FORBES: «ӮЗБЕКИСТОН БОЗ САЗОВОРИ МАҚОМИ ХУД ДАР ТАЪРИХ МЕГАРДАД»

Дар сайти маҷаллаи амрикоии «Forbes» мақолаи «Ҳайати Ӯзбекистон ба ИМА меояд. Вай изҳор мекунад, ки пас аз солҳои зиёди пӯшидагӣ мамлакат барои тиҷорат кушода аст» чоп шудааст.

Тавре ки дар мақола таъкид мегардад, 16, 23 июли соли 2019 ҳайати дараҷаи олӣ, ҳамчунин доираҳои корчаллони Ӯзбекистон ба ИМА рафтанд, аввал дар шаҳри Вашингтон машваратҳои сиёсӣ гузаштанд, сипас қисми тадбиркори дар шаҳри Ню-Йорк ба амал омад. 
Мелик Кайлан, муаллифи мақола дар анҷумани сармоявии «Имкониятҳои бозори сармояи Ӯзбекистон» дар Манҳэттен (Ню-Йорк) иштирок карда, муаррифии хубу амиқ андешидашудаи ҷониби Ӯзбекистонро оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар мамлакат таъкид сохт. 
Мувофиқи гуфтаи муаллифи мақола доираҳои корчаллони амрикоӣ ҳайати Ӯзбекистонро бо хушнудӣ истиқбол намуд, ба кори ҷиддиву пурмаҳсул ва муваффақ шудан ба натиҷаҳои мушаххас саъй кард. Тавре ки Мелик Кайлан менависад, дар давоми тамоми чорабинӣ муносибати махсусу самимӣ ва боэътимоди соҳибкорони ду мамлакатро мушоҳида кардан мумкин буд.
Дар мақола таъкид мегардад, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ислоҳгар мебошад, инсонест, ки роҳҳои дақиқ ва дурусти беҳсозии «тақдири иқтисодӣ»-и кишвари худро медонад. Роҳбари Ӯзбекистон дар тӯли чанд соли охир  истиқболи мамлакатро беҳтар кард – маҳбусонро озод намуд, ба мамлакат расонаҳои ахбори оммавиро роҳ дод, ҷумҳуриро барои савдо ва сармояҳои хориҷӣ боз кард.  Роҳбарияти мамлакат ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори зиёд медиҳад. Президенти Ӯзбекистон соҳибистеъдодҳои ҷавонро, ки дар хориҷа таълим гирифтаанд,  ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намуд, бо тамаъгарӣ дар мамлакат муборизаи қатъӣ мебарад.
Бинобар баҳои муаллиф роҳбари Ӯзбекистон дарк менамояд, ки бояд дар мамлакат дигаргунӣ шавад ва қадамҳои аввалин дар ин самт бобати  танзимсохтани талошҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва муоҳидаҳои муфиди тиҷоратӣ бо Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон гузошта шуданд.
Нашрия хабар медиҳад, ки сарвари Ӯзбекистон дар тамоми мамлакат барои машварат бо аҳолӣ, баррасии шикоятҳои онҳо ва маслиҳат гирифтан қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ кушод. Мақсад  аз он иборат аст, ки бо аҳолӣ ҳамкории мустақим ба роҳ монда шавад, бо мардум машварат карда, талабот ва мушкилоти онҳо омӯхта ва масъалаҳо саривақт ҳаллу фасл шаванд. 
Муаллифи мақола пас аз суҳбат бо соҳибкорони ӯзбекистонӣ ба хулосае меояд, ки иқтисодиёти Ӯзбекистон соле 5 фоиз зиёд мешавад ва ин пешрафт идома дорад. Тавре ки дар мақола таъкид шудааст, ба эътидол эътибори бештар дода хоҳад шуд. Масъалаи қонеъ сохтани талаботи аҳолии Ӯзбекистон  аввалиндараҷа аст. 
Дар анҷоми мавод Мелик Кайлан таъкид менамояд, ки пас аз тақрибан сӣ сол Ӯзбекистон боз мақоми сазовори худро дар таърих пайдо мекунад.

ОИ «Дунё»,
 ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: