ФОИДА ВА ЗАРАРИ АРИФМЕТИКАИ МЕНТАЛӢ

Яке аз курсҳои омӯзишӣ, ки алҳол дар шаҳру вилоятҳоямон аз он васеъ истифода мебаранд, арифметикаи менталӣ ба шумор меравад. Баъзеҳо моҳияти ин намуди фанро донистаю надониста фарзандашонро ба ин маҳфилҳо месупоранд.

Яке аз курсҳои омӯзишӣ, ки алҳол дар шаҳру вилоятҳоямон аз он васеъ истифода мебаранд,  арифметикаи менталӣ ба шумор меравад. Баъзеҳо моҳияти ин намуди фанро донистаю надониста фарзандашонро ба ин маҳфилҳо месупоранд. Илова бар ин нархи он хеле баланд аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе падару модарон ва ҳатто омӯзгорон изҳор намудаанд, ки арифметикаи менталӣ ба бачаҳо назар ба фоида бештар зарар дорад.
– Баъзеҳо ба он ақидаанд, ки арифметикаи менталӣ майнаи бачаро ба танг оварда, ӯро хаста мекунад. Оё ҳамин тавр? – пурсидем аз омӯзгори фанни математикаи мактаби миёнаи рақами 32-юми ноҳияи Сергелӣ Шоиста ВАҲҲОБОВА.
– Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки дар давоми якчанд сония 10-то рақами духонагиро ҷамъу тарҳ карда ҷавоби дуруст баровардан ниҳоят мушкил аст. Дар асл, бача ба формулаи азхудкардаи худ такя мекунаду халос. Волидон таъкид мекунанд, ки бачае, ки чунин ҳисобу китоби мураккабро зуд иҷро мекунад, дар мактаб барои ҳалли масъалаҳои оддӣ азият мекашад. Арифметикаи менталӣ бо масъалаҳои мантиқӣ кор намекунад, он фақат ҳисобу китобро меомӯзад.
– Ба фикрам, мақсади баъзе чунин маҳфилҳо бештар пулёбӣ аст?
– Ин гап ҳам ҷон дорад. Шахсони манфиатхоҳ низ ёфт мешаванд, худи онҳо бесаводона ин гуна курсҳоро омӯхта, аз пайи даромад шудаанд. Барои зуд азхуд кардани бача ба ӯ нимкора ёд медиҳанд, дар муддати кӯтоҳ аз якхонагӣ ба духонагӣ мегузаранд, ё формуларо пурра наомӯзонда мисолҳои иловагӣ медиҳанд. Ҳол он ки мағзи сар аъзое нест, ки дар ду-се рӯз ривоҷ ёбад. Омӯзондани чунин фан аввало ба методикаи омӯзгор вобаста аст. Ба курсҳои арифметикаи менталӣ асосан бачаҳои аз 4-5-сола то 15-соларо қабул мекунанд. Ҷиҳатҳои самарабахшии фанни мазкур хеле зиёд. Ба диққатҷамъкунии хонанда кӯмак мерасонад, ҳатто бо коре банд бошад ҳам, масалан ҳангоми футболбозӣ, шашкабозӣ, хондани китоби бадеӣ ё азёд кардани шеър мисолҳои додашударо зуд ҳисоб карда ҷавоби онро мегӯяд. Арифметикаи менталӣ хотираро мустаҳкам менамояд. Маънои «ментал» «хотира» аст. Агар бача қоидаи абакусро пурра омӯзад, дар ҳалли мисолҳо мушкилӣ ба миён намеояд. Шуури бачаро рушд медиҳад, агар хонандаи оддӣ ягон мисолро дар ним сония синтез намояд, ин бачаҳо дар 0,1 сония хабарро қабул намуда, ҷавоб медиҳанд. 
– Хонандаи ин фан дар оянда дар кадом соҳа метавонад дониши азбар кардаашро ба кор барад? 
– Дуруст, алҳол ҷавонон аз компутер, калкулятор истифода мебаранд, ба ҳисобу китоби даҳонӣ эҳтиёҷ намондааст. Аммо арифметикаи менталӣ на танҳо бо мақсади омӯхтани ҳисобу китоб, балки баҳри мустаҳкам намудани хотира, шуур ва зеҳни бача хидмат мекунад. Ақл, заковат, дониш ҳамеша ҳамроҳи инсон бояд бошад. Шахсе, ки дониши пухта дорад, зудкор, бомаҳорат  аст, дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳад гардид.

Суҳбаторо С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: