қисми панҷум судшаванда ё гумонбар айби худро иқрор шуда, маблағи азхудкардаашро баргардонад, аз толори суд озод карда шуданаш мумкин.
Баробари ин ҳолатҳои вазнинкунанда низ мавҷуд, ки аз рӯйи онҳо фиребгар чун ҷинояткор аз 8 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.
Назар ба маълумотҳое, ки дар Саридораи корҳои ҷиноӣ-ҷустуҷӯии ВКД маҳфузанд, моҳҳои январ-августи соли 2019 1954 ҳолати фиребгарӣ муайян шуда бошанд, 8 моҳи соли равон ин рақам ба 3881 адад афзуд. Соли 2019 1748 фиребгар ба даст афтод, 98,2 фоиз ҷиноятҳо кушода ва айбдорон ҷазо диданд. Мутаассифона, дар ҳашт моҳи аввали соли равон ин рақам фуромад – 95,9 фоиз гиреҳҳои ҷиноятӣ кушода шуданду халос. 2151 ҷинояти қайдшудаи соли равон ба додугирифти пул, 336 фиребгарӣ бо ба хориҷ барои кор фиристода шудан, 331 найранг бо ба хондан даровардан вобаста аст. Кӣ бештар ҷиноят содир мекунад? Онҳое, ки пештар суд шудаанд (551 нафар), боз ба ин гуна амал майл мекунанд, ки ин басо ташвишангез.
463 нафар ҷинояткорон занон мебошанд, ки ин низ касро ба андеша водор менамояд.
М. ШОДИЕВ.