Аз ҷевон доруи хоб гирифтаву рӯйи забон мегузорам ва он ҳабби хобовар оҳиста-оҳиста об шуда вориди ҷисми ман мегардад.
Аз ҷевон доруи хоб гирифтаву рӯйи забон мегузорам ва он ҳабби хобовар оҳиста-оҳиста об шуда вориди ҷисми ман мегардад. Мунтазир мешавам, ки албатта, хобам хоҳад бурд ва андешаҳои бесару нӯг сари пур аз ғавғои маро тарк хоҳанд кард ва дар каллаи, инак, монои лонаи шағолони ман даме оромӣ барқарор хоҳад шуд. Вале ин амали ман натиҷае намедиҳад. Боз як дона ҳаб менӯшам, боз ва боз.... Куҷо? Нест хоб. Дар ҳайратам, ки чаро хобам намебарад. Аз ҳар ҷониб андешаҳо фишорам меоранд, дилам танг мешавад ва дар панҷаи афкори ҳудаву беҳуда ба талотум меояд, гӯё кошонаи мӯрчагон бошад, ки нохост шабнаме афтодаву дар доманаш тӯфоне бархоста.
Мехезам ва бори чандум аст, ки бидуни кадом як мақсад хонаро давр мезанам.
Нигоҳам ба ҳар сӯ давида шуғле меҷӯям. Шояд боз ҷорӯбро гирифтаву... Не, охир бас будагист, як хонаро чанд бор метавон рӯфт? Ҳама ҷо мисли оина тоза, анҷоми хона низ муназзам. Пас чӣ кор кунам? Шуғле намеёбам. То субҳ ҳанӯз вақт зиёд аст. Эҳ, чӣ шуд ба ман? Чаро хобам якбора парид? Китоберо ба даст мегирам ва зуд пӯшида рӯйи миз мегузорам, хондан ба дилам намегунҷад. Даст зери манаҳ гузоштаву ду чашм ба тирезаи пардааш кушода муддате менишинам. Дар паси панҷара шаб қоим аст ва хомӯшии ҳавлангезе ҳукм меронад. Ҳатто сагҳои шабзиндадор низ масти хобанд, ки садое дарнамедиҳанд. Ман бедорам, хоб надорам. Дар як гӯшаи шаҳри азим – Маскав бо афкори гоҳе хубу гоҳе бад дасту гиребонам. Манзили зистам хонаи як пиразани меҳрубонест, ки нигоҳубини ӯро дар зимма дорам. Зани хуб аст, модарвор дӯсташ медорам! Ба ҳам хеле унс гирифтаем. Ҳоло ба маризии ҳамагир печида, дар шифохона даво мегирад, он муштипари берӯзӣ низ дар талоши зинда мондан аст. Аз ин ҷиҳат ҳам дилам бухс мекунад.
Кош, зудтар сиҳҳат шуда ба манзилаш бармегашт. Мабодо... Не-е, Худо нигаҳ дорад. Ба китфи чап рӯ гардонда туф-туф мегӯям, шайтонро ҳай мекунам, то ки маро аз хаёлҳои бад во раҳонад. Бигзор он соҳибхоназани меҳрубон сиҳҳат ёфта, ба шодии ману пайвандони камчинаш биафзояд.
Боз андешаҳо маро сӯйи Ватан раҳнамо мегарданд. Он ҷо ҳоло тирамоҳ рангрезӣ дорад. Табиат худро ба сад ранг оғӯшта аст. Боди хазон кӯй ба кӯй гашта, аз омадани рӯзҳои сард дарак медиҳад. Ман аз Ватан дурам, барои он ки мушкили рӯзгори худро осонтар бисозам, то заминаи шоистае барои зисти ду писарам муҳайё кунам, худро ба кӯйи ғарибӣ задаам. Фарзандонам аз тифлӣ бе падар калон мешаванд, падари онҳо ба муҷибе моро дар чорсӯйи ҳаёти бешафқат танҳо гузошт. Худо хайраш бидиҳад. Мани муштипар ду тифли худро ба дандон газидаву калон кардам, то дар оянда бехонаву ҷой набошанд, азоби ҳиҷратро таҳаммул карда, ба ин шаҳри пурғавғо омадам ва чандин сол машаққат кашида маблағе ба даст овардам. Барои фарзандон сарпаноҳе сохтам. Кӯшиш дорам, ки онҳоро бекамиву костӣ ба воя расонда, ояндаи хубашонро таъмин намоям. Онҳо, бешак, ду боли мананд. Агар ҷавонии худро нисори онҳо кардам, агар саломатии худро дар роҳи ҳаёти минбаъди ҷигаргӯшаҳои худ бохтам, боке нест. Худо шоҳид, талошҳоям бенатиҷа нахоҳанд монд. Худо хоҳад, онҳо маро дар дами пирӣ танҳо нахоҳанд гузошт. Ҳоло як писарам донишҷӯй аст. Дар бахши забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мегирад. Дуюмӣ ҳанӯз мактабхон. Вай ҳам ният дорад, донишҷӯй шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва дар соҳаи дилхоҳаш кор кунад. Мани замоне муаллима ҳоло муҳоҷирам. Дур аз ҷигаргӯшаҳои худ ба ҳар гуна кор машғул мешавам, то кӯдакони ҳоло омодаи парвози ман азоб набинанд, бе китобу дафтар, бе либос, бе сарпаноҳ намонанд. Худро дар байни ҳамсолонашон ҳақир ҳис накунанд. Агар сад ҷон дорам, бигзор нисори фарзандонам бод! Аммо аз як сӯ дилам сахт хиҷил аст, зеро ба онҳо ба таври бояду шояд меҳри модарӣ дода натавонистам. Ҳама умрам аз пайи ҳалли мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ дар муҳоҷират мегузарад. Фарзандони азизам, нури дидагонам, модари раҳдуратон шуморо аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад, то луқмаи шумо ҳалол бошад, часпу талош дорад, шабону рӯзон кор мекунад, мудом дар андешаи ояндаи, иншооллоҳ, дурахшони шумост...
Дар паси тиреза авҷи тирамоҳон аст ва шаб ҳукмдори кавну макон. Ин дам маро телефон аз андешаҳои гуногун раҳонда аз расидани паёмаке огоҳ мекунад. Зуд мекушоям... Калониам навишта буд: «Модар фариштаест, ки ба чашми сар мебиниаш... Шуморо хеле дӯст медорам, очаҷон!»
Вуҷудам лабрези эҳсоси ширине мешавад, дилам зуд-зуд ба тапидан даромада, аъзои пайкарам ба ларзиш меоянд. Бо дастони ларзон телефонро ба лабҳоям наздик меорам ва ба он вожаҳои соҳир бӯса мезанам. Гаштаву баргашта мехонам ва аз умқи вуҷудам чи ҳарфҳое берун меоянд, бесадо аз нӯки забонам пар кушуда дар фазои хона меомезанд. Нохост аз чашмони дар доми сиришкам рӯйи таблуи телефон аввал як қатра, баъд ду қатра ашк мерезад.
Аҷаб тасодуфе. Гӯё бародарон маслиҳат карда бошанд, ки ин дафъа аз номи хурдиам паёмаке расид ва маро комилан ба оби дидагонам ғарқ сохт. «Очаҷон, ёд кардам, зудтар баргардед». Телефонро дубора ба лаб оварда тоблуи онро, ки акси ду шаҳписарам насб шудааст, девонавор мебӯсаму мебӯсам... Сиришки чашмонам гӯё селе буд, ки сарбандро рахна кардаву бо суръати фавқулоддае ба ҳаракат омадааст. Гиряи ман, ки дар аввал бесадо буд, баъд беихтиёр гиреҳе аз гулӯям кушода шуду садоям хонаро пур кард. Гириставу гириста ҳама бори гарони дилро берун афкандам ва хостам ба паёмакҳои азизонам посухе нависам. Чашмонам ҳарфҳоро намедиданд. Ҳарчанд пок мекардам, дубора об гирифта, бароям имкони диданро маҳдуд мекарданд. Муддате чун шахси забонбурида: «Оҳ, ман садқаи забони очагӯяки шумо, адои меҳри бепоёни шумо! Ман ҳам шуморо дӯст медорам, нури дидагонам! Аз ҷон дӯсттар медорам!» – мегуфтам пайваста.
Ин дам фикре ба сарам зад, ки зуд анҷомҳои худро ҷамъ кунаму озими Ватан шавам. Ба пеши фарзандон ва пайвандон баргардам, аммо боз ба сомон овардани сад мушкили рӯзгор ба ёдам расиду аз раъйи худ баргаштам. Каме сабр кунед, шаҳболҳои оча! То мустақилона парвоз омӯхтани шумо ман – Модари шумо дар муқобили ҳар навъ сахтиҳо синасипар хоҳам буд. Он рӯз дур нест, ки дида ба дидор бирасаду мо аз меҳри якдигар ба серӣ бархурдор гардем. Боз каме сабр!..
Дилафрӯз АЛУЛЛОЕВА,
шаҳри МАСКАВ.