Вақте хабари аз олам гузаштани муаллим – Мавлуда Боймуродоваро шунидам, беихтиёр роҳи тайкардаи зиндагии ин зани боиродаро пеши назар омад...
Агар хато накунам, яке аз рӯзҳои соли 1980 буд. Муҳассилини ДДОС будам. Рӯзе апаи Мавлуда ҳамроҳи апаи Қумринисо Мансурова, ки дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд мехонд, ба хобгоҳ омаданд. Аз посбон рухсат пурсида ҳар дуро ба дарун таклиф кардам ва ҳамон шаб онҳо дар хобгоҳ меҳмони ман буданд.
– Донишгоҳро хатм намуда, аз Душанбе бармегардам, – гуфт бо хушҳолӣ апаи Мавлуда. – Дер боз мехостам аз шаҳри қадима ва зебои Самарқанд дидан кунам. Мана орзуям ҷомаи амал пӯшид.
Рӯзи дигар ба тамошои шаҳр баромадем. Зиёратгоҳҳо ва дигар ҷойҳои дидании Самарқандро давр задем. Дар тан куртаю пойҷомаи атлас , бар сар рӯймоли гулдор дошт. Ба мӯйҳои сиёҳи дарозаш, ки дуто бофта буд, ҳавас карда будам. Суҳбати самимӣ дошт муаллим...
Мавлуда 4 январи соли 1958 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби зодгоҳ ба факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе дохил шуд. Падари омӯзгораш Боймурод Йӯлдошев ва модари китобдӯсту фарҳангдӯсташ аммаи Муаззам ба духтари ташнаи илмашон, ки роҳи дури Душанберо ихтиёр карда буд, монеа нашуданд, ӯро дастгирӣ карданд.
– Бародараш Аслимурод ҳам донишҷӯ. Дар як вақт ҳар дуро чӣ хел мехононем? Бо як маоши омӯзгорӣ магар азият намекашед, мардак? Бар замми ин, роҳи дур, духтарбача.., – гуфта буд аммаи Муаззам бо дилсӯзӣ.
– Худо худаш мададгор, ба мушкилиҳо тоб оварда хонанд, рӯзе роҳаташро мебинанд, – гуфт бо қатъият муаллими Боймурод.
Орзуву ниятҳои падару модар ҷомаи амал пӯшиданд. Оилаи онҳоро сулолаи омӯзгорон гӯем, хато намекунем. Аслимурод, Мавлуда, Мавҷуда касби падарро интихоб намуда, сарбаландона идома доданд.
Мавлуда Боймуродова то синни нафақа дар мактаби рақами 43-юми деҳа ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти рус дарс дод. Он рӯзгор дар мактаб мутахассиси забони русӣ камӣ мекард. Мавлуда муаллимзани нахустини забони русӣ буд. Сахтгир буд ӯ. Ба осонӣ баҳои хуб намегузошт, аз хонанда дониши пухта талаб мекард.
Мавлуда бо шифокори деҳа Тоҷимурод оила барпо намуданд. Соҳиби шаш фарзанд шуданд. Онҳоро дар шароити деҳа чун инсонҳои меҳнаткаш, китобхон ва бомеҳру баоқибат ба воя расонданд. Апаи Мавлуда баробари корҳои рӯзгор, парвариши гову гӯсола, бузу бузғола, нонпазию хӯрокпазӣ ва тарбияи фарзандон, шабҳо ба дарс омодагӣ мегирифт, китоб варақ мезад, субҳи содиқ ба мактаб мешитофт...
Оре, модар ягона мавҷудотест, ки инсонро меофарад ва ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад. Аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеч гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин рӯ, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд аст, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Бузургони адабу фарҳанг гуфтаанд, ки «Як модари хуб ба ҷойи сад устоду омӯзгор аст». Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, дар пешбурди ҷомеа низ саҳм мегузорад.
Мавлуда Боймуродова чун модар, муаллим ва бонуи фаъоли гузар ба занону духтарон, модарони оянда маслиҳатҳои муфид медод, дар камхарҷ гузарондани тӯю маъракаҳои деҳа саҳмгузор буд.
Ин зани серғайрату меҳнаткаш, оилапарвар, муаллими садҳо шогирдон, дар айни гашти пирӣ, дар даме, ки мебоист роҳати меҳнатҳои худро бубинад ва дар иҳотаи фарзандон хубу бофароғат умр гузаронад, ба дард гирифтор шуд. Кӯҳу дара, боғу чорбоғ, кӯчаҳои деҳаи азизашро тарк кард.
Баъди чанд рӯзи марги модар бузургдухтари ӯ Маҳина дар ҷустуҷӯйи чизе вақте сандуқи модарашро кушод чашмаш ба куртаи гулдори ӯ афтид. Чашмонаш ба сӯзиш даромаданд, гиря гулӯгираш кард. Оҳиста нишаст, куртаи гулдори очаашро рӯйи даст гирифт, бӯй кашид... Оҳ, бӯйи модар, бӯе, ки дигар як умр онро намеёбад...
– Модарам ба мо – духтарон гӯшрас мекарданд, ки вақтро беҳуда нагузаронем. Ҳангоми гаҳвора ҷунбондан ҳам китоб хонем, ки хеле муфид аст. Ҳар як сухани падару модар ба мо раҳнамо буд. Ҳаракат мекардем, ки ба бовариашон сазовор шавем, ягон суханашонро ба замин намегузоштем ва бар ивази ин, акнун фикр кунам, ҳар як ҳарфи онҳо сабақи зиндагӣ будааст, – мегӯяд Маҳина.
Аҷал гулчин аст, беҳтарину хубтаринҳоро мебарад. Ва Мавлуда аз ҷумлаи ҳамин хубтарину беҳтарину меҳнатқаринҳо буд. Ӯ дар дили фарзандон, 19 нафар набера ширину дилсӯз ва пайвандон ҳамеша зиндааст:
Ту рафтӣ, тарк кардӣ модар ин дунёи фониро,
Бароям тира кардӣ зиндагиву зиндагониро.
Ҳамеша шодмон будам, ки чун ту модаре дорам,
Куҷо дигар тавонам дид рӯйи шодмониро.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».