ГАНҶИНАИ СУХАН

* Дар он ҷое, ки суханат арзиш надорад, суханатро иваз макун, ҷоятро иваз кун.

* Дар он ҷое, ки суханат арзиш надорад, суханатро иваз макун, ҷоятро иваз кун.
* Мумкин аст одами фосид ислоҳ шуда бошад, аммо шумо эҳтиётро аз даст надиҳед.
* Шӯхӣ ба шарте писандида аст, ки дигаронро бихандонаду касеро наранҷонад.
* Сухане дошта бош дилпазир, ё диле дошта бош суханпазир.
* Омӯхтани суханварӣ аз омӯхтани шамшерзанӣ душвортар аст.
* Одами нодон монанди нақора аст, овозаш баланд, аммо дарунаш холист.
* Ҳама худхоҳии инсон аз худпарастӣ аст. То Худопараст нашавӣ, ба ҷое намерасӣ.
* Агар дар коре муваффақ шавӣ, дӯстони дурӯғин ва душманони воқеӣ хоҳӣ дошт.
* Хонае, ки дар он зани бошараф тарбиятгар бошад, порае аз ҷаннат аст.
* Як дӯст метавонад туро ба Худо наздик ё аз Худо дур кунад. Дар интихоби дӯст диққат кунед.
* Як зани зебо чашмро хушнуд мекунад ва як зани хуб дилро. Нахустин як гавҳар аст ва дувумин як ганҷ.
* Ниёзе нест атрофамон пур аз одам бошад, ҳамон чанд нафаре, ки атрофамон ҳастанд, одам бошанд кифоя.
* Аз пирамарди доное пурсиданд:
– То биҳишт чӣ қадар роҳ аст? 
Гуфт: – Як қадам. 
Гуфтанд: – Чӣ тавр? 
Гуфт: – Як поятро рӯйи нафси шайтонӣ гузоштӣ, пойи дигарат дар биҳишт аст.
* Гӯсфандон тамоми умр аз гург метарсанд ва дар ниҳоят ин чӯпон аст, ки онҳоро мехӯрад.
* Фақире ба сарватманде гуфт:
– Куҷо азми сафар дорӣ? 
Сарватманд гуфт:
– Қадам мезанам, то иштиҳо пайдо кунам. Ту куҷо меравӣ? 
Фақир гуфт:
– Ман иштиҳо дорам, қадам мезанам, то ғизое пайдо кунам.
* Ҳар як чиз зебоии хосе дорад, вале на ҳар кас онро дида метавонад.
* Дурӯғ мисли барф аст, ҳар чӣ қадар онро биғелонӣ, ҳамон андоза бузургтар мешавад.
* Агар касе бихоҳад сирри худро ба шумо биспорад, гурезед, зеро бори сангинро бар дӯши шумо бор карданист.
* Касе, ки бо Худо дӯст нест, дӯстиаш бо ту дурӯғе беш нест. Дӯстӣ бидуни Худо, дӯстии нопойдор аст.
* Чун ҳосили одамин дар ин
 шӯристон,
Ҷуз хӯрдани ғусса нест то кандани 
ҷон.
Хуррам касест, ки аз ҷаҳон зуд 
бирафт.
Осуда касест, ки худ наомад 
ба ҷаҳон.
* Аз душмане натарс, ки ошкоро ба ту ҳамла мекунад. Аз дӯсте битарс, ки туро фиребкорона дар оғӯш мегирад.
* Аз офтобпараст пурсиданд: 
– Чаро шаб гарданатро хам мекунӣ?
Гуфт:
– Ситораҳо ба ман чашмак мезананд, вале ман намехоҳам ба офтоб хиёнат кунам.
* Парвардигоро! Агар боиси озурдагии касе шудам, ба ман қудрати узрхоҳӣ бидеҳ. Ва агар дигарон маро озурданд, ба ман қудрати бахшиш бидеҳ.
* Як ҳарф як зимистони одамро гарм нигаҳ медорад ва гоҳе як ҳарф як умри инсонро сард мекунад.
* Бояд озодиро барои муддате аз даст дод, то битавон барои ҳамеша онро ҳифз кард.
* Агар душман ба по афтад, ба таъзимаш макун бовар, ки хам-хам рафтани сайёд, баҳри қатли мурғон аст.
* Аҳмақ дар кори ҳама дахолат мекунад, ҷуз кори худ.
* Худатро воло мабин. Сабзаеро, ки имрӯз зери по мекунӣ, фардо болои қабрат мерӯяд.
* Мазорбудаҳо аз чизҳое пушаймон ҳастанд, ки зиндаҳо барои он чизҳо якдигарро меранҷонанду нобуд мекунанд.
* Шахсе, ки Худоро дӯст медорад ва итоат мекунад ва ту маҷбур ҳастӣ, ки ӯро дӯстдорӣ кунӣ, зеро хубонро дӯст доштан, Худоро дӯст доштан аст.
* Дар амали хайр исроф нест, ҳамчунон ки дар исроф хайре нест.

Таҳияи Саодат САНГИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: