ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ БАЪД АЗ ДАВОС ДУВВУМИНИ САЙЁРА БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ӮЗБЕКИСТОН ТАЙЁР АСТ

Ба ҷараёни васеъмиқёси ислоҳот, ки тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиву гуманитарии Ӯзбекистонро фаро мегирад, доираҳои корчаллони ҷаҳонӣ, созмонҳои байналхалқӣ, идораҳои илмиву тадқиқотӣ ва майдонҳои таҳлилӣ шавқу рағбати зиёд зоҳир менамоянд.

Ба ҷараёни васеъмиқёси ислоҳот, ки тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ  ва маданиву гуманитарии Ӯзбекистонро фаро мегирад, доираҳои корчаллони ҷаҳонӣ, созмонҳои байналхалқӣ, идораҳои илмиву тадқиқотӣ ва майдонҳои таҳлилӣ шавқу рағбати зиёд зоҳир менамоянд.
Роҳандозии шарикии ба ҳамдигар муфид бо онҳо, истифода бурдан аз таҷрибаву дониши онҳо ба афзоиши иқтисодии Ӯзбекистон, ҳамгароии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, пешбарӣ намудани бренд дар бозорҳои ҷаҳонӣ хидмат менамояд.
Яке аз майдонҳои бонуфузи сармоягузории ҷаҳон – Форуми «Кранс-Монтана»-и созмони ғайридавлатии швейтсарии дорои таърихи 35 соларо чунин шарики боиқтидор шумурдан мумкин. Форум бо бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои ҷаҳон, ки дар байни онҳо СММ, ЮНЕСКО, ЮНИДО, ИА, НАТО, СУС, САҲА, Шӯрои Аврупо, ЕЭК мебошанд, кор мекунад. Мақсади асосии он аз кӯмак расондан ба роҳандозии алоқаҳои бевоситаи байни доираҳои корчаллон, арбобони давлатӣ ва сиёсии мамлакатҳои гуногун иборат мебошад.
Форуми сармоягузории баъд аз Давос дуввумини сайёра «Кранс-Монтана» дигаргунсозиҳои Ӯзбекистонро бо шавқу рағбат мушоҳида менамояд.
Ба қарибӣ намояндагии сафоратхонаи мамлакатамон дар Белгия бо роҳбарияти Форум бино бар масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, инчунин имкониятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ музокирот баргузор намуд. Баъд аз ба охир расидани вохӯрӣ хабарнигори мо дар Брюссел бо намояндагони ҷониби Аврупо сӯҳбат орост.
– Ӯзбекистон барои Форум давлати мавриди таваҷҷӯҳи ривоҷёфта ба ҳисоб меравад, – гуфт асосгузор ва раиси фахрии «Кранс-Монтана» Жан-Пол Картерон. – Мо бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ менамоем ва дигаргуниҳое,  ки баъд аз ба вазифаи Президенти мамлакат интихоб шудани ҷаноби Шавкат Мирзиёев ба амал омаданд,  мутаассиркунанда мебошанд. Узви форум бо вазифаҳои ба ҳамгароии мамлакат бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ марбут, ки бо суръати баланд тағйир меёбад, на аз рӯи шунидаҳояш шинос мебошад. Пешрафт, мушкилоти рушди соҳаи иҷтимоӣ ва шаффофияти иқтисодиёт амиқсозии ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ тақозо менамояд. Форум аз барқарор намудани ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон манфиатдор мебошад. Мо бо бисёр мамлакатҳои Шарқи наздик, Аврупо, минтақаи баҳри Миёназамин таҷрибаи бисёрсолаи кооператсия дорем. Ба сифати бартарӣ форум метавонад имконияти барқарор намудани алоқаҳоро бо шабакаи васеи доираҳои корчаллони мамлакатҳои ҷаҳон, роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва идораҳои молиявӣ фароҳам орад. Бо онҳо тӯли се даҳсола ҳамкорӣ дорем.
– Мо тайёр ҳастем Ӯзбекистонро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ кунем, ширкатҳои бонуфуз, созмонҳо, сармоягузорон ва бонкирҳо, сиёсатмадоронро ҷалб намоем, – идома дод сарвари форум.– Метавонем дар Тошканд бо ҷалб намудани аз 700 то 1000 вакилони тамоми ҷаҳон форуми сармоягузорӣ ташкил намоем. Мо инчунин тайёр ҳастем дар Брюссел ёки  дигар шаҳри дилхоҳ бахшида ба Ӯзбекистон сессияи махсус ташкил намоем ва шарикони иқтидорноки ҷумҳуриро даъват намуда, имкониятҳои онҳоро пешниҳод кунем.
Яке аз шарикони Форуми «Кранс-Монтана», ки дар фаъолияти он фаъол иштирок менамояд ва дӯсти наздики Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, собиқ директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова таассуроти худро баҳам дид.
–Дар тӯли солҳои охир ман бо форум дар бобати ташкили чорабиниҳо ва татбиқи лоиҳаҳо дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамкорӣ дорам. Гуворост, ки нақши Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ дар тӯли якуним соли охирин якбора баланд гардид. Ба туфайли саъю кӯшиши роҳбарияти ҷумҳурӣ дар минтақа воқеаҳое рух доданд, ки вазъияти сиёсиву иқтисодиро куллан тағйир дода, ҳамкории тарафайни байни ҳамсояҳоро беҳтар гардонда, эътимоди тарафайнро мустаҳкам кард.
Аз идома додани ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон хушҳол ҳастам. Ба таърих, маданият, анъана, нақш ва ҳиссаи он ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ баҳо додан душвор аст. Ман ба мамлакати шумо ба сифати директори генералии ЮНЕСКО бо қаноатмандӣ ташриф овардам.
Президенти Ӯзбекистон ҷаноби Шавкат Мирзиёевро бо муваффақиятҳояш дар ислоҳот, шаффофияти сиёсии ӯ, навсозии мамлакат муборакбод менамоям. Ба фикри ман, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди коммуникатсия ин хеле муҳим мебошад. Такмил додани таълим, илм ва технология, созмон додани марказҳои рушди инноватсионӣ барои ҳар як давлати замонавӣ калиди муваффақият ба ҳисоб меравад.
Ташрифҳои мунтазам ва мулоқотҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, конфронс оид ба Афғонистон дар Тошканд, ки дар он ҳайати вакилони олирутбаи як қатор мамлакату созмонҳои ҷаҳон иштирок карданд, нақш ва аҳамияти Ӯзбекистонро дар саҳнаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Ба татбиқи лоиҳаҳои ҷамъиятиву иқтисодӣ дар як қатор мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон ҷалб гардида, дар саъю кӯшиш оид ба рушди иқтисодӣ ва навсозии Ӯзбекистон, беҳтар гардондани иқлими сармоягузорӣ дар мамлакат бо мамнуният иштирок менамоям.

ОИ «Ҷаҳон», 
БРЮССЕЛ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: