Бо ташаббуси фаъолони ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратии назди рӯзномаи «Самаркандский вестник» дар шафати дарёи Зарафшон мамнӯъгоҳи миллӣ ташкил гардидааст, ки қариб 868 гектар майдони ҷангалзору тӯқайзорро дар бар мегирад.
Дар қаламрави он манзараҳои гуногунро дидан мумкин аст, ки ҳар кадом як олами хоси набототу ҳайвонот доранд.
Шароити тӯқайзор барои зиндагии паррандагон ва оҳувони бухороӣ мусоидат мекунад.
Афсус, ки бо баъзе сабабҳои номаълум дар ин ҳудуд се маротиба сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа табиат хеле осеб дид
Ҷонсӯзи табиат, журналисти варзидаву бебок, ҷонишини сардабири рӯз-номаи «Самаркандский вестник» Анастасия Павленко тавассути расонаҳои ахбор бонги изтироб зад, вале мутаассифона натиҷа қаноатбахш нест.
– Шояд мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» медонанд, ки дар мамнӯъгоҳи миллӣ намудҳои нодири набототу ҳайвонот, ки дар ҳолати нест шудан қарор доранд, ҳифз шуда, имконияти барқарор шудан ва ривоҷи наслашонро пайдо мекунанд, – гуфт роҳбарияти ҷамъияти «Самарқандро нигаҳ медорем» Анастасия Павленко. – Хеле хушоянд аст, ки доду фиғони моро дар Тошканд шуниданд ва дар лаби дарёи Зарафшон ва ноҳияи Ургут мамнӯъгоҳҳои миллӣ ташкил гардиданд.
Ҳозир дар мамнӯъгоҳи миллии Зарафшон 33 намуди набототу ҳайвонот, ки ба «Китоби сурх»-и ташкилоти байналхалқии ҳифзи табиат дохил шудаанду дар байни онҳо ду намуди оҳуи бухорӣ низ ҳаст, мавҷуданд.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки соли гузашта як сар оҳуи бухорӣ аз ҷониби масъулони мамнӯъгоҳи миллии Зарафшон парронда шуд ва баъди талоши дӯстдорони табиат дар прокуратураи ноҳияи Ҷомбой, ки мамнӯъгоҳи мазкур дар қаламрави он ҷойгир мебошад, парвандаи ҷиноӣ кушоданду баъдан он бо сабабҳои номаълум қатъ гардид. Мо боз шикоят навиштем. Ин дафъа парвандаи кушта шудани оҳуи бухориро прокуратураи ноҳияи Тайлоқ боз кард.
– Анастасия Владимировна, ба фикри шумо, чаро бори савум мамнӯъгоҳи миллии Зарафшон оташ гирифт?!
– Аз бемасъулиятии одамони фориғбол ва албатта, аз фориғболии роҳбарони худписанду худсито. Мақсади онҳо бо ҳар роҳ обро лой карда моҳӣ гирифтан.
Миш-миши баъзе шахсони ҳолдон ба гӯши мо расидааст, ки гӯё каллаҷунбонҳои мамнӯъгоҳи миллӣ кӯшиш доранд, ки замини мамнуъгоҳро ношоям эълон карда, онро ба корчаллонҳо фурӯшанд.
Лекин онҳо ба мақсад намерасанд. Дӯстдорони табиат садди роҳ хоҳанд шуд.
Бояд таъкид кунем, ки чанде пеш Анастасия Павленко ҳамчун эҳёгари табиат ва журналисти соҳаи мазкур ба Гурҷистон сафар намуд ва бо як олам таассурот баргашт. Вай нақшаҳои чорабиниҳои ҳифзи табиатро андешида, ният дорад онро дар қаламрави Самарқанд ҷорӣ кунад.
Умедворем, ки фоҷиаи мамнӯъгоҳи миллии Зарафшон ба гӯши сарони идораи экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон расида, гунаҳкорон ҷазои муносиб мегиранд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.