Аз оташу обу боду хокем ҳама, З-ин чор чу набванд, ҳалокем ҳама, – гуфтааст Хайёми бузург. Ин чор унсур – оташу обу боду хок, ки шоир эътироф намудааст, мабдаи тамоми мавҷудоти олам мебошад. Мардум аз азал ин чор унсурро муқаддасу азиз шумориданд ва шояд аз ин сабаб бошад, дар нақлу афсонаҳои халқӣ ситоиши ин унсурҳо бештар ба назар мерасанд.
Дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ Ширин ба Фарҳоди кӯҳкан ба хотири овардани ҷӯйи пуроб шиносоӣ пайдо мекунад, яъне дар ин достон сарчашмаи ишқ оби мусаффо мебошад.
Туро чун хоб мехоҳам, дар ин шабҳои бехобӣ,
Туро чун об мехоҳам дар ин паҳнои беобӣ.
Об манбаи беназире мебошад, ки тамоми мавҷудоти рӯйи олам бе он зиндагонӣ карда наметавонад. Об барои тамоми ҳаёти инсон, ҳайвоноту наботот бениҳоят зарур аст. Об ба табиату инсоният, боғу бӯстону гулу гиёҳҳо, баробари зебоию сарсабзӣ, умри дубора мебахшад.
Агар об набошад, деҳқонон дар заминҳои кишоварзӣ маҳсулоти хӯроквориро чӣ тавр мерӯёнанд? Агар онҳо нарӯяд, пас зиндагонии мардум чӣ тавр мегузарад?
Об ба ҳаёти мо вобастагии қавӣ дорад, ки барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустани либос, тоза кардани хонаву ҷой, сохтани манзил, обод кардани гирду атроф, обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мешавад. Аз ҳама муҳимаш, қисми асосии тана ва мағзи сари инсон аз об иборат буда, ҷиҳати мавҷудияти он об моддаи зарурӣ ба шумор меравад. Инсон дар беобӣ 7-8 рӯз тоб оварда метавонаду халос.
Чоряк қисми аҳолии дунё аз истеъмоли оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд.
Дар мамлакати мо низ солҳост, ки норасоии об ба назар мерасад. Дар Қароқалпоқистону Хоразму Бухоро мавзеъҳое ҳастанд, ки аҳолии он ба оби ошомиданӣ нисбат ба дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ бештар маблағ сарф мекунанд, инчунин дар ин манзил заминҳо низ бо душворӣ обёрӣ мешаванд. Таъминоти об бошад, дар ҳар сари кас гуногун аст, масалан, дар баъзеи вилоятҳо дар як шабонарӯз барои як кас тақрибан 40 литр об сарф шавад, ин нишондод дар вилояти дигар то 200 литр мебошад.
Зодгоҳи ман – деҳаи Сентоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ яке аз мавзеъҳои зебоманзари кишварамон ба шумор меравад. Деҳа кӯҳҳои сарбаланд, чашмаву шаршараҳои дилкушою мусаффо дорад, ки боиси қадамгузории сайёҳони хориҷиву ватанӣ гаштааст. Яке аз чашмаҳои калонтарину шириноби деҳа «Акко» ном дошта, тамоми аҳли деҳ аз он истифода мебаранд. «Фозилмон» ном кӯли калонтарину серобтарини он бошад, аз рӯйихати даҳгонаи кӯлҳои хушнамои Ӯзбекистон ҷой гирифтааст.
Соли 2022 мувофиқи фармони сарвари давлат ва қарори Девони Вазирон ба Сентоб мақоми деҳаи сайёҳӣ дода шуд ва пас аз ин барои пешвоз гирифтани сайёҳону бо табиати мӯъҷизаофари деҳа шинос гардондани онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда шуд. Ҳоло ба инҷо аз Англия, Фаронса, Олмон, Русия, Австрия ва мамлакатҳои дигар сайёҳон меоянд.
Имрӯз, ки об яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад, мехостам чӣ сайёҳон ва чӣ меҳмононе, ки ба деҳаи мо қадам мегузоранд, ба тоза нигоҳ доштани гирду атроф ва оби зулолу мусаффои он эътибори алоҳида диҳанд.
Ҳоло дар чиндин мамлакати ҷаҳон хушкшавии замин ба назар мерасад. Мувофиқи маълумотҳои охир мамлакати мо низ аз ин хатар дур нест. Бар замми ин, аҳолӣ аз ифлосшавии оби ошомиданӣ низ азият мекашад. Барои ин ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мушкилоти об чӣ гуна душвориҳоро пеш меорад ва ҳангоми истифодабарӣ то ҳадди имкон сарфа намояд. Агар дар давоми як дақиқа аз крани носоз 60 қатра об ҷорӣ шавад, дар ним соат то 200 миллилитр, дар як шабонарӯз 12 литр, дар як сол 4680 литр об беҳуда сарф мешудааст. Азбаски ояндаи инсоният, ҳастии ҳайвоноту олами наботот ба об вобаста аст, мо ин бузургнеъмати табиатро қадр намоем, то ки насли оянда низ бо сериву пурӣ, фаровонҳолӣ умр ба сар баранд. Нагузорем, ки ягон нокас ба ифлосшавии об роҳ диҳад, партов ё ягон амали носозеро нисбати он раво бинад.
Зулола Некмуродова,
донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи тоҷикии ДДБ.