Қаблан барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷарима пешбинӣ шуда буд.
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласае, ки рӯзи 8‑уми май баргузор шуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишвар дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.
Ба навиштаи “Садои мардум” - нашрияи парлумони кишвар, тибқи ин тағйирот, ба моддаи 201-и кодекси мазкур банди нав илова карда шуда, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.
Ҳамчунин, парлумони Тоҷикистон ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова намуд.
Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ карда буд.
Ёдовар мешавем ки ин аввалин чораи давлат дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар ҷанубӣ Тоҷикистон зиёд шудааст. Қаблан қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.