ГАНҶИНАИ ТИЛЛОИИ ВОДӢ

Поп аз ҷумлаи ноҳияҳоест, ки бо суръати тез саноатӣ кунонда мешавад.

Маҳсулоти дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсолшаванда дар бозори ҷаҳонӣ низ харидоргир аст. Дар асоси барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия корҳое, ки дар соҳаи саноат, хидмати маишӣ, кишоварзӣ ба ҷо оварда мешаванд, дар ҷумҳурӣ низ маъмул аст.
Соли 2021 дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ 600 субъекти соҳибкорӣ таъсис ёфта, шумораи онҳо аз 2,2 ҳазор адад зиёд шуд. Дар амал ин нишондод ба 2858-то расид. Ин худ аз худ афзудани ҷойи кор ва даромади буҷаро таъмин кард. Инчунин, дар асоси имкониятҳо 14 лоиҳаи коркарди канданиҳои фоиданок барои ташкили самараноки зиёда аз 60 кони мавҷудаи сарватҳои зеризаминӣ ба амал бароварда шуд. 
Дар асоси Фармони Президент аз 9 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори саноатии минтақаҳо», Поп дар қатори 24 ноҳияи ҷумҳурӣ ноҳияи ба масолеҳӣ сохтмон махсусгардонидашуда муайян шуд, инчунин ба коркарди санги табиӣ ва истеҳсоли кошинҳои ороишӣ махсус гардонда шуд.
28 апрели соли 2021 қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои рушди комплексии иҷтимоию иқтисодии деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар солҳои 2021-2022»  қабул шуд. 
Тибқи қарор, дар худи деҳаи Чодак ба 257 лойиҳа маблағи арзиши умумиаш 279 млрд. сӯм ҷудо гардида, аз ҳисоби таъмини аҳолӣ бо обӣ ошомиданӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, татбиқи лой-иҳаҳои сармоягузорӣ созмон додани 1088 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуд ва ин корҳо қисман анҷом ёфтанд. 
Солҳои 2022-2026 Барномаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ таҳия шуд. Аз ҳисоби татбиқи 915 лойиҳаи сармоягузории арзиши умумиаш 3,6 трлн. сӯм 12640 ҷойи нави кор ташкил карда мешавад. 
Барои боз ҳам тараққӣ додани инфрасохтори бахши иҷтимоӣ ба 12 лойиҳа 25 млрд. сӯм ҷудо карда шуда, сарфи он барои сохтмони ду муассисаи таълими томактабӣ, мактаби таълими умумӣ, маскани тиббӣ ва азнавсозии марказҳои маданӣ пешбинӣ шудааст.
Ислоҳоти нав ба манфиатҳои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин маврид, соҳибкорон барои рушди тиҷорати худ озодӣ ва имкониятҳои нав пайдо мекунанд. Деҳқон ва фермерҳо, хоҷагиҳои кластерӣ ба соҳиби ҳақиқии ҳосили рӯёндаашон мегарданд. Хоҷагиҳои ба меваю сабзавот махсусгардонидашудаи «Нуран Уз», «Наманган агро логистика», ба моҳипарварӣ ихтисосонидашудаи «Наманган балиқ» ва «Булоқ маринка балиқлари», мурғпарварӣ  – «Актив Чоркесар лайт», харгӯшпарварӣ – «Темурбек Мироншоҳ» ва дар пахтакорӣ ихтисосонидашудаи «Арт софт тех кластер» бо усули кластер фаъолият нишон медиҳанд. 
Аз ҷумла, коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва ташкили боғҳои интенсив, азхудкунии заминҳои бекорхобида, рушди муассисаҳои хидматрасонӣ, ташкили минтақаҳои хурди саноатӣ, бунёди гармхонаҳои замонавӣ, истифодаи самараноки ашёи хоми маъданӣ, сохтмони хонаҳои серошёна, рушди саноати масолеҳи сохтмон, чорводорӣ ва бузпарварӣ, инчунин туризм соҳаҳои пешбарандаи ноҳия мебошад. 
Бо мақсади зиёд гардондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби рушди чорводорӣ ба амал баровардани як қатор лойиҳаҳо пешбинӣ шудааст. Бо дарназардошти мавҷудияти беш аз 113,7 ҳазор гектар чарогоҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳӣ, дар маҳаллаҳои Чоркесар ва Маданият «Кластери бузпарварии Чоркесар» таъсис дода шуд. Аз тарафи кластер 10 ҳазор сар буз ва гӯсфанд оварда,  дар ин маҳалҳо татбиқи лоиҳаҳои чорводорӣ муайян шуда, ба корҳои амалӣ шурӯъ намуданд.
Ба хоҷагии фермерии «Ҷӯрабой Эргашалӣ Мироншоҳ», ки Санҷарбек Эргашев роҳбарӣ мекунад, барои кишти ғалла ва пахта аз майдоне, ки чанд сол боз истифода намешуд ва об надошт, 210 гектар замин ҷудо карда шуд. Фермери пуртаҷриба аз маблағи худ ба масофаи 1800 метр қубур об кашид. Аз замин бомақсад ва самаранок истифода бурда, соли аввал 5-то техника харида бошад, дар 3 соли охир боз 2 техникаи баландсифати ронандагӣ ва навъҳои гуногуни механизмҳои кишоварзиро харид кард. 
Санҷарбек дар бисёрсоҳагӣ зиёд будани ҳикматро дарк намуда, барои рушди соҳаи бузпарварӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва афзун намудани даромади онҳо корҳои муайянро оғоз намуд.  Бузпарварӣ соҳаи сердаромади чорводорӣ мебошад. Ин барои хоҷагии халқ пашми гаронбаҳо, гӯшт, пӯст ва шир медиҳад. Пашми буз бо маҳинӣ ва бобардоштии худ фарқ мекунад. Инчунин шири бузро дӯст дошта истеъмол мекунанд. 
Соҳибкор бо мақсади васеъ кардани хоҷагии худ ба парвариши 164 чорвои калони шохдор, 350 сар чорвои майдаи шохдор, 10 ҳазор парранда ва махсусан 5 ҳазор сар харгӯш шурӯъ намуда, дар майдони 2 гектар гармхона, анборҳои хунуккунии зарфияташ 500 тонна ташкил кард. Фермери саховатпеша ба ивази даромади ҳалоли бадастовардааш манзили истиқоматии 2 сокини маҳаллаи Учбулар ва Бобурро вайрон карда, аз нав сохт. 
Дар соҳаҳои пахтакорӣ ва ғаллакорӣ, ки шохаҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, низоми кластер низ ҷорӣ карда шуд. Бартарии ин дар он аст, ки ба
кишоварзӣ усулҳои нави инноватсионӣ оварда шуданд.
Аз ҷониби корхонаи кластерӣ 388 трактору агрегати замонавӣ харида шуд. Бо ҳамин муносибати хоҷагиҳои фермерӣ ба замин тағйир ёфт, манфиатнокӣ афзуд. Дар натиҷа аз ҳар гектар пахта 40 сентнерӣ ва ғалла 100 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шуд. 
Кишоварзоне, ки дар аввали баҳор бо нияти нек ба замин тухмӣ коштаанд, ҳоло бо ҷамъоварии ҳосил машғуланд. Онҳо дар мавсим ба хирман 40257 тонна ҳисса зам карданианд. Дар ин бобат, дар саҳроҳои хоҷагии фермерии «Чиғаноқ соҳили», «Хӯҷамқулота Маҳкамов», «Яккатут прогресс», «Навбаҳор», «Чӯл марвариди», «Уйғур порлоқ», «Мирсултонова» ва «Поп алмос гавҳари»  ҷамъоварии ҳосил босуръат давом дорад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои чинакчиён, баланд шудани арзиши пули ҳосил, махсусан ҳавасмандгардонии пешқадамон, ба ҳосилнокии меҳнат таъсири мусбат мерасонад.  
Бо ташаббуси Президент дар мамлакатамон сохтори нави ба худ хоси ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд оварда шуд. Ҷорӣ намудани «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» тарзи ҳаёти онҳоро ба таври мусбат тағйир дод. Ин сохтор дар кор кардан бо мардум, ба куллӣ беҳтар намудани тарзи зиндагии онҳо, ба даст овардани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти онҳо бартариҳои зиёде дорад. Ба 624 нафар барои ташкили соҳибкории оилавӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Ба 421 нафар шаҳрванд аз нав касбу ҳунар омӯзонда шуд. Ба 230 нафар дар асоси субсид гармхона, мошинҳои дарз-дӯзӣ ва чорво дода, 71 хонавода таъмир карда шуд. 
Мушкилоти қариб 5 ҳазор нафар ҷавононе, ки ба «Дафтари ҷавонон» шомил шудаанд, ба таври мусбат ҳал карда шуданд. Ба онҳо барои боғдорӣ замин ҷудо карда, дар асоси субсид асбобҳои меҳнатӣ дода, аз рӯи самти дилхоҳашон асрори соҳибкориро омӯзонда, қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Аз ҷумла, беш аз якуним ҳазор мушкили 2258 нафар занони ба «Дафтари бонувон» шомилшуда ҳал карда шуд ва ин раванд идома дорад.
Дар 77 маҳаллаи мавҷуда дар асоси барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» корҳои сохтмон ва ободонии арзиши умумиаш 181,3 млрд. сӯм амалӣ карда мешавад.  
Барои таъмири манзил бо тартиби нав ба миқдори 7 344,0 млн., барои таҳким ва таъмири пойгоҳи моддию техникии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар 19 объект ба арзиши умумии 21,5 млрд. сӯм корҳои сохтмон анҷом дода шуданд. 
Бо мақсади дар давоми панҷ сол бо манзили хушсифати арзони дорои тамоми шароит таъмин намудани аҳолии эҳтиёҷманд, 12 бинои серошёнаи 228 ҳуҷрадор сохта шуд. 73 нафар шаҳрвандони камбизоат ва осебпазир аз ҳисоби субсид соҳиби манзили арзон гардиданд.  
Дар ноҳия барои хушнудии мардум ва фароҳам овардани зиндагии осудаҳолона тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.    
                 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: