Дар ин навишта сухане чанд пиромуни китоби тозанашри «Адабиёт» барои синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баён намуданием.
Боиси хушнудист, ки тибқи фармони Президент Ш.Мирзиёев ва қарору фармоишоти Вазорати таълими халқ дар соли хониши нав дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълими ҳатмии ёздаҳсола ба роҳ монда шуд. Натиҷаи таҷрибаи чандинсола ҳаминро тақозо дошт. Хушбахтона, гули муроди аксари онон шукуфт.
Биёем ба сари асли матлаб. Китоби мазкур аз ҷониби муаллифон Ҷ. Ҳамроев, О. Давлатов, Х. Ҳамидов дар асоси барномаи таълимии Маркази таълими ҷумҳурӣ таълиф шудааст. Дар як муддати кӯтоҳ навиштани як китоби дарсӣ, ки дониши амиқро аз муаллифон талаб мекунад, кори басе масъулиятноку заҳматталаб аст. Шахсан худам, ки омӯзгор ҳастам ва дар ин синф дарс медиҳам, онро хуш истиқбол намудам. Китоб ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати бадеӣ талаботи донишомӯзони синфҳои ёздаҳро комилан қонеъ гардонда метавонад. Мураттабӣ, вобастагӣ ва ҳаҷми мавзӯъҳо тибқи соатҳои дарсии нақшаи таълимӣ буда, бандубасти ҷумлаҳо қобили қабул аст.
Пӯшида нест, ки дар синфҳои ёздаҳуми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ адабиёти муосир таълим дода мешавад. Биноан, басе рамзист, ки дар рӯи китоб чашм ба сурати сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ меафтад.
Китоби мавриди назар дар муқоиса бо китобҳои дарсии адабиёти синфҳои поёнӣ ва забони тоҷикӣ бартариҳои зиёде дорад. Мисол, дар поёни ҳар мавзӯъ овардани саволу супоришҳо барои хонандагон ба таҳкими он мусоидат менамояд. Мавзӯи «Ташаккули назм дар давраи истиқлол», ки ба фасли «Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон» тааллуқ дорад, айни муддаост. Ин фаслро, ки намунаҳои эҷодиёти шоиру нависандагони тоҷики Ӯзбекистонро дар бар мегирад, метавон ҳалқаи пайванди дирӯзу имрӯз ва фардои адабиёти тоҷик дар ин ҳавза номид.
Фасли «Адабиёти ӯзбек» ва «Адабиёти ҷаҳон», ки дар он шарҳи ҳол ва аз эҷодиёти шоиру нависандагон Эркин Воҳидов, Ӯткур Ҳошимов, Иоҳанн Волфганг Гёте, Сергей Есенин намунаҳо оварда шудаанд, ба дӯстиву ҳамбастагии адабиёту халқҳо мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки китоби мазкур аз номураттабиҳои ҷузъӣ холӣ нест. Мисле ки мавзӯи эҷодиёти Мирзо Турсунзода пештар аз эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ ё Бозор Собир қабл аз Лоиқ Шералӣ (мувофиқи соли тавлид) оварда мешуд, ё худ ғазали А. Лоҳутӣ «Зиндагӣ охир сарояд...», ки онро дар синфи нуҳум (Адабиёт, Ҷ. Ҳамроев, Тошканд, с.2014, с. 86) аллакай талабагон аз ёд медонанд, бо ягон ғазали дигар иваз карда мешуд, хуб буд.
Умед аст, ки дар нашрҳои минбаъда боз китоби мазкур аз назар гузаронда мешавад ва баъзе нуқсонҳои ҷузъӣ бартараф карда мешаванд.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 30,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.