ФОИДАИ НОНИ ХУШК

Вақте аз шаҳрванди куҳансолтарини турк Зора Агха сабаби дарозумрӣ ва тандурустии ӯро пурсиданд, гуфт, ки дар давоми умр аз хӯрокҳои зудпаз, сунъӣ, нони сафед ва машрубот парҳез кардааст.

Вақте аз шаҳрванди куҳансолтарини турк Зора Агха сабаби дарозумрӣ ва тандурустии ӯро пурсиданд, гуфт, ки дар давоми умр аз хӯрокҳои зудпаз, сунъӣ, нони сафед ва машрубот парҳез кардааст. Нони сиёҳи дар офтоб хушкшуда, хурмои араб, меваву сабзавот хӯрокҳои доимии ӯ будаанд.
Аз ҳама муҳимаш, ӯ ҳар рӯз тӯли 12 соат дар истгоҳи роҳи оҳан бори вазнин мекашонд. Қобилияти шунавоӣ, биноӣ ва қувваи ҷисмонии ӯ ғайритабиӣ буд. Зора хушзеҳн буд ва ақли рӯшан дошт. Ба атрофиён бо ҳазлу шӯхиҳояш хушнудӣ мебахшид. Дар синни 154 ду дандонашро гум карда буду халос, боқӣ ҳамааш мисли садаф сафед буд. Асрори сиҳҳатию дарозумрии Зора Агха дар серҳаракатӣ ва истеъмоли маҳсулоти табиию оддӣ буд. Аз ин бармеояд, ки дарозумрӣ ба хӯрокҳои қиматбаҳо вобаста набудааст.
Ҳоло хушкнонҳое, ки дар дуконҳо фурӯхта мешаванд, ҷойи нони сиёҳи қоқро намегирад.
Аз сабабе, ки дар таркиби хушкнонҳо шакар ва ҷузъи кимиёвӣ мавҷуд аст, баръакс барои организм зарароваранд. 
Бино ба маълумоти табиби Пажӯҳишгоҳи табобати халқии Ӯзбекистон Абдулазиз Саиднуриддин нони гарми аз танӯр тоза кандашуда ба қисми эмали дандон таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли чунин нон ба касоне, ки дар меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта норасоӣ доранд, манъ аст.
Нон неъмати дилбазан нест. Қобилияти фикрронии инсонро инкишоф медиҳад. 
Бузургон аз гӯшту равған парҳез карда бошанд ҳам, аз нон рӯй натофтаанд. Аммо дар ин ҷо гап дар сари чӣ гуна истеъмол кардани нон аст.
Тибби имрӯз истеъмоли нони хушк ва сахтро тавсия медиҳад. Чунин нон роҳҳои ҳазми хӯрокро аз илтиҳоб эмин медорад.
Дар нони хушк хамиртуруш боқӣ намемонад. Хамирмоя дар нони гарм бештар буда, ба меъда зарар мерасонад ва сабаби пайдоиши бемориҳои зиёд мегардад.
 Дар асл хамиртуруш ҷиҳати манфӣ надорад. Вай нонро мерасонад. Бо кӯмаки хамирмоя нон дар муддати дароз нармии худро нигоҳ медорад, ба ҳазмшавӣ кӯмак мерасонад.
 Нон ба аз ҳад зиёд лоғар шудани тана роҳ намедиҳад, хунро зиёд карда, таркиби онро тоза нигоҳ медорад. Фақат истеъмоли нони аз хамиртуруш омодашуда дар вақти гармиаш манъ асту халос.
Дар нони хушк микроэлементҳои калий, калсий, натрий, фосфор, оҳан ва карбогидратҳо мавҷуданд, ки ҷараёни ҳазмро метезонад.
Дар барқароршавии нерӯ нони сахт ёрӣ мерасонад. Агар организми инсон аз хӯрок заҳролуд гардад, нони хушк тавсия дода мешавад.
Ба ҷуз ин, нони хушк дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
Омехтаи ордаи нони хушк ва равғани ҳайвон захми фасодорро шифо мебахшад.
Касоне, ки мубталои бемории зардча шудаанд, бояд нони хушкро ба оби анор истеъмол кунанд.
Касонеро, ки дилбеҳузурӣ ранҷ медиҳад, бояд нони сахтро бо асал омехта хӯранд.
Нони хушк пеши шамолхӯрӣ ва сулфаро мегирад, вай оби шушро ба худ кашида, ба покшавии он кӯмак мерасонад.

А. СОАТОВ,
М. СОАТОВА,
дорушиносон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: