ФОНДИ «ИЛҲОМ» — ИЛҲОМБАХШИ АҲЛИ ЭҶОД

Метавон гуфт, ки аҳли адабу ҳунар миллионер ва миллиардерҳои дунёи маънавиянд.

Аммо ин сарватмандони дунёи маънавӣ дар ҳамаи асру замонҳо ба такядор ва дастгирии моддӣ ниёз доштаанд. Сарвати моддӣ имкон додааст, ки ҳунари худро дар назди мардум бинамоянд, ба дороии маънавиашон афзоянд.
Як мисоли оддӣ: наққош тасвире, шоир шеъре, оҳангсоз оҳанге, актёр нақше мондагор меофарад. Аз он мардум бояд баҳра бардоранд. Аммо барои нашри асар ва ба мардум намудани ҳунари воло маблағ лозим аст. Яъне ҳама анвои ҳунар худ аз худ рушд карда наметавонад, агар дастгирии моддӣ набошад, мемирад.
Ҳар сохт, дар баробари камбудиҳо, бартариҳои худро низ дорад. Чӣ ҷойи пинҳон доштан, ҳамаи онҳое, ки  ним аср қабл ба сар бурдаанд, хуб медонанд, ки аҳли адабу ҳунар аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда мешуд. Нашриётҳо китобҳои ба чоп тавсияшударо ройгон чоп мекарданд...
Ҳамаи инро сарвари хирадпешаи мо амиқ дарк намуда, 3 августи соли 2017 бо аҳли эҷод — шоиру нависандагон, наққошон, актёрон, пайкарасозон, киносозон ва оҳангсозон мулоқоти таърихие анҷом дод, дарди дили онҳоро шунид. Натиҷаи мулоқоти судманд ин буд, ки 9 августи соли 2017 қарори деринтизори  Президенти кишвар дар бораи таъсис додани Фонди ҷамоатии «Илҳом» эълон карда шуд.
То имрӯз доир ба дастгирии аҳли ҳунар аз ҷониби фонди мазкур чӣ корҳо анҷом дода шудаанд ва бояд дар соли 2019 чӣ корҳо ба субут расанд?
Дар нишасти матбуотие, ки ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт, бо иштироки ходимони Фонди ҷамоатии «Илҳом», Иттиҳодияҳои эҷодии журналистон, композиторон ва оҳангсозон, эҷодкорони бадеӣ, арбобони театри Ӯзбекистон, аъзои иттиҳодияҳои мазкур ва зиёиёни эҷодкор баргузор шуд, дар ин хусус сухан ба миён омад.
Раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Саъдулло Ҳакимов ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, бо шукргузорӣ гуфт, ки тайи ду соли охир  аҳли эҷоди мамлакат аз ҷониби давлатамон  ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд, барои бо эҷод машғул гардидани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, мазмуну мундариҷаи  кору фаъолияти иттиҳодияҳои эҷодӣ куллан тағйир меёбад.
Директори иҷрогари Фонди ҷамъиятии «Илҳом» Ҷамшед Ризаев аз ҷумла изҳор дошт:
– Барои рушди маданияту санъати мамлакат маблағ ҷудо кардан, ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои дахлдор дар ин росто, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардани кору фаъолияти иттиҳодияҳои эҷодӣ, кӯмак расондан ба аъзои иттиҳодияҳои номбаршуда ва ҳавасманд гардондани онҳо  аз вазифаҳои асосии фонд маҳсуб меёбад. Барои иҷрои вазифаҳои мазкур дар соли 2018 аз ҷониби фонд ба мақсади таҳким бахшидани пойгоҳи  моддию техникии иттиҳодияҳои эҷодӣ, 1,1 млрд. сӯм, аз буҷаи давлатӣ барои пардохти ҳаққи меҳнати бахшҳои ҳудудии онҳо 1,1 млрд. сӯм (субсидия) ҷудо карда шуд.
Бино ба таъкиди директори иҷрогар, ба мақсади баргузор намудани озмуни XIII байналхалқӣ барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» ва озмунҳои «Журналисти фаъолтарини сол», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Пайкарасози беҳтарини сол», «Беҳтарин наққоши сол, ҷавонтарин мусаввири сол, беҳтарин эҷодкори  рангтасвир», ҷашнвораи V байналхалқии симфонӣ ва шабҳои гуногуни эҷодию ёдбудӣ аз ҷониби  фонд  1,4 млрд. сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Директори иҷрогар дар идомаи суханаш афзуд, ки дар соли 2019, бо назардошти эҳтиёҷ, маблағҷудокунӣ бештар хоҳад шуд.
Раиси Иттиҳоди композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев, раиси Иттиҳоди эҷоди бадеии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов ва раиси Иттиҳоди арбобони театри Ӯзбекистон Ёқуб Аҳмедов дар баромади хеш, дар баробари шукргузорӣ аз дастгириҳои моддии ҳукумат, оиди  мушкилиҳои соҳаи худ ҳарф заданд ва пешниҳодоти худро доир ба беҳбуди кору фаъолияти аҳли эҷод ба миён гузоштанд.
Дар охир журналистон ба дастандаркорон суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: