ФОИДАИ РАСТАНИҲОИ ХУДРӮЙ

Кабар як навъи растании бисёрсола мебошад ва асосан дар ҳамвориҳо мерӯяд.

Кабар як навъи растании бисёрсола мебошад ва асосан дар ҳамвориҳо мерӯяд. Меваи бодирингмонанд дорад. Баргҳояш паҳну парешон аст, гули сафедчатобу сершаҳди кабарро асосан чорвои майда ва шутур мехӯрад. Он барои чорво ғизои хуб маҳсуб меёбад. Меваи кабар давои бемориҳои ғӯрӣ ва варами бодомшакли гулӯ ҳисоб меёбад.Табибони халқӣ бо решаи он тарбод, касалии қанд, зарпарвин, нуқсиҳои ҷигарро табобат мекунанд. Азбаски кабар хосияти шифобахшӣ дорад, солҳои охир соҳибкорон ба қадоқкунии кабар пардохтанд.
Аз ҷумла, дар шаҳрчаи Хонбанди ноҳияи Фориш корхона бо номи «O’RMONCHA-CAPERS’’ аз соли 2019 инҷониб фаъолият мекунад. Дар он ҷо меваи кабарро ба зарфҳои хурд-хурд ҷо намуда, маҳсулоти тайёр бо тамғаи «Фориш ковуллари» ё худ «Золотой Восток» ба хориҷа мефиристанд. Соли 2019 ба Туркия, имсол ба Испания ва Италия маҳсулот содир намуданд. Дар корхона 60-70 нафар бо кори доимӣ банд аст. Дар вақти ҷамъоварии меваи кабар садҳо нафар бо корҳои мавсимӣ банд мешаванд.
Рустании дигари худрӯй роба мебошад. Решаву пояаш ғафсу турбмонанд аст. То ду метр қад мекашад. Дар минтақаи алафзори ҷумҳурӣ мерӯяд. Бӯйи тез ва талхиаш то дер вақт паст намешавад. Роба хусусияти хуби ғизоӣ ва давоӣ дорад. Мегӯянд, ки мардуми Ҳинд шираи онро барои рафъи касалиҳои дарунӣ истеъмол мекунанд. Робаро барои табобати ҷигару меъда ва паст намудани ғалаёни хун истифода мебаранд. Дар даштҳои ноҳияи Фориш як гурӯҳ соҳибкорон шира ва донаки решаву танаи робаро ҷамъ оварда, ба кишварҳои хориҷӣ мефурӯшанд. Порсол на танҳо аҳолии маҳаллӣ, балки аз минтақаи шимоли Афғонистон омада ба ин кор шуғл варзиданд. Назар ба маълумотҳо, соли аввал як тонна ҳосил гирифтанд. Як килограмм шира ва донаки роба то 42 доллар қиммат дорад. Соли дуюм миқдори ҳосил қариб ба ду тонна расид. Ҳокими ноҳия Абдувалӣ Мустанов дар мулоқоту сӯҳбатҳо аз истиқболҳои соҳаи сайёҳӣ ва оқилона истифода бурдан аз заминҳои хоҷагии ҷангал ҳарф зада, (мувофиқи маълумотҳо масоҳати замини хоҷагии ҷангали ноҳия 71 ҳазор гектар буда, аз он 17 ҳазор гектараш мамнӯъгоҳи экологӣ мебошад) фоидаи хуби растаниҳои худрӯй ва бо ин роҳ бо шуғл бандшавии аҳолиро низ номбар мекунад. 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: