ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР НАГАРДИД

аммо ҳамкориҳо идома доранд

аммо ҳамкориҳо идома доранд
Ҳокимияти вилояти Фарғона моҳи майи соли равон баргузории як форуми байналмилалиро барномарезӣ карда буд. Пахши коронавирус дар ин ҷодаи кор монеа ба вуҷуд овард ва баргузории он ба вақти дигар гузошта шуд. Аммо ҷалби сармояҳои мустақим, тарғиби салоҳияти инвеститсионии вилоят бо роҳу усулҳои гуногун идома дорад.  
Дар мулоқоти видеоӣ бо сафоратхонаҳои Куриёи Ҷанубӣ, Латвия ва Уммон ҳамкориҳои тарафайн ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Муовинони ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, сардорони шуъбаҳои савдои беруна, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва кормандони ин се сафоратхонаи муқими Тошканд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар карданд.
– Бо ширкати сармоягузорони хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят лоиҳаҳои зиёд таҳти корбаст қарор гирифтаанд. Боз чанд тавофуқнома ба имзо расид, ки доираи ҳамкориҳои моро бо сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи он тавсеъа мебахшанд,– мегӯяд муовини ҳокими вилоят Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов.
Вай илова кард, ки  соли равон татбиқи якчанд лоиҳаи бузург барномарезӣ шудаанд. Ба далели паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳибкорони зиёд имтиёзҳои фаровон дода мешаванд.
Бо сармоягузорони Куриёи Ҷанубӣ ҳамкориҳои мо беш аз пеш вусъат пайдо мекунанд. Дар мулоқотҳои сатҳи олии ду кишвар “харитаи роҳ” қабул шудааст ва маҳз тибқи он ҳамин даҳ лоиҳа мавриди корбаст қарор гирифтаанд. Яке аз ин лоиҳаҳо бахши таълимро пешбинӣ мекард. Бар асоси ин лоиҳа дар шаҳри Фарғона Донишгоҳи байналмилалии Куриё ифтитоҳ ёфт ва донишҷӯёни зиёдро ба канор пазируфт.
Дар конфаронс гуфта шуд, ки дар шаҳри Қувасой бо ташаббуси ҶММ “Grand Hayr Baraka” ва ширкати хориҷии «Myung Sung Placon Ltd» гармхонаи замонавӣ барпо мешавад, ки бунёди он 5 миллион доллар тақозо намудааст. Ҳоло пойдевори ин гармхона дар майдони дуним гектар рехта шудааст. 
Бар асоси як лоиҳаи дигар дар шаҳри Фарғона бо ташаббуси корхонаи муштараки ҶММ “Winchemical”  истеҳсоли коғазҳои полиэтилен ва изолятсия, фарши мулоим ба роҳ монда шудааст. Танҳо соли гузашта табодули моли миёни вилояти Фарғона ва Куриёи Ҷанубӣ 33,5 миллион доллари ИМА ро ташкил намудааст. 
Ҳоло 13 корхона маводи содиротӣ истеҳсол мекунанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи вилоят 9,5 миллион доллар ворид шудааст.
Ногуфта намонад, ки ду сол муқаддам дар шаҳри Фарғона филиали Мактаби олии ахбор ва менеҷменти Латвияро ифтитоҳ намуда буданд. Ин мактаби олӣ ҷавононро дар соҳаи фаъолияти соҳибкории сайёҳӣ ва идора кардани он, ташкил намудани меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо тарбия менамояд.     
Як бахши корро ба кишвари Уммон содир намудани меваи Фарғона ташкил медиҳад. Ин ҳамкорӣ низ аз замони ба роҳ монда шудани он натиҷаҳои босамар ба бор меоварад.  Соли гузашта як гурӯҳ намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Уммон дар вилояти Фарғона шудаанд. Дар ҷараёни мулоқотҳо якчанд меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Соли гузашта ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди “Export Import Tride”-и ноҳияи Олтиариқ ва корхонаи   “Alfa Level”-и ноҳияи Ӯзбекистон садҳо тонна меваву сабзавотро ба Уммон содир намудаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: