ФИРЕБГАР МАГАР ТАҲТИ ҲИМОЯТИ КАСЕ АСТ?

Дар яке аз нишастҳои хабарӣ кормандони Департаменти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як гурӯҳи калони фиребгарону қаллобон хабарнигоронро огоҳ карданд.

Дар ин бора “Овози тоҷик” таҳти унвони “Ба ҷазо кашида шудани ҷинояткорон муқаррар аст” мақолаеро интишор намуда буд. Ин гурӯҳ ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи хориҷии умдафурӯшии “Golden Cahs story” тааллуқ дошт. Ҷинояткорон бо ташкили пирамида пулу моли одамони зиёдро ғорат кардаанд, аммо оқибат мавриди боздошт қарор гирифтаву дар муқобили онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Дар нишасти хабарӣ инчунин қайд гардид, ки дар баъзе вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин фиребгарону қаллобон фаъолияти худро бо усулҳои гуногун давом дода, одамонро ба кӯчаи гумроҳӣ мекашанд, ба пулу амволи онҳо  чашм ало мекунанд. Мардум бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд ва кӯшиш кунанд, ки ба доми ин гуна дастаҳои ҷинояткор наафтанд.
Тибқи як муроҷиат ба “Овози тоҷик”, бошандаи ноҳияи Қува бо номи Ҳ.Т., соли таваллудаш 1983 маҳз аз роҳи фиреби дигарон рӯзгори худро пеш мебарад. Вай ҳаммаҳаллаи худ – Одилҷон Ҳоҷиматови 75-соларо ба доми худ кашида ва мошини ӯро моли худ намудааст.
– Ин ҳаммаҳаллаам рӯзе ба наздам омад ва гуфт, ки агар мошини сабукрави “Нексия”-амро ба вай иҷора диҳам, ҳар моҳ аз ҳисоби кирокашӣ ман низ соҳиби  маблағе мешавам. Ҳамзамон худаш низ рӯзгорашро аз ин ҳисоб пеш мебарад. Мошин бештари вақт дар хона бекор меистод. Аз тариқи нотариус расмӣ карда, ба вай барои иҷора ваколатнома додам, – гуфт зимни мулоқоти рӯ ба рӯ Одилҷон Ҳоҷиматов.
Вай афзуд, ки ҳар моҳ пули иҷора дар вақташ ба дасташ мерасид. Баъди чанд муддат Ҳ.Т. аз вай хоҳиш кардааст, ки “Нексия”-ро ба “Ласетти”  иваз намояд, зеро  теъдоди ками мусофирон ба чунин мошин мизоҷ мешудаанд. Агар розӣ бошад, дар ивази андак пул “Нексия” ба “Ласетти” табдил меёбад. Он гоҳ дар баробари афзоиши теъдоди мизоҷон ӯ  ва ҳам иҷорачӣ манфиатдор хоҳанд шуд. 
– Ҳамин тавр, ин хоҳиши ӯро ба ҷо овардам ва ҳаммаҳаллаам минбаъд бо мошини “Ласетти” кирокаширо давом медод, – изҳор намуд Ҳоҷиматови мӯйсафед. 
Соли 2018 Ҳ.Т. ба назди ӯ бо хоҳиши дигар пайдо шудааст. Гуфтааст, ки дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах Шералӣ Усмонов ном шахс мошини тамғаи “EPICA”-ашро ба фурӯш мондааст. Намешавад, ки “Ласетти”-ро фурӯшаду дар ивазаш ҳамин мошинро барои ӯ харида диҳад. Танҳо андак пули иловагӣ ин мушкилро аз байн хоҳад бурд.
– Ин фиребгар коре кард, ки ману аҳли оилаам аз ҳайрат гиребон газидем. Ман пули мошини марди ғаллааралиро пардохтам. Вай барои се сол “Ваколатнома” дод, ки ҳақ дорам, зимни зарурат мошини “EPICA”, рақами давлатиаш 25H502FA-ро фурӯшам. Бо ваколатномаи оддӣ Ҳ.Т. имкон пайдо намуд, ки сари ҷилави мошин нишинад,– оҳи бадард кашида гуфт Ҳоҷиматов. – Баъди чанд муддат огоҳ шудам, ки Ҳ.Т. бо роҳи фиреб мошинро ба номи худаш расмӣ кардааст.
– Чӣ тавр мешавад, ки бидуни “Ваколатнома” вай ин корро анҷом диҳад? Соҳиби мошин танҳо шуморо вакил кардааст, ки бар асоси он метавонистед онро истифода баред ё ба шахси дигар фурӯшед, – пурсидам аз Ҳоҷиматов. 
– Ҳамаи гап ҳам маҳз дар сари ҳамин. Ҳ.Т. бидуни огоҳ кардани ман рустӣ ба назди соҳиби пештараи мошин – Шералӣ Усмонови ғаллааралӣ рафтааст ва гуфтааст, ки ман ба сабаби пирӣ наметавонам аз Қува ба Ҷиззах оям, барои ҳамин худи вайро фиристодаам, ки ба номи худаш ваколатнома расмӣ кунонад. Шералӣ Усмонов низ ба вай бовар кардааст ва бидуни он ки бо ман ин корро мувофиқа кунад, ба Ҳ.Т. ваколатнома додааст. Баъд вай ба Қува баргашта, мошинро ба нафаре фурӯхтааст. Пас дубора аз вай харида, ба номи худаш расмӣ кунонидааст, – гуфт Ҳоҷиматов бо чашмони пуроб.
Ба гуфтаи мӯйсафед Ҳ.Т. ду моҳи аввал пули иҷораро оварда додааст ва баъд якбора нопадид шудааст. Ҳоҷиматов хабар ёфтааст, ки Ҳ.Т. мошине, ки вай пулашро пардохтааст, кайҳо моли худ кардааст. Баъд мошини рақами давлатиаш 40V334SA-ро ба гарав монда, аз бонк ҳудуди 40 миллион сӯм кредит гирифтааст.
– Ягон идораи ҳифзи ҳуқуқ намонд, ки сар нахалонам. Ду писарам низ ҳамроҳи ман хеле овораву сарсон шуданд. Дар ҳама идораҳо як хел гап: ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад ва ҳар вақт, ки он ба анҷом расид, аз натиҷааш шуморо гоҳ мекунем. Ин дар ҳолест, ки аз оғози ин моҷарову асабвайроншавиҳо чаҳор сол сипарӣ шуд. Касе гиреҳи ин ҳодисаро кушода наметавонад. Фиребгар машғули зиндагии худ, дар озодӣ гаштааст, – бо таассуф мегӯяд Ҳоҷиматов.
Дар номаи ҷавобии Раёсати тафтишоти назди Садорати корҳои дохилии вилояти Фарғона ва Додситонии куллии ҷумҳурӣ нисбати муроҷиатҳои О.Ҳоҷиматов чунин омадааст: “Аз рӯи ин қазия 28 феврали соли 2021 оид ба фиребгарии Ҳ.Т. парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ба далели дар таркиби он набудани ҳолатҳои ҷиноӣ ин парванда бекор шудааст. Зимни таҳқиқи дубораи қазия аз тарафи додситонии ноҳияи Қува маълум шудааст, ки баъзе ҳолатҳои он таҳқиқи такрориро тақозо менамоянд. Барои ҳамин парванда барои  бозрасӣ ба шӯъбаи тафтишоти идораи корҳои дохилии ноҳияи Қува фиристода шудааст. Додситонӣ қарори ШТ ШКД дар бораи лағви онро бекор кардааст. Дар айни ҳол таҳқиқ идома дорад ва метавонед шумо низ маълумотҳои иловагиро ба муфаттиш тақдим намоед”.  
Дар оғози гузориш аз нишасти хабарӣ ёдовар шудам. Дар ҳамон нишасти хабарӣ доир ба қазияи ба доми фиреб афканда шудани Одилҷон Ҳоҷиматов суол кардам ва пурсидам, ки чаро як шаҳрванди солхӯрда солҳои дароз адолат меҷӯяд, аммо гиреҳи ин масъала асло кушода намешавад.
Дар посух ба ин суол подполковники ДТ Маъмурҷон Раҳматуллоев гуфт, ки О.Ҳоҷиматов бояд бо ариза бевосита худаш ба қабули шахси масъули вазорат дарояд. Он гоҳ шояд қазияи мазкур зудтар ҳаллу фасл шавад.   
Ҳамроҳ бо ин корафтодаи кӯҳансол ба Департаменти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ даромадем. Ӯро муфаттиши калони ДТ ВКД Изаттулло Тоиров қабул кард. Вай гуфт, ки муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қува Ҳусниддин Аҳмадҷонов машғули таҳқиқи ин кор мебошад.
– Медонед, вай тафтишро хеле ба дарозо мекашад. Фиребгаре, ки пулу моли маро ғайриқонунӣ ғорат кардааст, маълум нест, ки чаро ҳаргиз муҷозот намешавад. Оё касе ҷиддан машғули таҳқиқи ин қазия ҳаст ё не? Муддати дароз мани пиронсол овораву сарсонам, аммо ҳеч не, ки адолат барқарор шавад, – гуфт бастаи аризаро ба Иззатулло Тоиров дароз карда Ҳоҷиматов.
Баъд аз муфаттиш пурсид, ки магар соҳиби як мошин метавонад ба чанд нафари дилхоҳ ваколатнома диҳад? Ин хилофи қонун нест?
Ҷавоби Иззатулло Тоиров маро низ ба ҳайрат овард.
– Дар ин кор ягон қонуншиканиро намебинам. Соҳиби мошин шахси комилҳуқуқ аст ва метавонад чунин ваколатномаро ба чанд одам диҳад.
– Пули мошини вайро ман пурдохтаам-ку! Чӣ хел як нафар аз роҳи фиреб ба чунин корҳо даст мезадаасту ҳамааш ба қонун рост меомадааст?
– ...
– Ин ҷо як нафари дигар бидуни ризоияти ман рафтаву мошинро ба номи худаш расмӣ кунондааст. Магар ин ҳам хилофи қонун нест?
– Агар ҳуҷҷатҳое, ки дар дасти Ҳ.Т. мавҷуд аст, барои расмӣ кардани мошин кифоят кунад, дар ин ҷо низ ягон қонуншиканӣ нест. Ҳоло вай соҳиби қонунии мошине мебошад, ки шумо ба он даъвогарӣ мекунед. Бо вуҷуди ин, як нусха аризаатонро қабул мекунам. Аз натиҷаи он баъдан шуморо огоҳ хоҳем кард, – гуфт Иззаттуло Тоиров.
Одилҷон Ҳоҷиматов бо имо ба ман фаҳмонд, ки дигар барои идома додани суҳбат ҳоҷат нест. 
– Худоро шукр, ки мошинро аз дасти ин фиребгар худам кашида гирифтам, аммо имкони ба кӯча баровардану савор шудани он мавҷуд нест. Зеро Ҳ.Т. мошинро дар бонк ба гарав монда, дар ивази он кредит ба даст овардааст. Дар сурати зарурат ҳам ману писаронам наметавонем аз ин мошин истифода кунем. Зеро нозирони роҳ дар қадами аввал онро мебаранду ба истгоҳи ҷаримавӣ месупоранд. Ана баъд боз ба ташвишҳои дигар рӯ ба рӯ мешаваму дар азият мемонам, – гуфт Ҳоҷиматов.
– Чӣ хел мошин пеши шумост? – пурсидам аз ҳайронӣ.
– Ҳамон бача хеле хуб медонад, ки барои харидани он як чаққа ҳам маблағ сарф накардааст. Чанд муддат аз мо пинҳон шуда гашт. Ҳатто ду-се моҳ ба Русия гурехта рафт. Мо мошинро гирифта овардем, то ки вай боз ягон сохтакорӣ накунаду аз мошин маро тамоман маҳрум накунад. Намедонам, ки чӣ хел марзи давлатиро гузашта бошад. Зеро одамоне, ки аз бонк қарздор ҳастанду онро напардохтаанд, марзро убур карда наметавонанд, – ташреҳ намуд ин мӯйсафед.
Ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қува рафтам. Бо сардори  он Ислом Ҳусайнов масъалаи ба дарозо кашида шудани қазияро ба миён гузоштам. Сардор гуфт, ки ман бевосита бояд бо муфаттиш гапзанон кунам. Муфаттиш Ҳусниддин Аҳмадҷонов баъди суҳбати рӯ ба рӯ ва радду бадалҳои дигар ваъда дод, ки дар ояндаи наздик аз рӯи парвандаи мазкур хулосаҳои ниҳоии худро ироа мекунад ва онро барои баррасӣ ба додгоҳ тақдим месозад. 
Одилҷон Ҳоҷиматов мегӯяд, ки то кунун вай дар бораи анҷоми таҳқиқ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтани қазия огоҳ карда нашудааст. Баро ҳамин ба Садорати корҳои дохилии вилояти Фарғона занг задам. Аз дафтари матбуоти садорат гуфтанд, ки таҳқиқот ҳанӯз идома дорад. Аммо агар Ҳоҷиматов аз раванди тафтиш норозӣ бошад, метавонад ба садорат бо аризаи такрорӣ муроҷиат кунад...
Тӯли панҷ-шаш моҳи охир аз пайгирии ин қазия ба хулосае омадам, ки дар ҷомеа баъзе муроҷиатҳо аз мадди назар дур мемонанд. Баъзеҳо зимни иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназариҳо роҳ медиҳанд. Бо вуҷуди ин, вақт нишон хоҳад дод, ки ин қазия кай ва ба фоидаи кӣ ҳал хоҳад шуд!

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: