Муҳити хонадон, машғулияти падару модар бобати тарбияи фарзандон ва касбу кореро пеша намудани онҳо бетаъсир намемонад.
Гуфтори мардум «Фарзанд чӣ гуна, падару модар намуна» беҳуда нест. Соли 1978 дар хонадони сокинони деҳаи Шовареи ноҳияи Пешкӯ тракторчии колхоз Облоқул Мансуров ва колхозчӣ Малоҳат Ҳоҷиева фарзанди аввалин – Улуғбек ба дунё омад. Вай дар мактаби деҳа – №18 ба номи С.Лазо бо баҳоҳои хубу аъло мехонд ва баъди дарс ба корҳои падару модар ёрӣ мерасонд. Тадриҷан ӯ тракторрониро омӯхт ва ба мададгори доимии падар табдил ёфт. У.Мансуров соли 1995 мактаби миёнаро хатм кард ва худи ҳамон сол ба техникуми автомобил ва роҳҳои Бухоро дохил шуд. Баъди се сол таҳсили онро ба поён расонда ба зодгоҳ баргашт. Дар хоҷагии ҷамоавии «Мустақиллик» ба кор шурӯъ кард. Дар шуъбаи таъминоти сӯзишвории техникӣ якчанд сол фаъолият нишон дод.
Соли 2003 вай орзуи фермерӣ кард ва аз мавзеи Варахша 20 гектар замин гирифт. Дар панҷ гектар майдон пахта ва дар 15 гектар ғалла кошта, комёб гардид. Албатта, дар шароити чӯл дастрас намудани ҳосилнокии баланд кори осон нест, вале чорабинӣ, азму кӯшиш, риояи пурраи қоидаҳои агротехникӣ ба деҳқонон имконият дод, ки онҳо ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шаванд. Солҳои зиёд ба қафо монданд. Ба туфайли меҳнати фидокорона нақшаҳои шартномавӣ ҳар сол иҷро мегарданд. Ин имконият медиҳад, ки пойгоҳи моддии хоҷагии фермерӣ сол то сол мустаҳкамтар шавад. Ҳоло ҳимматбаландон соҳиби бошишгоҳи саҳроӣ, тракторҳои «МТЗ-80», «ТТЗ-80-10», техникаи зарурӣ бо таҷҳизотааш, присепҳо, автомобили (автобуси хурди) «Форд» ва ғайра шудаанд.
Имрӯз миқдори заминҳои хоҷагӣ ба 50 гектар расидааст. Деҳқонони пуртаҷриба дар 13 гектари он гандум ва дар 25 гектараш пахта кошта ба мақсад мерасанд. Саркор ва тракторчии хоҷагии фермерӣ Шералӣ Саломов, обронҳо Ризоқул Ҳоҷиев, Содиқ Раззоқов, Ҷаҳонқул Мансуров, аъзоён Олия Нурназарова, Зӯҳро Ҷамолова, Матлуба Ҷамолова, Хуршеда Ҳамроева, Мавлуда Мансурова ва дигарон кайҳост, ки ба пуштупаноҳи хоҷагии фермерии «Облоқул Камолиддин ӯғли» табдил ёфтаанд. Амаки фермер Чориқул Мансуров низ ҳамчун ронанда аъзоёнро ба кор бурда оварда мушкилкушо мегардад.
Ҳар сол обу ҳаво гӯё деҳқононро имтиҳон мекунад. Хусусан мавсими киштукор бориши пай дар паи борон ё ки омадани борони сел ба ташвиши онҳо ташвиши нав зам мекунад. Имсол низ фасли баҳор сербориш омад. Ба пахтакорони хоҷагии фермерӣ лозим омад, ки панҷ гектар майдони нав кишткардаро вайрон карда такрорӣ коранд. Ба ҳар ҳол нигоҳубини саривақтӣ, обёрию ғизодиҳии чандинбора боиси фароҳам омадани ҳосили фаровон гардид. Ба ибораи дигар кишти навъи «Бухоро-8» деҳқононро ноумед накард. Мавсими якчандрӯзаи ғунучини ҳосил пахтакоронро шод кард. Супориши шартномавӣ 29 сентябр дар қатори аввалинҳо иҷро шуд. То имрӯз (16 октябр) ба давлат зиёда аз 61 тонна «тиллои сафед» армуғон гардид, ки ин нисбат ба супориш 5 тонна зиёд аст. Деҳқонон мавсими ғалладаравӣ аз ҳар як гектар майдони ғалла бештар аз 45 сентнерӣ ҳосил гирифта, аз саховати дашт хурсанд шуда буданд. Мавсими пахтачинӣ низ онҳоро хушнуд гардонд. Бояд таъкид намуд, ки меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, чашмикордонии Улуғбекро ба ҳисоб гирифта, ӯро роҳбари ҳудуд интихоб карданд. Як сол боз вай ором намегирад, ҳамкасбонашро низ ба масъулиятшиносӣ водор намуда мехоҳад, ки ба боварӣ муносиб бошад. Беҳуда нест, ки то ҳол аз 25-то хоҷагии фермерии ҳудуд ҳафтояш аз ҷумла хоҷагиҳои фермерии «Хастанапур» (роҳбараш М.Маҳмудов), «Варахша нурли замин» (сарвараш Умед Маҳмудов) ва дигарон супоришоти шартномавиро ба сомон расонданд. Дар натиҷа то имрӯз ҳудуд супоришоти пахтасупориро 90 фоиз иҷро карда дар ноҳия пешқадам аст.
Суҳбати мо бо саркор Шералӣ Саломов ва сардори хоҷагии фермерию роҳбари ҳудуд Улуғбек Мансуров тӯл накашид. Онҳоро чинакчиён интизор буданд.
– Ду-се сол муқаддам мавсими пахтачинӣ хурду калонро ба ташвиш меовард, – лаб во кард фермер, – соҳае набуд, ки аз ин маърака берун монда бошад. Ҳам муаллимон овора буданду ҳам талабагон. Ҳатто ба пахтачинӣ ҷалб гардидани хонандагони синфҳои ибтидоиро намегӯед?! Ҳама ба танг омада мегуфтанд: «Пахта сафед бошад ҳам дарунаш сиёҳ». Имрӯз ҳама ҳайрон: бе талабаю омӯзгор, бе ҳашарчиёни шаҳрию донишҷӯёни мактаби олӣ, бе ғурбату дилсиёҳӣ супориш иҷро мешудаст-ку. Ҳоло ҳеҷ кас касеро маҷбур намекунад, баръакс худи хоҳишмандон бисёр. Дода шудани музди дилхоҳ – барои ҳар як килограмм пахтаи чидашуда 1000 сӯмӣ ҳар як фарди имкониятдоштаро ҷалб мекунад. «Чашми корро донӣ – дар намемонӣ» гуфтани мардум дуруст будааст, – хулоса кард ӯ.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.