ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «O`ZBEKISTONLIK. GENERATING IDEAS» ДАР ФАРОНСА

Дар форум беш аз 200 нафар ҳамватанони мо, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё ба комёбиҳои бузург ноил гардида, моҳирони касби сатҳи ҷаҳонӣ шудаанд, инчунин намояндагони намоёни соҳаи креативӣ ва медиаи Ӯзбекистон иштирок карданд.

Мақсад аз баргузории анҷуман фароҳам овардани фазои шабакавӣ байни ӯзбекистониҳое, ки дар хориҷи кишвар ба комёбиҳо ноил гардидаанд, инчунин майдон барои табодули афкор оид ба масъалаҳои муҳими марбут ва рушди кишвари мо буд. Ба ин мақсад дар доираи форум дар мавзӯъҳои рушди сармояи инсонӣ, экология ва иқтисодиёти «сабз», технологияҳои рақамӣ ва соҳаҳои созанда мубоҳисаҳо баргузор шуданд. 
Дар анҷуман нахустнамоиши қисми сеюми филми «O`zbekistonlik» барпо гардид. Дар силсилаи навбатӣ, ки аз ҳаёти ҳамватанони барҷастаи мо ҳикоя мекунад, ҳикояҳои роҳбари бадеӣ ва дирижёри оркестри филармонияи Страсбург Азиз Шоҳакимов ва меъмори IT ширкати «Shell» Мадина Бердиева ҷой гирифтааст. Нахустнамоиши ин қисм дар «Youtube» ва телеканали «My5» 26 апрел соати 18:00 баргузор шуд.
Сафири Ӯзбекистон дар Фаронса ва Португалия Сардор Рустамбоев дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки ин форум ба як платформаи муҳими ҳавасмандгардонии ҷавонони ӯзбек ва саъю кӯшишҳои ҳукумати Ӯзбекистон барои дастгирии ҳамватанон табдил ёфтааст. 
Мавзӯи асосии форум мушкилоти минтақаи назди Арал ва баҳри Арал мебошад, ки торафт хушк мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Ҷоқаргӣ Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон созмони ғайритиҷоратию ғайридавлатии «AralDream» лоиҳаи «SaltyLives» тақдим намуд. Он дар худ намоишгоҳи суратҳои портретҳои бонувони Қароқалпоқистон, филми нави кӯтоҳметража ва намоишгоҳи мӯдҳои либосро, ки тарроҳони намоёни Ӯзбекистон офаридаанд, фаро мегирад.
Мақсади лоиҳаи «SaltyLives» ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба зиндагии занони минтақаи баҳри Арал аст. Нахустнамоиши филм 25 апрел дар сайти araldream.com. намоиш дода шуд. 
Ба меҳмонони анҷуман платформаи Uzbekistan«sclub, ки муттаҳид намудани ӯзбекистониёни муваффақро дар тамоми ҷаҳон даъват менамояд, намоиш дода шуд. Дар тақдимот эълон карда шуд, ки ҳамаи ҳамватанони хоҳишманд акнун метавонанд бо истифода аз замимаи сомонаи uzbekistan«sclub ба ин клуб ҳамроҳ шаванд. 
Тамошобинон тавонистанд саундтреки расмии филми «O`zbe-kistonlik»-ро дар иҷрои зиндаи рэпер Конста бубинанд. Клип аллакай дар Youtube  беш аз 250 ҳазор тамошобин пайдо кардааст. Гурӯҳи эҷодӣ инчунин лоиҳаи маҷаллаи нави Uzbekistan`sclub-ро ба меҳмонон пешкаш намуданд. Бо кумаки он даста тамоюлҳои нав эҷод мекунад ва саргузаштҳои ҳамватанони моро нақл мекунад. Шумораи аввалини маҷалла дар форуми навбатии байналмилалии «O`zbekistonlik.Generating ldeas» муаррифӣ мешавад. 
Меҳмонон тавонистанд аз намоиши қаннодӣ, ки дар ҳамкорӣ бо яке аз шарикони форум таҳия шудааст, лаззат баранд. Дар ҷараёни намоиш раванди пухтани таомҳои маъруфи ӯзбекӣ намоиш дода шуд. Мақсад аз ҳамкорӣ тарғибу ташвиқи таомҳои миллии ӯзбек дар сатҳи байналмилалӣ ва таблиғи он мебошад. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки фестивалҳои таомҳои ошхонаи ӯзбекӣ дар пойтахтҳои ҷаҳонӣ ташкил карда шаванд. 
Шарикони форум – роҳбарони ширкати «OrientGroup, Uzbekistan-Airways, Pepsi, Anorbank и Ucell» ба иштирокдорон муроҷиат фиристоданд. Дар бораи он ки чаро онҳо дар ин лоиҳа бо дастаи «Uzbekistan`sClub» якҷоя ҳастанд, нақл намуданд. Форуми  «O`zbekistonlik.Generating ldeas»  ба шарофати кумаки молиявии шарикони форум имконпазир гардид. 
Ҷашнвораи навбатии байналмилалии «O`zbekistonlik. Genera-ting ldeas» тирамоҳ дар яке аз пойтахтҳои бузурги ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Гурӯҳи эҷодии лоиҳа ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки имсол қисматҳои нави ин филмро ба навор гирад ва нахустнамоиши  онро баргузор кунад.

АИ «Дунё»,
ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: