ГАР ПАДАР АЗ ҲАЁТ БАҲРА ДИҲАД...

Аз қадимулайём ба устоду мураббӣ эҳтиром нишон дода, қадру мавқеи ӯро боло бардоштаанд.

Дар оилаи омӯзгор ба воя расидам. Хурду калони деҳа падарамро устод, муаллим мегуфтанд. Дар тӯю маърака ва дигар маросимҳои деҳ ҷойи ӯ дар боло буд. Ҳама даст пеш гирифта “устод аз боло гузаред” мегуфт. Мо – фарзандон бо падарам фахр мекардем. 
Камолиддини Биноӣ фармудааст:
Ҳаққи устод аз падар 
беш аст,
В-аз падар устод дар 
пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт 
баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра 
диҳад...
Дар чаҳорчӯбаи иҷрои Барномаи давлатии “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол”  дар гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои маънавиву маърифатии “Гиромидошти куҳансолон, эҳтиром нишон додан ба онҳо – фазилати инсонпарваронаи мардуми мо” баргузор мегарданд. 
Дар толори маросимҳои “Оқсарой”-и пойтахт бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистон таҳти мавзӯи “Кишваре, ки устодонаш қадри баланд доранд” чорабинии ботантана баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ устод-журналистони фахрӣ, ки дар соҳаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио солҳои тӯлонӣ фаъолият бурдаанд, инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълими олии соҳаи журналистика ва фидоиёни соҳа иштирок намуданд. 
Раиси иттиҳод О. Ӯсаров иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар мамлакатамон бо роҳбарии Президент ба гиромидошти инсон, эҳтироми куҳансолон, ҳам моддиву ҳам маънавӣ рағбатнок кунонидани онҳо, давом додани анъанаи “устоду шогирд” эътибори алоҳида дода мешавад. 
– Вақте маро бо воситаи телефон ба ин чорабинӣ даъват намуданд, рости гап, сарам ба осмон расид. Қариб 40 сол дар соҳаи матбуот ва журналистика фаъолият бурдам. То нафақа дар рӯзномаи “Хабар” ба ҳайси хабарнигор кор кардам. Ба ҳукумати кишвар барои чунин эътибор, қадр намудани меҳнати мо — собиқадорон миннатдорӣ баён менамоям, – мегӯяд иштирокдори чорабинӣ Муборак Миркамолова.
– Оре, чунин тантанаҳо ба диёре, ки дар он сулҳу осоиш ҳукмрон аст, мардуми меҳнаткашаш фаровон зиндагӣ мекунад, мезебад. Тамоми фаъолияти меҳнатиамро ба соҳаи матбуот бахшидам. Шогирдони зиёдеро маҳорати касб омӯхтам, ки ҳоло дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвари офтобиамон саҳми худро мегузоранд. Ҳар як касбу кор устоди худро дорад. Мана, дар ин гирдиҳамоӣ бо ҳамкасбони собиқ дидорбинӣ намудем, суҳбат оростем,– гуфт ҳамкори собиқи мо, Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Маъруф Отахонзода.
Дар поёни чорабинӣ ба устод-журналистони собиқадор туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Як гурӯҳ  журналистони ҷавон ба аъзогии Иттиҳоди журналистон  пазируфта шуданд. Суруду таронаҳои ҳунарпешагони номӣ ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: