ФОСИЛАИ ОЗОДӢ

Ҳикоя

Дар фазои ғуборолуди шаҳри Идлиб зоғҳо села-села парвоз мекарданд. Гоҳ аз наздик ва гоҳ аз дур садои тиру туфанг бо «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қади роҳи биноҳои валангору кӯчаҳо ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат мекарданд. Офтоб оҳанги падрудро менавохту моҳи рангпаридаи чеҳракоста рӯ менамуд. Ҳарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтода музтару ҳайрон менамуданд. Ангор гӯш ба қимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунрезиву шӯриш оқибат бо чӣ меанҷомида бошад. Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар қатори биноҳои пасту баланди харобгашта хонаи назарногире ба чашм мерасид. Хонаи хурдакаке, ки манзили Ҳозиқ ном сардори гурӯҳи ифротиён буд, бомпӯш надошт. Ӯ ба мақсади аз назари «душманон» пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. Мӯрии тираранг ва мавҷгири моҳвораӣ, ки аз боми ин кулба ба назар мерасид, гӯиё нишонаҳои ду олами ба ҳам зид буданд, ки саҳван баҳам омада бошанд. Мӯрӣ гурбаи сиёҳеро мемонд, ки ба дили атрофиён торикӣ меандохт. Баръакс, лаълии мавҷгир зоҳиран умеди рӯшноӣ мебахшид, дар ҳоле ки метавонанд ин ду чизи мухолиф вазифаҳои акси тасаввури моро адо намоянд. Деворҳои гиландоваи хона ҳар ҷо - ҳар ҷо афтодаву тирезаҳо аз дарун бо матои сиёҳ маҳкам пӯшонида шуда буданд. 
Хона ду дар дошт, ки яке ба ҷониби шаҳр кушода мешуду дигаре ба самти танӯр. Аз тарафи рости даромадгоҳ зинае ба зери замин мефаромад. Дар поён ду хона ҷой гирифта буд, ки яке макони хуфту хези соҳибхонаҳо буду дигаре ошпазхона. Бошандагони манзил барои ҳифзи ҷон аз ҳар гуна ҳолатҳои ногувор ва ҳуҷуми душман дар таҳхона иқомат доштанд. Дар хона, ки тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор ҷой дошт ва онро қандили калоне равшан мекард, кадбону таоми шом мепухт. Писарчае, ки яқин 3-4 сол дошт, ду даст зери манаҳ гузошта, дида аз оинаи нилгун намеканд. Бо завқи тамом як шабакаи давлати дигарро тамошо мекард. Ҳарчанд забони барномаро намефаҳмид, аз рақсу бозии бачагон, сурудхониву лапаргӯйии одамон, рӯ-рӯйи ресмон тохтани дорбозҳо, гӯштингирии паҳлавонон, суманакпазии бонувон завқ мебурд. Бачаҳо бо шохаҳои гул дар ҳавои навоҳои дилкаш мерақсиданд, шеър мехонданд, байтбаракбозӣ мекарданд. «Оҳ, онҳо чӣ қадар хушбахтанд!..» – бо ҳавас аз дил мегузаронид бачаяк. 
– Модарҷон, ин одамон чӣ кор мекунанд? 
– Ба фикрам, ҷашнеро пешвоз мегиранд, – ба телевизор нигоҳ кард зан.
– Чӣ гуна ҷашн?
– Намедонам, шояд ягон иди мардумӣ бошад...
– Мо кай ид мекунем?
Модар оҳи сарде кашиду назди ҷигарбандаш омад ва ӯро бо меҳр оғӯш карда, бӯсид.
– Худо хоҳад, ҷанг тамом шавад, сиҳҳату саломат ба озодӣ расем, он гоҳ мо ҳам ид мекунем. Ҳар рӯзи мардуми мо ҳам ҷашну сур мешавад.
– Ман ҳам либосҳои нав пӯшида, ба ид меравам-а? – рӯ ба модараш овард писарак.
– Албатта меравӣ! Падарат бароят либосҳои нав меорад. Ту онҳоро пӯшида, ба ҷашнгоҳ  меравӣ. Бо дӯстонат бозию хушнудӣ мекунӣ.
– Ман рафиқ надорам...
– Дунё, ки ором шуд, модарон нотарсида бо кӯдакони худ ба хиёбонҳо мебароянд. Аз байни онҳо ба худ дӯсту рафиқ пайдо мекунӣ, шери оча. Дӯстонат зиёд мешаванд. 
– Ман ҳамроҳи онҳо рақсида, хурсандӣ мекунам-а? 
– Бале.
– Дар ид ба шумо гулдаста тӯҳфа мекунам, ба падарам китоб.
– Чаро ба ӯ китоб ҳадя мекунӣ?
– Охир падарам китобхониро дӯст медорад. Ба шумо мисли ин гулҳои хушрӯ, – ба гулдастаи дасти духтараке, ки дар телевизор нишон медод, ишора кард писарак, – як гулдастаи калон ва  либоси қиматбаҳо туҳфа мекунам.
– Барои ин қадар туҳфа пули бисёр лозим аст. Пулро аз куҷо мегирӣ? – дар лабони зан хандаи малеҳе гул кард.
– Ман калон мешавам, кор мекунам. Пули зиёд меёбам. Баъд ба шумову падарам тӯҳфаҳои ҳархела мехарам. 
– Шери оча-е, – писаракро ба канор кашид зан, – илоҳо ба муроду мақсадат бирасӣ. Ҷангу хунрезиҳо тез анҷом ёбанд. Осудагиву озодие, ки ормони мост, зуд фаро расад ва ту ҳаргиз армонбадил намонӣ, шери оча...
Кадбону аз пайи кору бораш шуд. Ҳар лаҳза саҳнаҳои намоиш тағйир меёфтанд. Акнун як гурӯҳ бачагон дар ҳамвориҳои васеи сабзу хуррам медавиданду бодбарак мепаронданд.
– Модарҷон ин бачаҳо чӣ кор мекунанд? – дубора савол дод писарак. Модар, ки дар даст косаи биринҷ дошт, рӯй ҷониби экрани телевизор гардонду гуфт. 
– Бодбарак мепаронанд, бачам.
– Бодбарак чист?
Модар биринҷро рӯйи матое рехта, сангпораҳоро чидан гирифт.
– Чизест, ки бачагон аз коғаз бо истифодаи чӯбҳои борик ва ширеш месозанд. 
– Сохтаҳоро чӣ мекунанд?
– Аз як гӯшааш ресмон мебанданд ва дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медиҳанд. Он бо шамол дар само парвоз мекунад. Кӯдакон дар баҳси якдигар бодбарак мепаронанд. Бодбараки касе, ки аз ҳама боло парвоз кунад, ғолиб мегардад.
– Шумо ба ман ҳам бодбарак созед, очаҷон. Ман ҳам мехоҳам бодбарак паронам.
– Дар куҷо бозӣ мекунӣ? Онро дар хона бозӣ намекунанд. Барои он ҷойи кушоду васеъ лозим. Бачагонро бин, дар дашту даман бодбарак мепаронанд, – ба телевизор ишора кард модар.
– Ман ҳам дар ҳамвории назди хона бозӣ мекунам.
– Ҳеҷ гоҳ, – чун нафаре, ки аз чизе тарсидааст, дод зад зан, – дар ин бора ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накун. Магар суханони падаратро фаромӯш кардӣ? Аз таҳхона берун бароед, гӯшҳоятонро мебурам гуфта буд.
– Чаро набароям? 
– Падарат набаро гуфт, пас баромадан даркор не!
– Ман бачаи ганда не-ку.
– Кӣ туро бад гуфт?
– Худатон гуфта будед, ки одамони бадро дар як хона гузошта, ҷое рафтан намегузоранд. Ман бачаи боодоб-ку, – димоғсӯхта гуфт писарак. – Чаро ба ман берун рафтан мумкин не?
– Чунки ҳамон одамони гапнодарову якрав, бадҷаҳлу бадқавоқ, бераҳму бадкирдор аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳозир онҳо дар кӯчаҳо гаштугузор доранд. Агар онҳо бачаҳои боақлу боодоб, гапдарову ботартибро бинанд, гирифта мераванд.
– Куҷо гирифта мераванд?
– Ба ҷойҳои бад.
– Чӣ хел ҷойҳои бад? Ба ҳабсхона мебаранд?
– Ба ҷойе, ки аз ҳабсхона ҳам бадтар аст, – сар боло кард зан ва дида ба оинаи нилгун дӯхту фирефтаи хаёл шуд.
– Ман онҳоро «диш-диш» мезанам ва аз дасташон раҳо ёфта, хона меоям. 
– Наметарсӣ?
– Не-е, наметарсам, – бо забони ширини бачагонаи худ ҳарф мезад писарак. 
– Ҳамин шербачаи модар саломат бошад-е, – гуфт зан ва биринҷу матоъро гирифта, назди бухорӣ рафт. Писарак дар назди телевизор дурусттар ҷой гирифт. Акнун овозхоне суруд мехонд. Писаракро оҳанги шӯху садои гӯшнавози ҳофиз ба ваҷд овард магар, ки аз ҷой бархоста, ба рақс даромад. Модарро арғуштравии нури дидагонаш писанд омад. Аҷаб китфҷунбониҳо дорад писаракаш. Модар ҳамоҳанг ба зарби доира каф мезад. Писарак модарашро низ ба рақс кашид. Зан дар ҷойи нишасташ мерақсиду писарак дар атрофи ӯ парвонавор давр мезад. Хушнудии онҳо ҳадду канор надошт. Мерақсиданд, механдиданд, меболиданд... Баъд аз анҷоми савту суруд барномаи дигаре оғоз шуд, ки дар он дӯшизаи хушлибосу хушсурате коғазу қайчибадаст тарзи сохтани бодбаракро мефаҳмонд. Бача аз телевизор чашм намеканд ва ҳар як ҳаракати дасти духтаракро, ки бодбарак месохт, аз назар мегузаронд. Пас аз хотимаи барнома писарак дарҳол ба хонаи дарунӣ даромада, дар даст чанд чӯби дароз баромад. Аз болои миз, ки як даста маҷаллаҳо мехобид, рӯзномаи калонеро гирифт. Пас аз модар хоҳиш намуд, ки ришта диҳад. 
– Ресмонро чӣ мекунӣ?
– Бодбарак месозам. 
(Давом дорад).
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: