ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи «Лисон-ул-ғайб» Хоҷа Ҳофиз фотиҳа хонда, ният мекунад ва чашмони баста ангушти ишорат ба ғазали интихобкардааш мезанад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи «Лисон-ул-ғайб» Хоҷа Ҳофиз фотиҳа хонда, ният мекунад ва чашмони баста ангушти ишорат ба ғазали интихобкардааш мезанад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Мо бори нахуст ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Манзили ҷонон» зада будем ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» намудем. 
Ҳоло ангушти ишорат ба ғазали «Дайри муғон» задем ва он дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» бо шарҳи фолаш ба чунин тартиб пешниҳоди хонандагони гиромӣ мегардад.

Дайри муғон

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
Чӣ нисбат аст ба риндӣ салоҳу тақвиро
Самои ваъз куҷо, нағмаи рубоб куҷо?
Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус,
Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Бишуд, ки ёди хушаш бод рӯзгори висол,
Худ он карашма куҷо рафту он итоб куҷо?
Зи рӯи дӯст дили душманон чӣ дарёбад?
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?
Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст,
Қарор чист, сабурӣ кадом, хоб куҷост?
Яъне, дили харобро бо маслиҳатбинӣ чӣ кор аст? Бояд, ки ҳақиқатҷӯ буд ва риё наварзид. Умри даврони хушӣ кутоҳ аст ва дар ин муддати кутоҳ бояд ниҳояти баҳраро аз он бурд. Набояд дӯстро ба душман фурӯхт ва дар ҳар коре тадаббур (тафаккур кардан, андеша кардан) лозим аст.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: