ФОҶИАИ АФҒОНИСТОН ЧӢ ГУНА САР ЗАДА БУД?

40 сол муқаддам лашкари шӯравӣ ба хоки Афғонистон ворид шуд

Давлати Афғонистон. Ҳамсояи наздиктарини Ӯзбекистон. Он то солҳои 70-уми асри гузашта  оромтарин кишвари  ҳамсарҳади Иттифоқи Шӯравӣ ба шумор мерафт. Аммо, инак, чиҳил сол аст, ки номи ин кишвар  ҳамчун нуқтаи даргиру ноором ва буҳронии дунё ба забон гирифта мешавад. Мардуми он қурбони найрангу дасисаҳои сиёсӣ, зиддиятҳои динист ва дар гирдоби азият, машаққат ва маҳрумиятҳо қарор дорад.  Насли кунунӣ воқеаҳои мудҳиши ин кишвар, кирдорҳои террористӣ, задухӯрдҳои сиёсии онро танҳо аз тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ  мешунаваду мехонад. Мо, ҷавонони солҳои 70-ум замонеро, ки ин фоҷиа ба сари ин мардум бор шуд,  дидаем, ҳатто дар он иштирок ҳам кардаем. Аз ин рӯ, фикр мекунем, ин маводи мухтасар барои дарки масъала ба насли  имрӯз аз фоида холӣ нест.
Инқилоби Савр — тарҳи Инқилоби октябр 

Муҳаммад Довуд, ки амакаш Зоҳиршоҳро, ҳангоми сафараш ба Италия аз мансаб дур карда, соли 1973 ба тахт нишаста буд, дар оқибати исёни 28 апрели соли 1978 аз тарафи ҳарбиён кушта шуд. Ҷилави ҳокимиятро Ҳизби халқию демократии Афғонистон, ки маслакаш идеологияи марксизм-ленинизм буд, ба даст гирифт. Табаддулоти давлатии 7-уми  моҳи савр 28 апрелро “Инқилоби савр” номиданд.  Яке аз пешвоёни ҲХДА, шоир Нурмуҳаммад Таракӣ Раиси Шӯрои инқилобӣ, Садри аъзами кишвар интихоб шуд. СССР, албатта, ин инқилобро дастгирӣ кард,  баҳри ёрӣ ҳеҷ чизро дареғ надошт. Аслан ҳокимият аз берун, аз Маскав идора мешуд. Аммо  халқ  ба дигаргунсозиҳо тайёр набуд.  Хусусан ислоҳоти арзӣ (обу замин) натиҷа надод, баръакс ба муқобилияти заминдорони калон дучор омад. Ба мардуме, ки дар тӯли асрҳо ба тарзи зисти динию қавмӣ одат карда буд, қабул кунонидани сиёсати нави марксистӣ-ленинӣ кори оддӣ набуд. Дар натиҷаи он аҳолии кишвар ба ду лагер тақсим ва кишвар ба доми ҷанг кашида шуд. Муҷоҳидон бо кӯмаки баъзе давлатҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, Покистон бар зидди сохти нав ҷанги мусаллаҳонаи партизаниро оғоз намуданд. Зиёда аз ин дар дохили Ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ ду равия (“Парчам” ва “Халқ”) ба вуҷуд омада буд. Дар ин замина низоъ ва репрессия авҷ гирифт. Бо супориши  махфии Ҳафизулло Амин, ки дар раҳбарияти ҳизб мақоми баланд дошт, моҳи сентябри соли 1979 Нурмуҳаммад Таракӣ кушта шуд ва Амин ба сари ҳизбу давлат омад. 
Вале вазъияти сиёсию ҳарбӣ ва иқтисодии мамлакат хеле вазнин мешуд. НАТО ба муҷоҳидон ошкоро кӯмаки ҳарбию молиявӣ мерасонид. Қувваҳои низомии Афғонистон барои мубориза бар зидди муҷоҳидон ва  душманони зархарид заиф буд. Дар чунин ҳолат раҳбарияти Афғонистон   ба Иттифоқи Советӣ барои кӯмаки ҳарбӣ муроҷиат кард... 
     
Лашкари маҳдуди шӯравӣ оё дар асл ҳам маҳдуд буд?

25-уми декабри соли 1979  ҳам дар таърихи Афғонистон ва ҳам дар таърихи салтанати шӯравӣ ҳамчун рӯзи сиёҳ  қайд шудааст. Бино ба илтимоси ҳукумати Кобул лашкари маҳдуди шӯравӣ  вориди Афғонистон шуд. 
27-уми декабр Ҳафизулло Амин дар қасри худ кушта шуд. Масъалаи идораи минбаъдаи Афғонистон дар Кремл  ҳаллу фасл гардид ва бар дӯши Бабрак Кармал вогузор шуд. 
Дар айни вақт аз ҷабҳаҳо хабарҳои нохуш мерасиданд. 
Бояд гуфт, ки бори вазнини ин ҷанги бемаънӣ бар дӯши армияи 40-уми Округи ҳарбии Туркистон ва дивизияи 201-уми Душанбе  бор шуд. Камина моҳи декабри соли 1979 дар курси 5-уми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Субҳи 25-уми декабр дар кӯчаҳои шаҳр танку мошинҳои зиреҳпӯшро дида, ҳайрон шудем. Ба мо гуфтанд, ки   машқи ҳарбӣ гузаронида мешавад. Аммо техника ҷониби Тирмиз ҳаракат мекард. Чанд нафар аз ҳамкурсони калонсол, ки дар армия адои хизмат карда буданд, ба  комиссариати ҳарбӣ даъват карда шуданд.  Аммо бинобар талафоти аввалин онҳоро пас баргардонида,  ба марзи Афғонистон армияи амалкунандаро ворид намуданд.  Пас аз хатми донишгоҳ ва 90 рӯзи машқҳои ҳарбӣ камина ва боз чандин нафар ҳамкурсон низ ба иҷрои “қарзи байналмилалӣ” даъват шудем. Як гурӯҳ барои адои хизмат дар Курси олии Вазорати корҳои дохилии СССР, гурӯҳи дигар дар ихтиёри Округи ҳарбии Туркистон  мондем. Дар курси олӣ  барои ҳифзи инқилоб афсар тайёр карда мешуд. 
Дар бораи миқдори лашкари ба ном «маҳдуди шӯравӣ» маълумоти мухталиф мавҷуд аст. Дӯстони афғонӣ баъзан бо истеҳзо “лашкари номаҳдуди шӯравӣ” ҳам мегуфтанд. Мегӯянд, ки дар байни солҳои 1980-1985 низомиёни шӯравӣ аз 60 ҳазор то 150 ҳазор нафарро ташкил медод. 
Ҷанг ба талафоти калони ҷонӣ ҳам оварда расонд. Дар он солҳо 1, 5 миллион нафар афғонистониён қурбони ҷанг шуданд. Бино ба маълумоти  Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо беш аз 5 миллион нафар афғон бар асари хавфи терроризм, бекорӣ ва қашшоқӣ  ҷилои ватан кардаанд.  
Лашкари шӯравӣ баъди нокомиҳо дар набардҳои зидди муҷоҳидон ва фишори ҷомеаи ҷаҳон 16 феврали соли 1989 хоки Афғонистонро тарк кард. 
Дар ҷараёни ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 15 ҳазор (дар баъзе санадҳо фақат аз армияи 40-ум 26 ҳазор нафар) аскар ва афсарон ҳалок шудаанд.  
Моҳи августи соли 1989  ба Кобул, солҳои 2002, 2003, 2004 ба шимоли Афғонистон сафарҳои эҷодӣ доштам. Дар ҳар гӯшаву канор,  роҳҳои байни дашту биёбонҳо, кӯҳпояҳо ғарами техникаи  “беҷони” шӯравӣ касро мутаассир мекард. Бино ба маълумотҳои расмӣ дар аснои ҷанг 147 танк, 1314 мошини зиреҳпӯш, 510 мошини инженерӣ, 11369 мошини бору бензинкаш, 118 самолёт, 333 вертолёт (фақат мансуби армияи 40-ум) тарконда шудаанд.     

Ӯзбекистон тарафдори сулҳу амонист

Афғонистони ба мо ҳамсоя қурбони манфиатҳои геосиёсии ду лагер шуд. Мудохила ба корҳои дохилии ин мамлакат ба сари мардуми он кулфату маҳрумиятҳои зиёд овард ва ин ҳол ҳанӯз давом дорад.  Фоҷиаи Афғонистон дар таърих барои сиёсатмадорон, сарварони давлатҳо бояд сабақ гардад. Кӯтоҳандешии сиёсии раҳбарони шӯравӣ боиси парокандагии аҳолии мамлакат ҳам шуд. 
Бесуботию беқарории вазъи Афғонистон на фақат барои минтақа, балки барои тамоми дунё хатар дорад. Амалҳои террористӣ дар кишвари ҳамсоя барои  сулҳи  мамлакати мо низ изтиробангез буданд.  Ӯзбекистони мустақил  барои пойдории сулҳи ин кишвар ҳамеша саъй мекунад.  Сарварони кишвар аз минбарҳои бонуфуз  диққату эътибори ҷаҳониёнро ба мушкилоти Афғонистон ҷалб намудаанд. Ӯзбекистон ба Афғонистон ёрии башардӯстонаашро дареғ надоштааст ва дареғ намедорад. Доираи ин кӯмак, хусусан тайи се соли охир васеъ  мегардад. Моҳи марти соли 2018 дар Тошканд конференсияи таъмини сулҳ дар Афғонистон баргузор гардида, дар он “Баённомаи Тошканд” қабул шуд.  
– Амнияти Афғонистон, зикр кардааст Ш. Мирзиёев, бехатарии Ӯзбекистон, омили суботи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст. 
Охири моҳи ноябри соли ҷорӣ дар  Тошканд зимни Мулоқоти машваратии раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарвари давлатамон бори дигар зикр кард, ки “Афғонистон як қисми таркибии минтақаи мо мебошад. Барои ба роҳи сулҳу тараққиёт қадам гузоштани ин мамлакат кӯмак расонидан ба манфиатҳои умумии ҳамаи мо мувофиқ аст”. 
Ӯзбекистон барои пеш рафтани иқтисодиёти Афғонистон  кӯмаки амалӣ мерасонад. Аз ин хусус метавон далелу мисолҳои зиёд овард. Вале ин мавзӯи мақолаи алоҳида аст.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
шореҳи сиёсӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: