Футбол

ӮЗБЕКИСТОН СОҲИБИ ҶОМ

Дар Тошканд мусобиқаи «CAFA Wоmens Championship – 2018» оид ба футболи занона гузаронида шуд. Дастаи миллии  Ӯзбекистон пирӯз гардид.  

Дастаи мунтахаби Эрон соҳиби медалҳои нуқра, футболбозони Тоҷикистон сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Ҳамчунин, бинобар маълумоти хидмати матбуоти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ҷоизаи махсуси МОФА насиби ҷамоаи яккачини Афғонистон гардид. Ҷоизаи мухлисон ба духтарони дастаи Қирғизистон, ҷоизаи Fair Play ба ҷамоаи яккачини Тоҷикистон тақдим шуд.  
Шоҳмот

ҒАЛАБАИ ШОҲМОТБОЗОНИ МО

Аз 24 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Куняи Туркия олимпиадаи ҷаҳонӣ бино бар шоҳмот дар байни шоҳмотбозони то 16-сола баргузор шуд, ки дар он беш аз 220 нафар шоҳмотбозони 39 мамлакати дунё иштирок карданд. 

Дар он варзишгарони мо мувофиқи натиҷаи давраи нӯҳум соҳиби медали тиллоӣ шуданд. 
Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Федератсияи шоҳмоти кишвар, шоҳмотбозони мо дар ҷараёни мусобиқа ҷамоаҳои мунтахаби Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Украина, Венгрия, Полша ва Молдоваро мағлуб намуда, ба шоҳмотбозони ИМА имкониятро аз даст доданд. 
Бояд гуфт, ки ин медали тиллоии ҷамоаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон дар олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот байни то 16-солаҳо дар таърихи шоҳмоти кишвар натиҷаи аввалин аст.  

М.ҚОДИРЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: