ФОНДИ САРМОЯГУЗОРИИ БРИТОНИЁ НИЯТ ДОРАД, КИ ӮЗБЕКИСТОНРО БАРОИ САРМОЯГУЗОРОНИ БРИТОНӢ БОЗ НАМОЯД.

ЛОНДОН, 31 июл. (АА «Дунё»).

Дар сайти нашри бонуфузи иқтисодии Бритониё «Global Capital» бахшида ба имкониятҳои ҳамкории сармоягузорӣ бо Ӯзбекистон мақола чоп шуд, хабар медиҳад мухбири ОИ «Дунё».
«Global Capital» дар соҳаи молия ва сармоя онлайн-нашри ҳаррӯза мебошад. Соли 2014 дар натиҷаи муттаҳид намудани маҷаллаи «Euroweek» бо чунин нашрияҳои  бузурги бозори сармоя, мисли «Asiamoney», «Total Securitization», «SSA Market» таъсис дода шудааст. Қароргоҳи маҷалла дар Лондон ҷой гирифтааст. Мутахассисон ва ташкилотҳое, ки дар бозорҳои байналхалқии сармоя кор мекунанд, обуначиёни он мебошанд.
Дар матолиб таъкид мегардад, ки сармоягузорон дар Лондон масъалаи сармоягузорӣ ба Ӯзбекистонро ба воситаи фонди нави сармоягузории «Олтин» баррасӣ менамоянд, ки он бори аввал дар таърихи мамлакат ба сармоягузорон имконияти шинос шуданро бо боз шудани иқтисодиёти мамлакат фароҳам оварда, амалӣ гардондани листингӣ байналхалқиро ба нақша гирифтааст.
Менеджери сармоягузории фонди «Олтин» ширкати сармоягузории бритонии «Sturgeon Capital» мебошад, ки ният дорад ба ҳамон секторҳое, ки аз афзоиши иқтисодии мамлакат, инчунин комёбиҳои ислоҳот дар Ӯзбекистон  бурд мекунанд, сармоя гузорад.
Роҳбари ширкати «Sturgeon Capital»  Клементе Капелло ба ҳамкории сармоягузории ширкаташ бо Ӯзбекистон баҳои мусбат медиҳад. «Фонди «Олтин» ҳамчун аввалин воситаи сармоягузории ӯзбекистонӣ, ки дар бозори байналхалқии сармоя қадру қимат дорад, ба таърих ворид мегардад, мегӯяд ӯ. 
Манбаъ хабар медиҳад, ки ширкати «Sturgeon Capital» ният дорад ба агротиҷорат, созмон додани марказҳои логистика, ба кор даровардани таъминотии барномавӣ барои савдои чакана ва микромолия сармоя гузорад. Дар оянда ширкати «Sturgeon Capital» инчунин саъй дорад ба ширкатҳои хусусии на он қадар калон, ки пештар ба давлат тааллуқ доштанд, сармоя гузорад. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: