Футболбоз Ҷордан Эванс бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд. Пулис мунтазири анҷоми бозӣ нашуда, барои боздошти бозигар вориди майдон шуд.
Футболбози уэлсӣ дар яке аз лигаҳои поёнии чемпионати Уэлс бозӣ мекунад.
Тибқи маълумотҳо, ҳодиса рӯзи шанбе, 7 сентябр рух додааст. Ҷордан Эванс дар нимаи дуюми бозии “Беглан Dragonс” бар зидди “Кумбран Селтик” аз захира ба майдон даромад. Тӯпи фиристодаи ӯ ду маротиба бо гол анҷом ёфт ва голи ғалабаро низ вориди дарвоза кард. Бозӣ бо пирӯзии «Беглан» бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт.
5 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ пулис ба майдон омада, бозигарро боздошт кардааст. Мураббии даста ба иваз кардани бозигар муваффақ гардид.
Баъдтар полиси Уэлси Ҷанубӣ тасдиқ кард, ки як марди 31-соларо бо гумони дуздӣ дастгир кардаанд. Аммо баъди исбот нашудани гуноҳи мард ӯро озод карданд.
Дар баёноти Беглан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки клуб аз видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншудаи бозигар огоҳ аст.
"Мо инчунин метавонем тасдиқ кунем, ки бозигари мавриди назар аз ҷониби полиси Уэлси Ҷанубӣ пас аз чанд соат пас бидуни ягон иттиҳом ва бе ягон ҳаракатҳо озод карда шуд. Мо ин парвандаро пӯшида меҳисобем ва минбаъд дар ин бора шарҳ намедиҳем», - хулоса кардааст клуб дар баёноти худ.