ФИТРАТИ ВАРДОНЗЕҲӢ КӢ БУД?

Дар таърихи адабиёт эҷодкороне ҳастанд, ки зери як тахаллус қалам рондаанд.

Қозӣ Қурбонхон Фитрати Вардонзеҳии Бухорӣ, Фитрати Самарқандӣ ва Абдурауф Фитрати Бухороӣ аз ин ҷумла мебошанд. Аз байни инҳо танҳо дар бораи Фитрати Самарқандӣ маълумотҳо кам дастрас гардидааст. Касоне, ки мехоҳанд бо ҳаёт ва эҷодиёти Абдурауф Фитрат шинос шаванд, маводҳои зиёдро ба даст оварда метавонанд, ки дар ин бобат ҷадидшиносон хидмати беандозаеро анҷом додаанд. 
Фитрати Вардонзеҳии Бухорӣ дар деҳаи ҳоло зери рег мондаи Муғалони  Шофиркон, як километр дуртар аз шаҳраки Қӯрғони Вардонзе дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин деҳа пас аз истилои муғул арзи ҳастӣ намуда, то охирҳои асри XIX мавҷуд будааст. Бино бар хабари Устод Садриддин Айнӣ дар натиҷаи тӯфони регомези соли 1892 қариб 90 фоизи деҳа зери рег монда, нест шудааст. Танҳо 3 ҳавлӣ дар Сарикунда ном қисми деҳа боқӣ мондааст, ки ҳоло дутои он дар қаламрави деҳаи Маҳаллашерон ва яктоаш дар таркиби деҳаи Ҳавлинав мебошад. Суоле пайдо мешавад, ки ҳоло мардуми Муғулон куҷо шудааст?  Одамон ба мавзеъҳои нисбатан сероб, монанди Додбоғне, Қумбостӣ, Янгиобод, Ҷӯйнав, Ҳавлинав макони нав бунёд карданд. Фитрат дар ҳамин деҳаи Муғулон, охири солҳои 20-уми асри XIX таваллуд шуда, овони кудакиаш дар ҳамин ҷо гузаштааст. Дертар ба Бухорошаҳр рафта, таҳсили илм кардааст. Дар мадрасаи Мири араб муаллимӣ кардааст. Ӯ табъи шеъргӯии хуб низ доштааст, ки ба дарбори Амир Музаффар даъват шудаасту дар давраи салтанати Амир Абдулаҳад шуҳрат ёфтааст.
Дар охири солҳои 80-уми асри XIX Фитрати Вардонзеҳиро қозии мавзеи Хатирчии аморат таъин мекунанд, аммо қаҳрамони лавҳаи мо гирифтори вабо шуда, соли 1889 вафот кардааст. Азбаски обрӯю эътибораш баланд буд ва маҳбубияте, ки боиси шоириаш дар байни мардум дошт, ӯро ба хокҷои падараш – қабристони Хоҷа Шарофуддини Бухорӣ оварда, дафн кардаанд.
Аз Фитрати Вардонзеҳӣ 3 духтар – Рухсатой, Фазилат ва Шарофат монд. Фитрат ба таълиму тарбияи онҳо бо эътибори алоҳида менигарад, духтарон баробари илмҳои динӣ, илмҳои дунявиро низ аз бар менамоянд.
Нависандаи шодравон Н.Наимов навиштааст, ки Рухсатой дар ҳавлии дар қисми ғарбии Манораи Калони падарӣ умр ба сар бурдааст. Солҳои 40-уми асри гузашта аз Тоҷикистони ҳамсоя ба шаҳри Бухоро фолклоршиносон омада, аз мардум намунаҳои эҷодиёти даҳонии халқро навишта мегирифтанд. Инчунин аз Рухсатоймомо —  яке аз гӯяндаҳои мардумии Бухоро афсонаву зарбулмасалу шеърҳои халқии «Бузаки ҷингилапо», «Як буз дорам кабут аст», «Мурғакам» ва ғайраро навишта мегиранд. Момо соли 1959 вафот кардааст. Ҳоло набераю абераҳои ӯ дар шаҳрҳои Бухоро, Душанбе, Қрим ва Краснодари Русия умргузаронӣ мекунанд.
Духтари дуюми Фитрати Вардонзеҳӣ дар деҳаи Додбоғни ноҳияи Шофиркон ба амаки фолклоршиноси номии Бухоро Охунҷон Сафаров ба шавҳар баромада, модари ду духтар ва як писар шудааст. Писари Фазилатмомо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон шаҳид мешавад, ки то он вақт донишҷӯи Донишкадаи педагогии Бухоро буд. Яке аз наберагони духтарии он кас доктори илмҳои биологӣ Савриддин Бақоев мебошад, ки дар рушди илми табиатшиносиву паррандапарварӣ хидматҳои назаррас кардааст. 
Духтари сеюми қозӣ Қурбонхон Фитрати Вардонзеҳӣ — Шарофат баъди инқилоби Бухоро ба муллобачае ба шавҳар баромада, солҳои 30-юм ба Мирзочӯл кӯч мебандад. Соли 1939 барои дидорбинии пайвандон меояд ва бо ҳамин аз ӯ дигар хату хабар намешавад. Ҳоло дар дасти Муҳаммадҷон ном  набераи Рухсатой сурат ва мактубҳои бо хати лотинӣ навиштаи Шарофат маҳфуз аст, ки бо ҳамроҳии шавҳар ва писаронаш фиристода будааст. 
Рухсатоймомо, ки табъи шоирӣ дошт, баёзе тартиб додааст, ки онро Муҳаммадҷон миёни солҳои навадум ба Институти шарқшиносии Тошканд оварда месупорад, аммо ходимони донишкада баёзи Рухсатойро қабул намекунанд ва Муҳаммадҷон ин китобро дар бозори китобфурӯшии сайёри Тошканд ба нархи ночиз фурӯхта бармегардад. 
Дар солҳои пас аз инқилоб чӣ истилогарони рус ва чӣ мансабдорони маҳаллӣ фарзандони Фитрати Вардонзеҳиро чун фарзанди қозӣ таъқиб мекунанд, баъди ин оилаи онҳо аз Шаҳрисабз паноҳ меёбад.
Дар бораи эҷодиёти Фитрати Вардонзеҳии Бухорӣ мо чӣ медонем? Ҳоло дар вақти ҳаёт будани ӯ девонаш дар байни мардум машҳур гашта будааст. Тавре ки таъкид гардид, ӯ баробари дар мадраса мударрисӣ кардан ба дарбори Амир Абдулаҳад низ ҷалб карда мешавад. Инчунин ба маҳфили ғазалхонӣ сарварӣ намудааст, ки ба гуфти Садри Зиё дилбастагони санъати бадеъ дар атрофаш «тор метаниданд». Садри Зиё дар «Наводири зиё» ном асараш аз Вардонзеҳӣ дар  чаҳор маврид ёдовар шуда, аз абёташ намунаҳо меоварад. Дар ҷилди панҷуми «Гулшани адаб» низ намунаҳо аз эҷодиёти ин шоири шакарбаён оварда шудааст. Банда як тарҷеъбанди Фитратро ба забони ӯзбекӣ баргардондам, аммо байти:
«Домони туро бути суманбар,
Сар медиҳаму намедиҳам сар»-ро кӯшиш намудам, аммо наздик ба асл ба ӯзбекӣ тарҷума карда натавонстам. Вақте ки китоби «Бухорийлар бӯстони»-и зери тарҷумаи Самандар Воҳидовро  соли 1997 ба даст овардам, ҳарисона ба сатрҳои саҳифаи Фитрати Вардонзеҳӣ назар афкандам, ки ин байт ба тариқи зерин тарҷума шуда буд:
Эй бути санам тандин аюр бош,
Тутдим этагинг қилмам аюр бош.
Баъди ин дар Арабистони Саудӣ маҷмуи осори Қозӣ Қурбонхон Фитрати Вардонзеҳӣ аз нашр баромад. Инчунин рисолаи илмии доктори илми филология Юнусҷон Азимов бо номи «Фитрати Вардонзеҳӣ», « Изларингдан айланай» ном китоби ба эҷодиёти  Фитрат бахшидашудаи профессор Охунҷон Сафаров рӯи чопро дид. 
Банда низ дар китоби  ба таърихи Вардонзе бахшидаам  оиди Фитрати Вардонзеҳӣ чанд сатр сухан гуфтаам, ки соли 2014 ва такроран соли 2021 нашр шуд. Давомдиҳандагони насли шоир китоби хотиравиеро, ки «Сулола фахри» ном дорад, ба қарибӣ аз чоп бароварданд. Бо маслиҳати банда ва журналисти телевизиони давлатии Бухоро Матлуба Одинаева бо ҳамкории аждодони имрӯзаи ин шоири ширинкалом бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фитрати Вардонзеҳӣ намоише ба навор гирифта шуд, ки аҳли диёрро бо эҷодиёти ин адиб аз наздик шинос намуд.

Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони вилояти БУХОРО.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: