ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД ДАР САТҲИ БАЛАНД МЕГУЗАРАД

27 январ Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои ташкил кардани Анҷумани байналмилалии сармоягузории Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.

Дар солҳои охир фазои сармоягузорӣ дар мамлакати мо ба таври назаррас беҳтар шуд. Заминаи қонунгузории соҳа такмил ёфт, кафолатҳои ҳуқуқии сармоягузорон таҳким дода шуд.
Воридоти сармоягузорӣ соли гузашта – дар Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ҳамин тариқ, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 3,1 миллиард доллар ё 3,7 баробар зиёд аст.
Роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ҳафтаи гузашта қайд кард, ки ба мақсади рушди босуръати иқтисодиёт сиёсати фаъоли сармоягузорӣ пайгирона татбиқ карда мешавад, қисми зиёди сармоягузориҳо, ки дар соли 2020 азхуд карда мешаванд, қарзҳои мустақими хориҷӣ ва вомҳо мебошанд. 
Аз ҷумла, соли ҷорӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ҷалб намудани сармояи мустақими хориҷӣ ба миқдори 5,8 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад, моҳи март Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор мешавад.
Ҳадафи асосии форум ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳа-драйвери иқтисодиёт — энергетика, мошинсозӣ, электротехника, технологияҳои иттилоотӣ, саноати нассоҷӣ, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, соҳаи сохтмон ва инчунин дар минтақаҳои кишвар мебошад.
Дар маҷлис вазифаҳои мушаххас оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ муайян карда шуд. Аз ҷумла, ба Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони соҳа ва минтақаҳо маводи презентатсиониро дар бораи лоиҳаҳои пешомаднок, ки ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод мешаванд, омода созад.
Зарурати эътибори махсус додан ба барқарор намудани шарикии мустақим байни истеҳсолкунандагони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҳангоми татбиқи барномаҳои минтақавӣ таъкид гардид.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ оиди ба форум ҷалб намудани намояндагони ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ супориш дода шуд.
Масъалаҳои босифат омода намудани ҷойҳо барои баргузории чорабиниҳо, таблиғи васеъ ва равшан кардани форум дар воситаҳои ахбори оммавӣ бардошта шуданд.
Шахсони масъул дар бораи рафти тайёрӣ ба ин чорабинӣ ва созишномаҳои пешбинишуда ҳисобот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: