Дар олами кунунӣ таҷрибаи кишварҳое, ки бобати таъмин сохтани некӯҳолии мардум ба комёбӣ муваффақ шудаанд, собит менамояд, ки ҳаллу фасли ин вазифа пеш аз ҳама аз рушди соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Дар олами кунунӣ таҷрибаи кишварҳое, ки бобати таъмин сохтани некӯҳолии мардум ба комёбӣ муваффақ шудаанд, собит менамояд, ки ҳаллу фасли ин вазифа пеш аз ҳама аз рушди соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад. То даме, ки чораҳои маҷмӯӣ қабул намешаванд, камбудиҳо бартараф намегарданд, буҳрон торафт амиқтар шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва давлатро фаро мегирад.
Бо назардошти ин тӯли панҷ соли охир дар соҳаҳои иҷтимоӣ дигаргуниҳои васеъмиқёсе амалӣ гардиданд, ки ба қонеъ сохтани эҳтиёҷ ва талаботи мардум нигаронида шудаанд.
ТАЪЛИМ – ПОЯИ РУШДИ МУТТАСИЛ
Дар ҳамаи замонҳо рушди низоми таълим омили пешрафт будааст. Дастовардҳои илмиву техникӣ кӯмак расониданд, ки муносибатҳои нави меҳнатӣ инкишоф ёбанд, иқтисодиёт пеш равад, барои баланд бардоштани некӯҳолии мардум асос гузошта шавад. Президенти мамлакат вақте «дар ҷое, ки илм тараққӣ намекунад, пастравӣ, ақибравии ҷомеа дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад», мегӯяд, муҳимияти илмро таъкид менамояд.
Пешрафти илм ва низоми таълим ба сифати самти бартариноки сиёсати давлат муайян карда шудаанд, комёбии бузургтарини солҳои охир аз байн бардошта шудани ҷалби хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва муаллимон ба меҳнати иҷборӣ ба шумор мераванд.
Пештар онҳо се-чор моҳ маҷбур буданд ҳаёти худро дар саҳро гузаронанд, ба корҳои хоҷагии қишлоқ ҷалб карда мешуданд. Сипас барномаи даҳмоҳаи таълимро бо суръати баланд азхуд менамуданд. Ин ба сифати таълим, дониши хонандагон, фаъолияти омӯзгориву илмии ҳайати профессорону муаллимон таъсири нохуш мерасонид. Мушкилоти ҳаллу фаслаш дуру дароз ба оқибатҳои манфӣ меовард, обрӯйи мамлакатро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ночиз мекард. Ба шарофати сиёсати инсонпарварона ва иродаи қавии Президент Шавкат Мирзиёев ба ин таҷрибаи пуриллат хотима гузошта шуд.
9 сентябр номзад аз Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон ба Президентӣ Шавкат Мирзиёев дар анҷумани X-и ҳизб Барномаи пешазинтихоботии худро эълон кард. Вай таъкид намуд, ки се-чор сол боз ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон дар мактабҳо, духтурон дар беморхонаҳо, олимон дар лабораторияҳо, донишҷӯён дар аудиторияҳо бо кори худ, вазифаи худ машғуланд.
Квотаҳои қабул ба муассисаҳои таълимӣ тӯли панҷ соли охир аз нӯҳ то ба 28 фоиз зиёд карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ миқдори мактабҳои олӣ афзуд, филиали муассисаҳои таълими олии хориҷӣ кушода шуданд. Миқдори онҳо анқариб ду баробар, яъне аз 77 то ба 141 мактаби олӣ зиёд гардид. Самтҳои нави бакалавриат ва ихтисоси магистратура боз гардиданд. Бо назардошти хоҳиши одамон шаклҳои таълими ғоибона ва шабона ба роҳ монда шуданд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» аз 23 сентябри соли 2020 пойгоҳи ҳуқуқии таълими масофавӣ, дуалӣ, инклюзивӣ гузошта шуд, ҳамчунин ба амалкарди мактабҳои олии ғайридавлативу таълимӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ имконият фароҳам омад. Номзад ба Президентӣ ҳамчунин эълом дошт, ки ба мақсади беҳтар кардани сифат ва рушди муҳити рақобат дар соли 2026-ум миқдори муассисаҳои таълими олии хусусӣ ҳадди ақалл ба панҷоҳ адад расонида мешавад.
Солҳои охир ҳамкории мактабҳои олии ватанӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мустаҳкам мегардад. Низоми нави пардохти меҳнати муаллимон, ки дараҷаи илмӣ, мақола ва кашфиётҳои муаллифиро ба инобат мегирад, ба роҳ монда шуд.
Роҳбари давлати мо панҷ сол муқаддам зарурияти куллан ислоҳсозии низоми таълимро ба миён гузошта буд. Маълум гардид, ки Президент чун ҳамеша ба ҳолати соҳа баҳои ҳаққонӣ дода будааст. Аллакай мушкилоти мураккабе, ки бо таълим вобастаанд, аз байн бардошта шуданд ва ё ҳаллу фасл мешаванд.
Ба шӯроҳои идоравӣ зина ба зина мустақилии академӣ ва молиявӣ дода мешавад, нақши онҳо боло меравад, ваколатҳои кафедраҳо вусъат пайдо мекунад, қаробати ҷараёни таълим бо истеҳсолот тезонида мешавад, иқтидори илмӣ меафзояд. Илм ва инноватсия такони пурқувват гирифтанд, тамаъгарӣ ва бесарусомонии бюрократӣ аз тариқи рақамикунонии соҳаҳо қатъиян решакан карда мешаванд.
Шубҳае нест, ки шаҳрвандони ҷавони Ӯзбекистон ворисони сазовори гузаштагони бузурги худ мегарданд, ба рушди мамлакат бо дониш, фидокорӣ ва меҳнати поквиҷдонона саҳми муносиб мегузоранд.
Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуданд.
Мухтор ИБРАГИМОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲЛДӮз.
ТАНҲО ХАЛҚИ СОЛИМ МЕТАВОНАД ДАВЛАТИ МУҚТАДИР БУНЁД КУНАД
Саломатӣ сарвати бебаҳост, мефармояд андарзи халқӣ. Сиҳҳатии ҷисмонии шаҳрвандон дастоварди давлат ба шумор меравад. Маҳз барои ҳамин ҳам аз ҷониби роҳбари мамлакат куллан ислоҳсозии нигаҳдории тандурустӣ ба сифати афзалияти сиёсӣ таъин гардид. Роҳбари давлат ҳангоме ки хеле дуруст: «...одамон фардо не, дар ояндаи дур не, балки маҳз имрӯз мехоҳанд тағйироти мусбатро дар ҳаёти худ эҳсос намоянд. Халқи меҳнатдӯст, поквиҷдон ва кушодадили мо ба ин куллан ҳуқуқ дорад» мегӯяд, орзуву омоли халқро изҳор менамояд. Ин суханон, ки дастуруламал гардиданд, мустақимона ба ҳаёт татбиқ мешаванд.
ИСЛОҲОТИ АФЗАЛИЯТНОК БА ТИББИЁТ
Танҳо баъзе комёбиҳо ва тағйироти мусбатро дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ зикр менамоем.
Якум, сифат ва самаранокии хидмати тиббию санитарӣ беҳтар гардид, пойгоҳи моддиву техникии он мустаҳкам шуд. Зинаи ибтидоӣ бозсозӣ ва ба мизоҷ қаринтар гардид.
Дуюм, пештар дар мамлакат ҷарроҳиҳо бинобар кӯчондани гурдаҳо ва ҷигари инсон тақрибан гузаронида намешуданд. Беморон маҷбур буданд ба хориҷи ҷумҳурӣ раванд. Ҳоло бошад дар шуъбаи трансплантологияи Маркази илмии таъҷилии тиббии ҷумҳуриявӣ ин узвҳо бомуваффақият кӯчонда мешаванд. Пойгоҳи қонунгузорие, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро ба танзим меоваранд, муносибати ҳуқуқиро дар ин соҳа мушаххас менамоянд, коркард мешаванд.
Сеюм, маблағҳое, ки аз ҷониби давлат барои дастгирӣ намудани хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ ҷудо мешаванд, имкон доданд, ки сифат ва таъҷилияти хидматрасониҳо баланд бардошта шаванд. Соли 2016-ум 800 истгоҳи кӯмаки таъҷилӣ амал мекард, ки аз 1648 бригада иборат буд. Ҳоли ҳозир барои ҳифзи саломатии аҳолӣ 1666 истгоҳ амал мекунад, миқдори бригадаҳо бошад беш аз ҳазор адад афзуд.
Чаҳорум, мувофиқи қарори Президент аз 1 апрели соли 2017 муассисаҳои хусусии тиббӣ доираи хидматрасонии рухсатномавиро аз 50 то ба 129 адад васеъ карданд. Талаботи тахассусӣ барои шифокороне, ки мехоҳанд дар сектори ғайридавлатӣ кор кунанд, нармтар гардид.
Панҷум, агар панҷ сол муқаддам дар муассисаҳои тиббӣ 84100 шифокор машғул бошанд, ҳоло дар ин низом 93337 мутахассиси соҳибтаҷриба самарабахш кор мекунанд. Нишондиҳандаҳои миқдориро метавон дар соҳаҳои тайёркунии кадрҳо, беҳтаршавии шароит барои гирифтани маълумоти олии тиббӣ ҳам мушоҳида кард.
Мавлуда ИБРАГИМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲЛДӮз.